21 феврали соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косачев ва Николай Журавлёв баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, қайд карданд. Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду савдо, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Мусоҳибон масоили омодагӣ ва баргузории сафари расмии дарпешистодаи Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро ба Душанбе, ки рӯзҳои 24-25 феврали соли ҷорӣ дар назар аст, баррасӣ намуданд. Изҳори боварӣ шуд, ки ин сафар ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар дар тамоми самтҳои муҳими ҳамкорӣ такони нав хоҳад бахшид.

Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги фоҷеавии ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар ноҳияи Всеволжскийи вилояти Ленингради Федератсияи Россия ба қатл расонида шудааст, хабардор буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.

Дар робита ба ин фоҷиа, кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург фавран бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар тамос шуда, хоҳиш намуданд, ки аз рафти тафтишоти ҳодиса Консулгарии генералӣ дар ҷараён гузошта шавад.

Ҳамзамон Консулгарии генералӣ омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба хонаводаи ҷавони фавтида изҳор намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳодисаи нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ ва назорати Сафорат ва Консулгарии генералӣ қарор дошта, барои гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад.

16 феврали соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар ш.Москва Назих Элнаггари баргузор шуд.

Зимни суҳбат дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва рушди ҳамкорҳо дар соҳаи дипломатияи об муҳокима шуд.

Дар идомаи сӯҳбат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ роҷеъ ба мавзӯҳои муҳими рӯзномаи минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак ибрози ақида намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун изҳор доштанд.

15 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук ҷаласаи кории комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, энергетика, муҳоҷират, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ миёни Тоҷикистону Россия густариш ёфта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳарду ҷониб чораҳои таъхирнопазир андешида шуданд.

Дар доираи сиёсати муваффақу бобарори сарони ҳарду давлати бо ҳам дӯст ва заминаи ҳуқуқии шартномаву созишномаҳои мавҷуда татбиқи нақшаву стратегияҳо ба хотири боз ҳам рушд бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарур шуморида шуд.

15 феврали соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Россия Д. Гулмаҳмадзода дар ҷаласаи Комиссия вобаста ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ба ҳайси Намояндаи ваколатдори кишвар дар сохтори мазкур иштирок намуд.

Аъзои Комиссия масъалаҳои муҳимро дар самти мусоидат ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои иктисодӣ дар фазои ИДМ баррасӣ намуда, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия 23 марти соли 2022 дар назар аст.

No images found.

9 феврали 2022 дар Москва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар конфронси “Амнияти дастаҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои СААД”, ки аз ҷониби Клуби байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” танзим гардид, иштирок намуд.
Зимни суханронӣ С. Имомӣ қайд намуд, ки таҳлили раванди вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД таъсири номусоидро, ки ба раванди кунунии низоми амнияти дастаҷамъӣ расонида мешавад, тасдиқ менамояд.
Таъкид гардид, ки таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастаҷамъии СААД дар дурнамои дарозмуддат бо вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайвандии чудонашаванда дорад. Дар ин замина С. Имомӣ зарурати мубориза бо ташкилотҳои террористие, ки дар Афғонистон мустақар мебошанд қайд намуда, роҷеъ ба пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни иҷлоси ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ СААД 10 январи соли 2022 зикр шуда будаанд, ёдовар шуд.

1. Шумо аз бозиҳои дар пешистодаи Олимпӣ чи интизориҳо доред ва оё, ба андешаи Шумо, ин чорабинии варзишӣ бомуваффақият анҷом хоҳад ёфт?
Бозиҳои Олимпии зимистона дар Пекин, бешубҳа, на танҳо яке аз рӯйдодҳои калонмиқёсу беназири чор соли охир, балки падидаи таъсирбахши варзишии зимистона хоҳанд буд, ки таваҷҷуҳи тамоми қитъаҳои оламро ба намудҳои ин варзиш ҷалб менамоянд. Хоссатан, аз он ҷиҳат, ки ташкилкунандагони Бозиҳои Олимпӣ аз нуқтаи назари омода сохтани иншооти варзишӣ, фароҳам овардани шароити маишӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ин чорабинии боҳашамати варзишӣ тамоми корҳоро анҷом додаанд.


2. Пекин аввалин шаҳре мешавад, ки ҳам бозиҳои зимистона ва ҳам тобистонаи олимпиро қабул кардааст. Таассуроту хотироти Шумо аз пойтахти Ҷумуҳурии Мардумии Чин чи гунаанд?
Баргузор шудани бозиҳои тобистонаву зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Пекин инъикоскунандаи он дастовардҳои муассирест, ки мардуми Чин то имрӯз ноил гардидааст ва боз як намунаи тавоноии ҳамсояи бузурги мо мебошад. Ин гуфтаҳо ба муваффақиятҳои олии варзишии варзишгарони чинӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ низ дахл дорад.
Ман иштироки худро дар маросими кушодашавии 29-умин бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Пекин дар соли 2008 ва фазои идонаи умумӣ, ки он рӯзҳо пойтахти Олимпиро фаро гирифта буд, бо шавқу завқи хосса ба ёд меорам. Онҳо дар ман таасуроти амиқ гузоштаанд.
Ба сифати роҳбари Тоҷикистон ман бори аввал ба Пекин дар моҳи марти соли 1993 ташриф оварда будам. Шурӯъ аз он давра чандин бори дигар аз пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан кардаам ва ҳар дафъа аз дигаргуниҳои тааҷҷубовари симои ин шаҳр, ки дар он иншооти муҳташами қадимӣ ва биноҳои осмонраси дорои услуби муосири меъморӣ ба ҳам омадаанд, ба ҳаяҷон меоям.
Дастовардҳо дар самти рушди Пекин ба сифати мегаполис, бе муболиға, тассуроти амиқ мегузоранд ва мо медонем, ки онҳо самараи заҳмати беандозаи тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти кишвар ҷиҳати татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатие мебошанд, ки ба ислоҳоту азнавсозӣ равона шудааст.
Ман хеле шодам, ки бори дигар дар пойтахти зебоманзари Чин бо даъвати дӯсти худ ҷаноби Си Ҷинпин қарор дорам.

3. Имсол Чину Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Шумо имрӯз ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон чи гуна баҳо медиҳед?
Дар тули се даҳсолаи гузашта, ба шарофати саъй ва талошҳои муштарак, муносибатҳои Тоҷикистону Чин бовусъат рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баромадаанд.
Дар ин давра мо тавонистем, ки масъалаҳои миқёсан муҳимро ҳал намоем ва ба баланд бардоштани сифати ҳамкориҳои дуҷониба ноил гардем.
Байни кишварҳои мо муколамаи мунтазами эътимодбахши сиёсӣ, ки самтҳо ва ҷараёни рушди тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Чинро муйаян мекунад, роҳандозӣ гардидааст.
Дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузории муносибатҳои мо нишондиҳандаҳои баланд ба даст омаданд. Як қатор лоиҳаҳои муҳимми зерсохторӣ дар чунин соҳаҳои стратегӣ, ба монанди нақлиёт, энергетика ва саноат муштаракан ба татбиқ расидаанд. Имрӯз Чин яке аз шарикони пешсафи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Дар муносибатҳои мо масъалаҳои пешбурди равобити фарҳангиву гуманитарӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар ин зимн ба рушди робитаҳои маърифатӣ ва тамосҳои фарҳангӣ, ки омили муҳимми ба ҳам наздик шудани мардумони мо мебошанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ҷиҳати бунёди камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим дастгирӣ намуд. Барои ҳамкориҳои зичи кишварҳои мо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ,” дурнамои васеъ вуҷуд дорад. Мо иқтидори густурдаро дар ташаббуси нави Чин оид ба рушди глобалӣ низ мебинем. Тамосҳо миёни шаҳрҳову минтақаҳо, инчунин муассисаҳои таълимиву илмӣ низ тақвият ва тавсеа ёфта истодаанд.
Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки дар даҳсолаи чоруми фарорасидаи муносиботи байнидавлатӣ шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо Чин густариш бахшида, онро бо муҳтавои нав ва корҳои назарраси амалӣ дар ростои манфиатҳои мардумонамон ғанӣ гардонад.

4. Шумо муносибатҳои шахсиатонро бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин чи гуна тавсиф медиҳед?
Байни ман ва дӯстам ҷаноби Си Ҷинпин муносибатҳои дӯстона, самимӣ, ошкоро ва эътимоднок барқарор шудаанд.
Мо байни ҳам муоширати созанда ва муколамаи мунтазами кориро, ки ба таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Чин равона шудаанд, барпо кардаем.
Мо ҳамеша ба таври шаффоф масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ, инчунин дигар ҷанбаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор медиҳем.
Дар интиҳо, аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати иди зебои Баҳор, Соли нави анъанавии чинӣ табрик намуда, ба мардуми дӯсти Чин некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда, ба Пекин бошад, ҷиҳати доир намудани бозиҳои зимистонии Олимпӣ муваффақиятҳои беназир орзу намоям.


Ташаккур барои суҳбат.

2 феврали соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва хонум Мадалена Фишер мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳию тандурустӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон вобаста ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мешавад, мубодилаи афкор намуда, аҳамияти махсуси онро таъкид карданд.

Ҳамзамон мусоҳибон қайд намуданд, ки соли ҷорӣ ду кишвар дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ қарор доранд ва изҳори умедворӣ карданд, ки санаи мазкур ба раванди таҳкими муносибатҳои дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистону Португалия иброз намуданд.

28 январи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо консул ва консулҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа машварати корӣ дар қолаби маҷозӣ баргузор кард.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла масоили вобаста ба шароити иқомати онҳо дар қаламрави Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба роҳҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва саноат табодули афкор сурат гирифт.

20 январи соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади муаррифии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯнамоӣ дар мавзӯи “Муқаррароти кодекси андоз дар таҳрири нав” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, кормандони Намояндагии дипломатӣ ва мақомоти дигари давлатии Тоҷикистон дар Россия иштирок намуданд. Ҳамчунин намояндагони консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва соҳибкорони тоҷики муқими кишвари иқомат дар чорабинии мазкур дар шакли маҷозӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мақсад ва моҳияти қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навро шарҳ дод. Инчунин аҳаммияти дастуру ҳидоятҳо ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи рушди соҳаҳои саноат, кишварзӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя таъкид гардид.

Зикр карда шуд, ки дар робита ба авлавиятҳои сиёсиву иқтисодии кишвар, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2022-2026, ҳамчун “Солҳои рушди саноат” эълон гардиданд ва имтиёзҳои муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ба татбиқи ин иқдом мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, 7 намуди андозбандӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ 17 номгуйи навгонӣ дар Кодекси мазкур муқаррар гардидааст, ки аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт.

Дар идомаи чорабинӣ, Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф перомуни як қатор тағйирот ва муқаррароти нав ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳоти мушаххасро дар шакли рӯнамоӣ манзур намуд.

Дар зимн, дар хусуси андозбандии байналмилалӣ, низоми махсуси андозбандӣ, низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна, истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягонаи кишоварзӣ), субъектҳои фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ, инноватсионию технологӣ ва дигар ҷанбаҳои марбута маълумот пешниҳод гардид. Илова бар ин, доир ба сиёсати андозбандии кишвар ва тартиби баррасии баҳсҳои андозбандӣ дар ҳошияи меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ тавзеҳот дода шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт.

19 январи соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 38 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандон аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.
Боиси таваҷҷуҳ аст, ки Сафорат кӯшиш мекунад, ки чунин мусоидатро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур анҷом диҳад.

19 январи соли равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров иштирок кард. Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ С.Н. Лебедев низ ширкат варзид.

Зимни мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2021 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯҳои меҳварӣ дар он дидор буд.

18 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Москва мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Роҳбари Намояндагии дипломатиии Тоҷикистон доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.
Д. Гулмаҳмадзода зимни суханронии хеш, аз ҷумла иброз дошт, ки дар Паёми Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ натиҷагирӣ шуда, дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои минбаъда муайян гардидааст.
Бо тазаккур аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст. Таъкид карда шуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишварамон давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо таъкид ба суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба идома додани корҳои созандагию бунёдкорӣ то ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд бо азму иродаи қавӣ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Дар зимн, аз ҳамватанон баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва иштироки фаъоли онҳо дар раванди рушди ҳаёти кишвар, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамчунин ба ҳозирин перомуни бурдани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои будубош, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии кишвари иқомат хотиррасон гардид. Илова бар ин, ба аҳли нишаст роҷеъ ба зарурати аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, инчунин омӯхтани касбу ҳунар таъкид карда шуд.

13 январи соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Федератсияи Россия Ҷорҷо Стараче баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамоӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду саноати илмӣ муҳокима карда, саҳми ширкатҳои сохтмонии Италияро дар рушди бахши энергетикии кишвар кайд намуданд.
Ҷонибҳо вобаста ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе баргузор мегардад мубодилаи афкор намуда аҳамияти он ба вежа таъкид гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид доштанд, ки онҳо дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ қарор доранд. Эътиқоди тарафайн изҳор гардид, ки ҷашни 30-солагии таҳкими муносибатҳои дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.
Миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Италия иброз намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

13 январи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва хонум Екатерини Нассика мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Юнон иброз намуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон