20 апрели соли 2022 дар шаҳри Москва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар машваратҳои сиёсии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ иштирок намуд.
Зимни машваратҳо оид ба фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар самти муқовимат бо «се неруи бадӣ» – терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, инчунин оид ба мушкилоти қочоқи маводди мухаддир табодули афкор сурат гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ аҳаммият ва зарурати қабули қарор дар бораи таъсиси Маркази зидди мухаддироти СҲШ ҳамчун як ниҳоди алоҳидаи доимӣ дар шаҳри Душанберо қайд кард.
Гузашта аз ин, дар рафти машваратҳо ба вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷонибҳо мавқеи ҳамоҳангшударо роҷеъ ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир бо шумули намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои этникию сиёсии ҷамъияти Афғонистон таъкид карданд. Дар ин замина Ф.Салим аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ёдовар шуд.
Пас аз машваратҳо мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ бо вазири корҳои хориҷии Россия С.Лавров баргузор гардид.

19 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои аъзои ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Россия ва кишварҳои ИДМ иштирок кард. Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ИДМ, СААД, ИИА, намояндагони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханронии ифтитоҳии худ Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С. Лавров ҳозиринро ба ифтихори истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Россия ва кишварҳои ИДМ табрику таҳният гуфт.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи кунунии ҳамкорӣ, инчунин дурнамои рушди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ табодули афкор намуданд.

Дар доираи вохӯрӣ намоишгоҳи ҳуҷҷатӣ, ки муносибатҳои таърихии Россия ва кишварҳои ИДМ-ро инъикос мекунад, баргузор гардид.

18 апрели соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Молдова дар Федератсияи Россия Лилиан Дарий доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯъи васеи масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Молдоваро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи махсусро ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ зоҳир намуданд.

Мусоҳибон назари хешро нисбат ба мавзӯҳои байнамилалии мавриди эҳтимоми муштарак иброз доштанд.

Дар фарҷоми суҳбат, ҳамсуҳбатон омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Молдова дар соҳаҳои гуногун изҳор намуданд.

12-15 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом дод. Роҳбари намояндагӣ дар рафти сафари кории худ бо Губернатори шаҳри Санкт-Петербург А. Беглов мулоқот кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург табодули афкор намуданд.

Сафири Тоҷикистон аҳамияти истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро қайд намуд. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои ш. Санкт-Петербург ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамсуҳбатон перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мориф, фарҳанг сайёҳӣ изҳори назар карданд. Қобили зикр аст, ки дар мактабҳои олии таълимии шаҳри Санкт-Петербург беш аз 1000 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

А. Беглов зарурати роҳандози ҳамкориҳои шарикӣ миёни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург, таҳияи барномаҳои муштараки омузишии таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва Россияро таъкид намуд.

Зимни сафари худ 13 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президент палатаи савдо ва саноати Санкт-Петербург Владимир Катенев вохӯрӣ намуд. Дар рафти мулоқот масоили дурнамои рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ш. Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон мусоҳибон ишитроки доираҳои тиҷоратии Санкт-Петербургро дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон-Руссия”, ки 28 апрели соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, муҳокима намуданд.

Қобили зикр аст, ки В.Катенев ҷиҳати барқарор намудани равобит ва ҳамкориҳои минбаъда доираҳои тиҷоратии Тоҷикистонро барои ширкат дар намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳо ба Санкт-Петербург даъват намуд.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ дар рафти сафари худ бо донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии таълимии ш. Санкт-Петербург таҳсил менамоянд мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён, Сафири Тоҷикистон дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дод. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

14 апрели соли ҷорӣ Д. Гулмаҳмадзода бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамватанон мулоқотҳо доир намуд. Дар вохӯрӣ Роҳбари намояндагӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.
Ҳамзамон, доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

8 апрели соли 2022 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи шаҳри Егоревскийи вилояти Москва боздид ба амал оварда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони мазкур бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубоши кишвари иқомат муваққатан боздошт гардидаанд.

Зимни мулоқот кормандони Сафорат бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Андрей Николаевич масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 24 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ба 5 нафари онҳо аз ҷониби Хадамоти консулии Сафорат ҳуҷҷатҳои лозима таҳия гардида, барои бозгашташон ба Ватан худи ҳамон рӯз мусоидат сурат гирифт.

Кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.

Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.

Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

6 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Федератсияи Россия вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат Д. Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ сухан гуфт.

Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

Сафири Тоҷикистон нақши назарраси ҷавононро дар рушду шукуфоии минбаъдаи кишварамон қайд кард.

Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардид.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки Сафорат омода аст, то дар амалисозии ташаббусҳои ҷавонони донишҷӯ мусоидат намояд.

08.04.2022 13:35, шаҳри Душанбе
Имрӯз сӯҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар оғоз сарони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Президентҳо бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи анъанаҳои нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни рушди афзояндаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин сатҳи кунунии ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар соҳаи амниятӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат роҳбарони ду давлат раванди рушди вазъият дар Афғонистон ва ҳолати сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, дар робита ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

08.04.2022 09:00, шаҳри Душанбе
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Лутфан, табрикоти гарм ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бипазиред.

Тули ин се даҳсолаи сипаришуда кишварҳои мо дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчуби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Сатҳи кунунии робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро, ки Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигарӣ ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда заминаи пойдори онҳо мебошанд, баланд арзёбӣ менамоям.

Федератсияи Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон буда, мо дар арсаи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дар соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ-техникӣ ба таври самарабахш ҳамкорӣ менамоем. Мехостам аз густариши қобили таваҷҷуҳи робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ ба таври махсус ёдовар шавам. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият меёбанд. Кишварҳои мо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар робита ба мавқеъҳояшон ҳамоҳангии зич анҷом медиҳанд.

Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем.

Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод.

Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович сиҳатмандии комил ва комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Русия сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон табрикоти самимии маро бипазиред.

Тули даҳсолаҳои сипаришуда ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ барорем.

Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.

Москва ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд.

Бовар дорам, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти мо буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил ва комёбиҳо, ба ҳамаи ҳамватанони Шумо саодату некуаҳволӣ орзумандам».

6 апрели соли 2022 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ба муносибати ҷашни Наврӯз кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони мазкур бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубоши кишвари иқомат муваққатан боздошт гардидаанд.

Зимни мулоқот Консули Сафорат Шафозода И. бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Викторович Лагода масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамчунин кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.

Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.

Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

5 апрели соли 2022 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар шаҳри Кимовскийи вилояти Тулаи Россия боздид ба амал оварда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардиданд.

Зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Сергей Владимирович Тертычный масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Кормандони Намояндагӣ бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 1 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.

Бояд зикр кард, ки бо мусоидати Сафорат 5 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ва 19 апрели соли ҷорӣ ба Ватан фиристода мешаванд.

Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.

Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

4 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ дар Федератсияи Россия Ҳасан Абди Дауд мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон вобаста ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мешавад, мубодилаи афкор намуда, аҳамияти махсуси онро таъкид карданд.

Миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо табодули афкор сурат гирифт.

Мусоҳибон ҳавасмандиашонро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистону Сомали иброз намуданд.

1 апрели соли 2022, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Россия табодули афкор намуданд.

Д. Гулмаҳмадзода ва С. Катирин зарурати идомаи баргузории ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади афзоиш додани мубодилаи молу маҳсулот ва табодули таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид карданд. Дар ин росто, ҷонибҳо ба масъалаи афзоиши содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Россия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Россия дар самти таҳвили маҳсулотҳои кишоварзӣ изҳор карданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум доир шуд.

1 апреля 2022 года в очередном номере информационно-аналитического портала «МИР 24» была опубликована статья, подготовленная Посольством Таджикистана в России на тему «Международная инициатива Президента Республики Таджикистан по защите ледников».
В вышеупомянутой статье речь идет о последовательных усилиях Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона с момента обретения Таджикистаном Государственной независимости в решении проблем, связанных с изменением климата, в том числе быстрым таянием ледников. В данном контексте, подробно рассказывается о глобальных инициативах Лидера Нации по защите ледников.
Для получения доступа к полному тексту данной статьи, Вы можете перейти по ссылке ниже.

https://mir24.tv/news/16502859/mezhdunarodnaya-iniciativa-prezidenta-respubliki-tadzhikistan-po-zashchite-lednikov?hot=1

31 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Любимова Олга Борисовна баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо имконияти ташкили маҷмӯи чорабиниҳои муштараки фарҳангиро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия дар соли 2022 иброз намуданд.
О.Любимова омодагиашро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои истифода ва таблиғи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистону Россия изҳор дошт.
Д.Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобити миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва театрии ҳар ду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мухталифи байналмилалии фарҳангӣ таъкид гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

29 марти соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, аз ҷониби Сафорат ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорат кушиш мекунад мусоидати хешро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ расонад.

Ҳамзамон, Сафорат ба шаҳрвандони вурудашон ба кишвари иқомат мамнӯъ тавсия медиҳад, то барои убури сарҳад аз минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон