18 ноябри соли 2021 Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи дидгоҳи стратегии «Россия - Ҷаҳони ислом» ва Намоишгоҳи рассомии “MustART” дар Маркази фарҳангии Вазорати корҳои хориҷии Россия намоишгоҳи мусаввараҳои рассоми Тоҷикистону Россия Азам Атахановро зери унвони “Россия — Шарқ. Пайванди пурарзиш” баргузор кард.

Ба намоишгоҳ намояндагони доираҳои эҷодию аҳли ҳунар, вазорату идораҳои Россия, сафоратҳои муқими кишвари иқомат, инчунин хабарнигорони ВАО ташриф оварданд.

Намоишгоҳро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода бо суханронии ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия нақши муассир дошта, чун анъана дар асоси арзишҳои эҳтиром ба ҳувияти мардуми ду кишвар ва ҳамкории зич дар ҳифзи анъанаҳо ва тамаддуни фарҳангӣ густариш меёбад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо ходимони фарҳанги худ, ки бо дастовардҳояшон миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, асолат, забон ва арзишҳои таърихии онро эҳё мекунанд, ифтихор дорад. Яке аз намунаҳои барҷаста, ин эҷоди А.Атаханов мебошад. “Асарҳои А. Атаханов бозгӯи таърихи қадима, анъана ва фарҳанги Шарқ ба шумор мераванд, ки хотираҳои ҷолиберо аз гузашта ба ёд меоранд”, - афзуд Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон.

17 ноябри соли 2021 дар шаҳри Москва ҷаласаи нуҳуми солонаи котибони шуроҳои амнияти кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иштирок кард.

Иштирокдорони ҷаласа маҷмӯи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар бахшҳои мудофиа ва амният, муҳоҷират, инчунин мушкилоти марбут ба рушди биотехнологияро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо нақшаҳои ҳамкорӣ дар самти вокуниши башардӯстона, инчунин муқовимат ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо ҳадафҳои ҷиноятиро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Зимнан, роҷеъ ба вазъи кунунии Афғонистон ва эҳтимоли таҳдиди он ба амнияти минтақа изҳори назар шуд.

Аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар доираи ИДМ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли ҳарчӣ зудтари қазияи дохили Афғонистон таъкид карда гардид.

18 ноябри  соли 2021 дар натиҷаи ҳамкории самараноки Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово боздошт гардида буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт, озод гардид.

16 ноябри соли 2021 дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия чорабинии сиёсӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикӣ нақши таърихию тақдирсоз ва саҳми муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ таъкид кард.
Дар зимн роҷеъ ба сиёсати хирадмандона ва ҳусни ҳамҷаворӣ, инчунин муваффақиятҳои Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ва башардӯстона дар арсаи байналмилалӣ, ки аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат маҳсуб меёбанд, сӯҳбат ороста шуд.

11 ноябри соли 2021 мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Денис Мантуров баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.
Мусоҳибон бо тазаккур аз афзоиши суръати гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Россия, аҳамияти асноди муштарак - Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва Нақшаи шарокат оид ба ҳамкорӣ дар бахши саноат миёни вазоратҳои ду кишварро барои солҳои 2021 – 2024 қайд карданд.
Ш.Кабир ва Д.Мантуров омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мухталиф, бахусус бахши саноати сабук изҳор намуданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 ноябри 2021 дар шаҳри Москва доир шуд, иштирок намуд.
Вазирон маҷмӯи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мудофиа ва бехатарӣ баррасӣ карданд.
Роҳбарони вазоратҳои мудофиа фаъолияти муштараки системаи дифои ҳавоии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соли 2022 тасдиқ намуда, ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки медали «Барои саҳм дар таҳкими сулҳ» таъсис дода шавад.
Илова бар ин, ҷонибҳо нақшаи кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро барои соли 2022 муайян намуда, якчанд қарор қабул карданд.

9 ноябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунии Афғонистон ва эҳтимоли таҳдиди он ба амнияти минтақа изҳори назар карданд.

Аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати мусоидат дар ҳалли ҳарчӣ зудтари қазияи дохили Афғонистон таъкид карда шуд.

Дар ин росто, миёни ҳамсуҳбатон перомуни роҳҳои минбаъдаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла зарурати мусоидат дар барқарорсозии иқтисоди он кишвар табодули афкор сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон бо тазаккур аз имкониятҳои нақлиётӣ ва логистикии кишвар, омодагии ҷумҳуриро ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон изҳор дошт.

Мусоҳибон ҳавасмандии худро барои мусоидат дар ҳамкории фаъоли Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми муштарак иброз намуданд.

8 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар масири сафари худ ба Париж ҷиҳати иштирок дар Иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, (9-24 ноябри соли ҷорӣ) бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия мулоқот анҷом дод.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суҳбат дипломатҳоро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти қабули онро ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард. Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.
Дар зимн, С. Муҳриддин нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, инчунин волоият ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон махсусан таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ бо тазаккур аз хидматҳои арзандаи ходимони сиёсии давлат, ҳамчунин мукофоти давлатии “30 солагии Истиқлолият”-ро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сарфароз гардонида шуда буд, ба ӯ тақдим кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо арзи эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамояд.
Барои мо мояи ифтихор аст, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш дар хонадони Шумо саодатмандӣ ва барои Тоҷикистони азиз сулҳу осоиши пойдор, идомаи пешрафтҳо ва пирӯзиҳоро орзӯ намоем!


Муҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
Иштирокчиёни муҳтарам,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони ҷаҳонии метеорологӣ барои ташкили вохӯрии имрӯза изҳори сипос намоям.

Тавре ки маълум аст, об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро  тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад.

Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.

Дар вохӯрии аввали Панели сатҳи баланд вобаста ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои олам мисолҳо оварда будам.

Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, қаблан мо пешниҳод кардем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххаси  “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шавад. Ман пештар ҳамчунин ҷиҳати зарурати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  ибрози назар карда будам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун ба таври фаъол пеш мебарад ва мо умед дорем, ки онҳо аз ҷониби Эътилофи обу иқлим низ пуштибонӣ хоҳанд ёфт.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар соли 2018, мо ҳама якҷо ҷиҳати пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Конфронси байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” заминаи устувору васеъ гузошта будем.  

Дар доираи он чорабинӣ иштирокчиён паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба обро дар роҳи дастрасӣ ба рушди устувор фаъолона баррасӣ намуданд.

Мо ният дорем, ки соли оянда дар доираи Раванди оби Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба даҳсолаи об баргузор намоем.

Ин навбат низ масъалаҳои мубрами вобастагии захираҳои об ва иқлим мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Конфронси Душанбе занҷираи марказии раванди омодагӣ ба  Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об дар соли 2023 хоҳад гардид, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доранд.

Тоҷикистон саъй хоҳад кард, ки ҳамбастагии об ва иқлим дар рӯзномаи Конфронси зикршудаи Созмони Милали Муттаҳид низ ҳамаҷониба инъикос ёбад.

Иштирокчиёни муҳтарам,

Даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо тағйири назарраси даврҳои иқлим беш аз пеш ба мушоҳида мерасад.

Зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд.

Вобаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба нерӯи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, даври гидрологӣ низ  тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад.

Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ ва  танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд.   

Чунончи, тобистони соли гузашта Тоҷикистон маҷбур шуд, ки содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ намояд.

Ҳамзамон бо ин, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ ба камбуди об дучор гардиданд.  

Зимистони бармаҳал, сард ва тӯлонии соли равон моро бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ сохт.

Бар замми ин, соли ҷорӣ хушксолии шадид дар баъзе кишварҳои минтақа боиси талаф ёфтани зироатҳои кишоварзӣ ва саршумори зиёди чорво гардид.   

Маҳз ба ҳамин сабаб, мо дар доираи раисии худ дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим афзалияти хосса медиҳем.

Дар ин зимн, мо ният дорем талошҳои худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти бештар ва андешидани чораҳои таъхирнопазир дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он идома диҳем.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Мо итминон дорем, ки дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди “сабз” ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Мо бори дигар ҷонибдории худро аз ин раванд изҳор намуда, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ хоҳем дод, ки мавқеъгирии ҳамгироёна дар роҳи ҳалли масъалаҳои об ва иқлим ҷойи намоён дошта бошад.  

Бовар дорам, ки фаъолияти Панели сатҳи баланди мо дар ин раванд  ҷиҳати боз ҳам муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус пешвоёни сиёсӣ, барои роҳандозии иқдомоти боз ҳам фаъолтар ва андешидани чораҳои заруриву муносиб саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Дар ин ҷода ба ҳамаи иштирокчиён муваффақияту барори кор хоҳонам!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи минтақавии тиҷоратию иқтисодӣ миёни доираҳои корӣ аз 27 то 29 октябр намояндагони тиҷоратии 8 корхонаи вилояти Челябински Россия дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Дар ин бора Агентии иттилоотии “Ховар” бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ташкилкунандагони ин иқдом Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази дастгирии содироти Агентии байналмилалии ҳамкории вилояти Челябинск ба шумор мераванд.
Дар Душанбе гуфтушунидҳои дуҷониба миёни соҳибкорони ду кишвар, ки дар он беш аз 50 ширкати тоҷикистонӣ ширкат варзиданд, сурат гирифтанд.
Вилояти Челябинскро ширкатҳое намояндагӣ карданд, ки ба истеҳсоли низомҳои идоракунии технологӣ, кранҳои доиравӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва техникаҳои кишоварзӣ машғуланд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ бо иштироки ҳайат беш аз 16 мулоқоти сафарӣ  ташкил карда шуд. Ширкатҳои вилояти Челябинск бевосита дар худи корхонаҳо бо соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуда,  бо фаъолияти корхонаҳо аз наздик шинос гардиданд. Дар ҷараёни ин сафарҳо меҳмонон масъалаи таъсиси ширкатҳои ҳамкор бо Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

29 октябри 2021 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавров баргузор гардид.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандиро барои тавсеаи баъдии ҳамкориҳо ва муносибатҳои шарикии стратегӣ байни кишварҳо иброз доштанд.

28 октябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Россия Козим Ҷалолӣ мулоқот кард.
Дар он дидор роҷеъ ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, ба вежа такони муассири он дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва гуногунҷанбаи ду кишвар табодули афкор сурат гирифт. Сафирон ҳамчунин, натиҷаи судманди муколамаи созандаи сарони давлатҳои СҲШ дар Душанберо таъкид намуданд.
Масоили марбут ба дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду савдо, энергетикаю саноат ва гуманитарӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ, аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд. Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатро ба масъалаҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҷалб намуд.
Зимнан, бо назардошти имконот ва зарфиятҳои мавҷуда, зарурати роҳандозии иқдомҳо ҷиҳати истифодаи муштарак аз долонҳои нақлиётию транзитӣ ва бандарҳои Эрон қайд гардид.
Дар рафти суҳбат перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак низ, ибрози назар карда шуд.
Ҷонибҳо бо таъкид ба пайвастагии мардумони ду кишвар аз лиҳози арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Эрон иброз намуданд.

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.

Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд.

Вобаста ба ин, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъйини санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” бори дигар таъкид намоям.

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем, борҳо даъват ба амал овардааст.

Боиси хушнудист, ки ба наздикӣ Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва абзори “Созмони Милали Муттаҳид – Об” бо дастгирии фаъоли як қатор кишварҳои шарик ташаббуси наверо пешниҳод намуд, ки мавқеъгирии ҳамгирошударо дар муқовимат бо тағйирёбии иқлим, маҳдудшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва бад шудани сифати он пешбинӣ менамояд.

Тоҷикистон ба мақсади пурра гузаштан ба Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об бо таъкиди хос ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ минбаъд низ саъю талош хоҳад кард.

Дар ин зимн Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва ба сифати раисикунанда дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бори дигар таъкид менамояд, ки дар доираи ин ва дигар чорчӯбаҳои муҳимми байналмилалӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар баробари ин, мехоҳам зикр намоям, ки саҳми кишвари мо дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, зеро ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад.

Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад.

Кам кардани ҳаҷми партовҳо ба фазо асосан аз ҳисоби идома додани истифодаи манбаъҳои бузурги энергияи таҷдидшаванда, бахусус гидроэнергетика ва энергияи офтоб муяссар хоҳад шуд.

Истифодаи ҳамгироёнаи ин ду навъи нерӯ метавонад на танҳо ба афзоиши истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаи таҷдидшаванда, балки ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар низ мусоидат намояд.

Бо дарназардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи “сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи энергияи “сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Ба қадри бунёди иншооти нави гидроэенргетикӣ, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт, кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд.

Инчунин мехостам саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи барномаҳои барқарорсозии ҷангалҳо ва васеъ кардани майдони ҷангалпарварӣ таъкид намоям.

Тибқи Созишномаи Париж, чанде пеш Тоҷикистон ба Котиботи Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид намунаи нави Саҳми муайянкунандаи партовҳои газҳои гулхонаиро дар сатҳи миллӣ омода ва пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми сухан мехостам зикр намоям, ки расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бе захираҳои зарурӣ, яъне сармоя, илм ва технологияҳо метавонад солҳои зиёд тӯл кашад.

Аз ин рӯ, барои бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода чун ҳарвақта масъалаи ниҳоят мубрам боқӣ хоҳад монд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

22 октябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Федератсияи Россия Пер Леви мулоқот кард.
Дар мулоқот ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Фаронсаро дар бахшҳои гуногуни иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин миёни ҷонибҳо перомуни масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, электроника, рушди кишоварзӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. Таъкид гардид, ки ҳарду кишвар барои зиёд кардани ҳаҷми гардиши мол ва ҷалби сармоя имкониятҳои зиёд доранд.
Дар вохӯрӣ ҳавасмандии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат ва инфрасохтор баён гардид.
Тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ изҳори назар карданд.
Сафирони Тоҷикистон ва Фаронса омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои босамар миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз доштанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон