Торнамои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, ба кори худ оғоз бахшид - www.dushanbewaterprocess.org

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон баргузор карда шуда, он ҳамчун занҷираи марказии раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк хоҳад буд, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доранд.

10.01.2022, шаҳри Душанбе
Имрӯз пас аз ба анҷом расидани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат вазъияти имрӯзаро дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда, атрофи рушди вазъият дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вобаста ба масъалаҳои мазкур ҷонибҳо ҷиҳати идомаи тамосҳо дар сатҳои мухталиф ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи амният таъкид карданд.
http://president.tj/node/27499

29 декабри соли 2021 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо мақсади аёдат аз Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва нигоҳубини ноболиғони “Алтуфево”-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.
Зимни он боздид, кормандони Сафорат бо вазъи нигоҳубини тарбиятгирандагон шинос гардида, ба кӯдакони ятими муассиса тӯҳфаҳои идона, маводи ғизоӣ ва либосҳо тақдим карда шуд.
Бино ба иттилои роҳбарияти Маркази номбурда, дар муассисаи мазкур зиёда аз 62 нафар кӯдакони ятим, ки дар байнашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳастанд, ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки тамоми шароити моддиву маишӣ ва фароғативу тавонбахшӣ ба тарбиятгирандагони ин муассиса фароҳам оварда шудааст. Шароити мавҷуда имкон медиҳад, ки кӯдакону ятимон бепарасториву танҳоиро эҳсос накунанд.
Роҳбарияти Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва нигоҳубини ноболиғони “Алтуфево”-и шаҳри Москва аз иқдоми пешгирифтаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷиҳати дастгирии чунин муассисаҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

3 январи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо ҳамдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуданд.

Зимни суҳбат баррасии баъзе масъалаҳои дар ҳошияи тавофуқоти 27 декабри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербург дар сатҳи олӣ бадастомада идома ёфт.

Мусоҳибон азми худро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо мундариҷаи босифат ва иловагӣ тасдиқ намуданд.

Бо таманнои сиҳатмандию хушбахтиҳои бардавом ва саодати поянда дар хонадонатон, Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли нави 2022 самимона табрику таҳният мегӯем.
Бигузор соли 2022 барои Ватани азизамон идомаи марҳилаҳои шукуфоӣ, таъмини суботу осоиш ва муваффақиятҳои пай дар пай гардад!
Бо беҳтарин таманниёт ва эҳтиром,
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.

7 декабри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Академияи илмҳои Россия, академик Александр Сергеев мулоқот кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо робитаҳо миёни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Россияро мусбат арзёбӣ карда, масъалаҳои минбаъдаи раванди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои пайгирии ҳолати пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, инчунин рушди илми кишоварзӣ ва дорусозӣ муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи минбаъдаи барнома ва тарҳҳои муштарак дар доираи ҳамкориҳои илмӣ миёни Тоҷикистону Россия, иброз доштанд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон.

2 декабри соли 2021 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар иҷлосияи Ҳамоиши дуюми Авруосиё: “Маҷмааи гидроэнергетикии самарабахш – асоси пешрафти кишварҳои Осиёи Марказӣ” ширкат варзид.
Бо таъкид ба дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, энергетика ва вориди технологияҳои нав дар бахшҳои калидии иқтисодиёт, Вазири саноати Тоҷикистон роҷеъ ба таҷрибаи мусбати кишвар дар рушди “энержии сабз”, ки беш аз 4% захираҳои ҷаҳонии энержии барқароршавандаро кишвар дорост, суҳбат кард.
Қайд гардид, ки имрӯз Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати беҳбуди вазъи экологӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар фазои ИДМ аҳамияти махсус зоҳир намуда, инчунин бо назардошти омилҳои тағйирёбии иқлим 98%-и нерӯи барқро дар асоси неругоҳи барқии обӣ истеҳсол менамояд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз ҷихати истеҳсол ва истифодаи энержии «сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Ш.Кабир ҳамчунин ба иштирокдорони иҷлосия дар бораи афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, қайд намуд, ки сарфи назар аз паёмадҳои пандемия, дар 9 моҳи соли 2021 афзоиши ММД дар кишвар тақрибан 9%-ро ташкил дод.
Дар ҷаласа Муовини Директори генералӣ оид ба лоиҳаҳои фаннӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ҶСП «РусГидро» Сергей Мачехин ширкат варзида, қайд намуд ки кишвархое ки аксари қаламравашро куҳҳо ташкил медиҳанд мушкилоти бухори газҳоро надорад, балки баръакс онҳо воситаи коҳиши гази карбон мебошанд
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

2 декабри соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расониданд. Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

1 декабри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин эътимодномаи худро супорид.
Зимни он маросим Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин расонид.
В.Путин бо тазаккур аз 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Россия дар соли оянда, муносибатҳои ду давлатро дар сатҳи дӯстии самимона ва иттифоқии боэътимод арзёбӣ кард. Дар зимн раёсати бомуваффақонаи Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин ҳамкориҳои фаъоли Тоҷикистону Россия дар доираи ИДМ ба вежа қайд гардид.
Дар пасманзари вазъияти мураккаби Афғонистон, Президенти Россия аҳамиятнокии ҳамкориҳои ду давлатро дар таъмини амнияти минтақавӣ таъкид кард.
Владимир Путин ба Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар фаъолияти минбаъдааш ба сифати роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия муваффақиятҳо орзӯ намуд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар доираи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳамасола бо татбиқи барномаву стратегияҳои дуҷониба ҳамкории тарафҳо дар бахшҳои муҳим тавсеа меёбад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисоди рақамӣ, бонкдорӣ ва ҷалби сармоя, гумрук ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.

24 ноябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш дар Федератсияи Россия Камрул Аҳсан баргузор гардид.

Дар мулоқот мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, аз ҷумла интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Бангладешро баррасӣ карданд.

Миёни ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафирони Тоҷикистон ва Бангладеш омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд миёни намояндагиҳои дипломатии ҳарду давлат дар Москва иброз намуданд.

[widgetkit id=470]

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бигзор дар Тоҷикистони азиз ҳамеша амну осоиш ва шукуфоӣ пойдор ва дар хонадони ҳар як ҳамватан саодатмандию беҳтарин рӯзгор таъмин бошад!
Партавфишонии парчами миллат - ифтихори мост!
Бо эҳтиром, Сафорати Тоҷикистон дар Россия.

Тибқи Қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон ҷиҳати ворид гардидан ба ҷумҳурӣ, низоми якҷонибаи бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад.
Муҳлати иқомати ин гуна шахсон дар қаламрави Тоҷикистон мувофиқи Қарори мазкур 30 рӯз муқаррар шудааст.

Рӯйхати кишварҳоро метавонед ин ҷо пайдо кунед.
1. Австралия
2. Объединенные Арабские Эмираты
3. Великое Герцогство Люксембург
4. Государство Бруней-Доруссалам
5. Государство Кувейт
6. Государство Катар
7. Новая Зеландия
8. Соединенные Штаты Америки
9. Исландия
10. Канада
11. Швейцарская Конфедерация
12. Малайзия
13. Венгрия
14. Австрийская Республика
15. Аргентинская Республика
16. Федеративная Республика Германия
17. Доминиканская Республика
18. Республика Индонезия
19. Итальянская Республика
20. Республика Корея
21. Республика Куба
22. Латвийская Республика
23. Литовская Республика
24. Мальдивская Республика
25. Республика Польша
26. Португальская Республика
27. Республика Сингапур
28. Турецкая Республика
29. Республика Филиппины
30. Республика Финляндия
31. Французская Республика
32. Республика Хорватия
33. Чешская Республика
34. Республика Чили
35. Демократическая Социалистическая Республика Шри-Ланка
36. Республика Эквадор
37. Эстонская Республика
38. Греческая Республика
39. Княжество Лихтенштейн
40. Княжество Монако
41. Королевство Саудовская Аравия
42. Королевство Бахрейн
43. Королевство Бельгия.
44. Королевство Дания
45. Королевство Испания
46. Королевство Нидерландов
47. Королевство Норвегия
48. Королевство Таиланд
49. Иорданское Хашимитское Королевство
50. Королевство Швеция
51. Ямайка
52. Япония

Ҳамчунин тибқи Қарори дигари Ҳукумати Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бо тартиби соддашуда ҳуқуқи гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, 14 давлати дигар илова карда шуд.

Рӯйхати кишварҳоро метавонед ин ҷо пайдо кунед.
1.Королевство Камбоджа
2.Королевство Бутан
3.Республика Гандурас
4.Республика Кабо-Верде
5.Республика Никарагуа
6.Республика Гана
7.Республика Камерун
8.Республика Бенин
9.Объединенная Республика Танзания
10.Республика Кения
11.Лаосская Народно-Демократическая Республика
12.Республика Конго
13.Народная Республика Бангладеш
14.Буркина Фасо.

22 ноябри 2021 дар Душанбе 17-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷонибҳо идомаи ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро бо дарназардошти паёмадҳои COVID-19 ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, миҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ батафсил матраҳ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Талошҳои судманди муштараки тарафҳо дар ин арса, бахусус дар амри ҳифзи сарҳади кишварҳои минтақа бо Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Гуфтугӯи созанда инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Москва музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Россия роҷеъ ба масоили обу энергетика бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири энергетикаи Федератсияи Россия Николай Шулгинов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи тавлидоти нерӯи барқ баррасӣ карданд, аз ҷумла роҷеъ ба фаъолияти НБО Сангтуда-1 табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Россия масъалаҳои таъмини шароити мусоид барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ва интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ аз Федератсияи Россия ба қаламраи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои доду гирифти маводи сӯзишворӣ ва энергетика изҳор карданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон