23 майи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Россия Козим Ҷалолӣ мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкориҳои ду кишвар, ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбатон дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳию тандурустӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин тарафҳо назари хешро нисбат ба мавзӯҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак иброз доштанд.

Мусоҳибон бо таъкид ба пайвастагии мардумони ду кишвар аз лиҳози арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Эрон иброз намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

17 майи соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исландия дар Федератсияи Россия Арни Тор Сигурдссон баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, сайёҳӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Дар зимн, ба таваҷҷуҳи ҳамсуҳбат дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ба вежа дар соҳаи энергетикии кишвар маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот оид ба Конгресси 6-уми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022», ки аз 25 то 27 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, табодули афкор сурат гирифт. Роҳбари Намояндагии дипломатии Исландия дар навбати худ омодагии Ҳукумати кишварашро ҷиҳати сафарбар намудани ҳайат барои иштирок дар чорабиниҳои болозикр ба шаҳри Душанбе изҳор кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ш. Қазони Ҷумҳурии Тотористони Россия

18-21 майи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари худ роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии иқтисодӣ “Россия- ҷаҳони Ислом”, ки дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии “Kazan Expo” баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар он намоишгоҳ, Д. Гулмаҳмадзода бо маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайриозуқа, савдои яклухт ва чакана, саноат, муҳандисӣ, сохтмон, мӯд ва зебоӣ, сайёҳӣ, IT технология ва тандурустӣ шиносоӣ пайдо намуд.

Дар доираи сафари кории худ Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Тотористон Р.Миниханов бо сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ дар Федератсияи Россия ширкат варзид. Зимни он мулоқот Р. Минниханов барои иштироки сафирон дар кори намоишгоҳи зикргардида изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки барои Россия ҳамкорӣ бо ҷаҳони Ислом яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби “Kazan Summit – 2022” 20 майи соли ҷорӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар ҷаласаи XII Гурӯҳи дидгоҳи стратегии "Россия - ҷаҳони Ислом", ки бахшида 1100-солагии расман кабул шудани дини Ислом дар Булғорияи Волга баргузор гардид, иштирок намуд.

Зимни чорабинӣ роҷеъ ба таҷрибаи Россия дар ҳифз кардани гуногунии этникӣ ва фарҳангӣ, ҳамоҳангии байни миллатҳо ва мазҳабҳо кафолати таҳкими ҳувияти умумии шаҳрвандӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар доираи сафари хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии таълимии ш. Қазон таҳсил менамоянд, мулоқот анҷом дод. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

20 майи соли ҷорӣ Д. Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими шаҳри Қазон мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

Ҳамзамон, доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуд.

Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ифтитоҳ карда, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро хайрамақдам гуфт.

Кори ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Никол Пашинян бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, бо имзои санадҳо ва нишасти матбуотӣ хотима ёфт.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ татбиқи тамоми қарордодҳои созмон дар 20 соли мавҷудияти он, инчунин вазъ дар ҳудуди кишварҳои аъзои созмон ва дурнамои рушди онро баррасӣ карданд.

Аз руи натиҷаи мулоқот Изҳороти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон “Дар бораи супоридани мукофотҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба иштирокчиёни амалиёти посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон” қабул карда шуд.

16 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод карданд.

Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо ва сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари бахшҳои иқтисодӣ ва ҷоннок кардани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша намуданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи ҳудуди СААД ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.

Ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар робита ба ин ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амниятӣ таъкид карданд.

13 майи соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, аз ҷониби Сафорат ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорат кушиш мекунад мусоидати хешро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ расонад.

Ҳамзамон, Сафорат ба шаҳрвандони вурудашон ба кишвари иқомат мамнӯъ тавсия медиҳад, то барои убури сарҳад аз минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

13 майи соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳод ва Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Вазирон дар мавриди масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули ботафсили афкор намуданд ва инчунин иқдомҳои ҷориро оид ба таъмиқсозии равобити амалӣ дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалиятҳои раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал баррасӣ карданд.

Зимни нишаст ба таҷрибаи баргузории машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар қолаби Иттиҳод, ки ба амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар тамоми самтҳои фаъолияти Иттиҳод мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода шуд. Гузашта аз ин, вазирон доир ба татбиқи пай дар пайи Барномаи амал оид ба фаъолсозии шарокат байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ тавофуқ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур 11 қарор ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 октябри соли 2022 дар Нур-Султон баргузор мешавад.

12 майи соли 2022 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Раиси Кумитаи иҷроияи-Котиби иҷроияи ИДМ С. Лебедев доир шуд.

4 майи соли 2022 дар Вазорат таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти дуюми тадорукотию ташрифотӣ бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад гардид, доир шуд.

Дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо раванди татбиқи натиҷаи ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе, ки 12 апрели соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Ҳамчунин раванди омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла танзими намоишгоҳ, форумҳои пешазконфронсӣ, Марафон бо иштироки хонуми австралиягӣ - Мина Гулӣ, яке аз давандҳои машҳур дар пешбурди масъалаҳои об, Фестивали оби Душанбе, экскурсияҳо, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» (Virtual Reality, VR) дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об” ва ғайра муҳокима гардида, дар зимн зарурати таҳкими раванди татбиқи вазифаҳои муштарак таъкид шуд.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат тавассути пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад. Ҳоло Конфронси дуюми оби Душанбе дар доираи татбиқи ташаббуси чоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” барпо шуда, он ҳамчун чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.

Дар ҳолати имрӯза тавассути торнамои Конфронс беш аз 1000 нафар аз даъватшудагон иштироки худро таъйид карданд. Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ муҳлати номнависӣ то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд. Номнависии тамоми ширкаткунандагон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ дар Конфронси дуюми оби Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ ҳатмӣ мебошад.

5 майи соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода нишасти корӣ бо иштироки ҳузуриву маҷозии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ш.Душанбе, инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.

Дар нишасти корӣ раванди иҷрои дастуру нақшаҳои кории ҳукуматӣ роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ бо кишварҳои мавриди масъулияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои авлавиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ гардида, дар ин зимн зарурати таҳкими абзорҳои татбиқи вазифаҳои муштарак байни мақомоти соҳавии кишвар ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба мақсади рушди баъдии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои марбут ба имконияти тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

22 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири варзиши Россия Олег Матитсин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узв ва кишварҳои нозири СҲШ иштирок намуд.
Зимни мулоқот роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи варзиш дар доираи Созмон табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, бо мақсади таҳияи минбаъдаи стратегияи рушди фаъолияти варзишӣ то соли 2030, дар чаҳорчӯби СҲШ таъсис додани комиссия оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон маълумот оид ба раванди омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи роҳбарони ниҳодҳои дахлдори кишварҳои узв ва кишварҳои нозири СҲШ дар соҳаи варзиш, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, маълумот дода шуд.

22 апрели соли 2022 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ба муносибати моҳи шарифи Рамазон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар Сахаровои шаҳри Москва боздид намуда, бо ҳолати нигоҳдошти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассиса аз наздик ошно гардиданд.
Зимни мулоқот бо Муовини сардори Боздоштгоҳи мазкур Полежаев Сергей Евгеневич масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин кормандони масъули Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.
Зимни ин боздид ба шаҳрвандон як миқдор маводи хӯрока тақдим гардид.
Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

22 апрели соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия дар қолаби видеоӣ ширкат варзид.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ перомуни масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити афзоишёбии чолишҳову таҳдиҳо ва вазъи мураккаб дар Афғонистон табодули афкор намуданд.
Гузашта аз ин, вазирон дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро оид ба ҷонибдории ислоҳот ва тақвияти рушди пойдори минтақа мавриди муҳокима қарор дода, иқдомҳоро роҷеъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ карданд.
Роҳбарони ҳайатҳо таваҷҷуҳи хосро ба дурнамои густариши муколамаи “соҳавӣ” дар қолаби Осиёи Марказӣ-Россия равона намуда, масоили ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА баррасӣ намуданд.

19 апрели соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Россия дар чаҳорчӯби барномаи "Хаймаи Рамазонӣ" дар назди бинои масҷиди “Поклонная гора”-и шаҳри Москва барномаи “Шоми Тоҷикистон”-ро барпо намуданд.

Дар он шом дар Хаймаи Рамазонии масҷиди “Поклонная гора”-и шаҳри Москва мардуми зиёд ҷамъ гардида буд. Дар чорабинии мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар халқу миллатҳое, ки дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунанд, иштирок намуданд.

Мушовири Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия С.Солеҳ ҳозиринро бо моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният намуда, ба Шӯрои муфтиҳои Россия барои татбиқи шоистаи ташаббуси баргузории чорабинии ҳамасола бо номи «Хаймаи Рамазонӣ» изҳори миннатдорӣ кард. С.Солеҳ ҳамчунин зикр кард, ки баргузории ин чорабинӣ барои мусулмонони муқими Россияи гуногунмиллат анъанаи нек шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ ба таваҷҷуҳи ҳозирин барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар доираи он меҳмонон дар викторинаи бахшида ба соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни викторина ба саволҳо оид ба таърих, фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон посух дода, аз ҷониби Сафорат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон