3 сентябри 2021 вохӯрии Консули Сафорати Ҷумҳури Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шафозода Искандар бо Консули Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Россия Касимкулов Нурлан Абилкасимович баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили мубрами робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла масъалаҳои консулӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, зимни суҳбат доир ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони ду кишвар дар Федератсияи Россия табодули афкор сурат гирифт.

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами дуҷониба, аз ҷумла рафти омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хонро ба Тоҷикистон, муҳокима карданд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад.

Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз қаламрави он имрӯз дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад.

Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст.

Бояд гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст.

Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.

Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад.

Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард.

Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.

Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомнокӣ шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонид.

23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.
Ба ҳайси давлати даъватшуда дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.
Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия кишварҳои узв якбора бад шудани вазъ дар Афғонистонро бо нигаронӣ зикр намуданд.
Онҳо аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд.
Дар ҷараёни иҷлосия зикр карда шуд, ки режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Бо дарназардошти ҳузури афзояндаи ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки ин кишварро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва ғасби иҷбории худ истифода мебаранд, кишварҳои узви СААД аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.
Барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, тавофуқ ҳосил шуд.
Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ба мувофиқа расиданд, ки табодули афкор дар бораи вазъият дар Афғонистон 16 сентябр дар Душанбе дар нишасти қарибулвуқӯи СААД идома ёбад.

18 августи 2021 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар сиғаи шарикии стратегӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, низомию техникӣ ва дигар арсаҳо, рафти омодагӣ ба саммити Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин мушкилоти мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ба ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад, ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд.

Вобаста ба ин мувофиқа ба даст оварда шуд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.

11 августи соли 2021 Имомуддин Сатторов ба муносибати анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндаи ваколатдор дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ бо Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ С.Н Лебедев мулоқот кард.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд.
С. Лебедев саҳми муассири И. Сатторовро дар рушди ҳамкориҳо, инчунин таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ махсусан қайд кард.
И. Сатторов ба С. Лебедев барои ҳамкориҳои густурда дар давраи фаъолияти ӯ ба ҳайси роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва Намояндаи ваколатдор дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ изҳори миннатдорӣ намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба И. Сатторов дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо орзу кард.

11 августи соли 2021 Имомуддин Сатторов ба муносибати анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Викторович Лавров мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
С. Лавров саҳми муассири И. Сатторовро дар рушди ҳамкориҳои созандаи ду кишвар махсусан қайд намуд.
И.Сатторов дар навбати худ ба С. Лавров барои дастгирии ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамёрии стратегӣ, инчунин татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд бадастомада мусоидат кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷии Россия ба И. Сатторов дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо орзу намуд.

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозон!

Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ба ифтихори ин санаи тақдирсози таърихӣ ҳамаи шумо – афсарону сарбозони далери Ватан, тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибихтиёрро самимона табрик мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки ҳоло сокинони Ватани азизамон ба хотири таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ сарҷамъу аҳлона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Таърихи сисолаи даврони соҳибистиқлолии Ватанамон возеҳан собит намуд, ки мо – тоҷикон мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар ҳастем, ки ба шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта раҳоӣ ёфтем.

Дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза таҳкиму тавсеаи чунин хислатҳои неки халқамон, бо ҳамин роҳ ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

Дар баробари ин, таъкид ва хотирнишон месозам, ки мардуми мо хушунату зӯроварӣ ва ҷабру зулми дигаронро ҳаргиз қабул надоранд ва мо барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва осоиши ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода мекунем.

Дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳимми амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст.

Чунин ҳолати мураккаб дар 43 соли идомаи даргириҳои дохилӣ дар Афғонистон бори аввал ба вуҷуд омад.

Барои рух додани чунин ҳодисаҳои фоҷиабор мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих, тамаддун ва фарҳанги бостонӣ мебошанд, гуноҳ надоранд.

Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол инҷониб идома дорад.

Мардуми Тоҷикистон чунин бадбахтӣ, яъне дахолати хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарониданд ва оқибатҳои вазнини онро то ба ҳол бартараф карда истодаанд.

Дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расида, 50 ҳазор нафар кӯдакон ятим шуданд.

Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем.

Ҳамчунин, қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем.

Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад.

Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ман даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштам.

Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.

Мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих ва арзишҳои бостонии фарҳангӣ буда, сарзамини онҳо ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарият эътироф шудааст ва ин мардум ба аҳли башар даҳҳо ва садҳо нафар шахсиятҳои фарзонаро додаанд, бояд тақдири имрӯзу ояндаашонро ба дасти худ гиранд.

Тарзи идораи давлат ва сохти давлатдорӣ дар ҳамаи кишварҳои соҳибихтиёр, аз ҷумла дар Афғонистон бояд танҳо бо хости аксарияти мардум ва иродаи шаҳрвандони он муайян ва муқаррар карда шавад.

Вале, мутаассифона, чанд даҳсолаи охир чунин мардуми соҳибтамаддун бо доштани садҳо ва ҳазорон олимону донишмандони маъруф, шоирону адибони машҳур ва сиёсатмадорони ботаҷриба қурбони бозиҳои геополитикӣ мебошанд.

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки сиёсатмадорон, роҳбарони ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, аҳли зиё, шахсиятҳои обрӯманд ва кулли сокинони ин кишвар муттаҳиду сарҷамъ шаванд, Ватан, давлат ва миллати худро аз нооромиву парокандагӣ наҷот диҳанд.

Дигар ин, ки мардумро қурбони кашмакашу низоъҳои ҷоҳталабӣ ва курсиву мансаб кардан кори беҳуда аст ва оқибатҳои хатарноку фоҷиабор дорад.

Ман ин суханҳоро аз таҷрибаи талхи солҳои 90-уми таърихи халқи Тоҷикистон мегӯям.

Зеро яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз талоши баъзе сиёсатмадорон ва роҳбарони як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ барои курсиву мансаб буд.

Дар он айёми фоҷиабор қариб буд, ки давлати тоҷикон аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардида, миллати тоҷик пароканда шавад.

Беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо аз тарси ҷони худ ба мамолики гуногун, аз ҷумла садҳо ҳазор нафари онҳо ба кишвари ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон гуреза шуданд.

Чунонки миллионҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон солҳост, ки беватан ҳастанд ва дар даҳҳо мамлакати дунё, дур аз ватани аҷдодӣ ва хонаву дари худ умр ба сар мебаранд.

Мардуми Афғонистон, аз ҷумла кӯдакони бегуноҳ, занону пиронсолон бо чунин таъриху фарҳанги пурифтихор то ба кай қатл шаванд, аз хонаву дари худ маҳрум ва бесарпаноҳу сарсон бошанд ва ҳаққи табииву фитрии худро ба ҳаёти осуда ва зиндагии ором соҳиб шуда натавонанд?

Мардум дар ҳар куҷои дунё, аз ҷумла дар Афғонистон ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки ҳаёти орому осуда ва сатҳи зиндагии шоиста дошта бошанд, вале беш аз чил сол мешавад, ки онҳо аз ин ҳаққи худ маҳруманд.

Дунё дар ҳазорсолаи нав, яъне дар замоне қарор дорад, ки илму техника ва технологияҳо бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд.

Дар чунин даврони рушду тараққиёт зарур аст, ки барои таъмин намудани рушди давлат ва ободии кишвар мутахассисону кадрҳои замони нав – ихтироъкорону навоварон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон ва мутахассисони садҳо бахшу соҳаҳои дигар омода карда шаванд.

Чунки пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҷомеаро танҳо мутахассисон ва кадрҳои замони нав таъмин карда метавонанд.

Дар шароите, ки давлатҳои пешрафта ҳар рӯз ба кашфиёту ихтирооти нав муваффақ мешаванд, кишварҳои мо то кай дастнигари дигарон, яъне давлатҳои пешрафта бошанд, аз доштаҳои худ барои тараққӣ додани илм, маориф, техникаву технологияҳо, босаводу соҳибмаърифат кардани миллат, рушди давлат, тарбияи кадрҳо ва обод сохтани мамлакат истифода накунанд?

Ман ин суханонро ба ҳайси Роҳбари давлате мегӯям, ки шаҳрвандони он азобу машаққат, ранҷу маҳрумият ва даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии бо дахолати доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ таҳмилшударо аз сар гузаронидаанд ва барои обод намудани харобиҳои он беш аз ду даҳсола аст, ки заҳмат мекашанд.

Ҳанӯз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, Президенти ҳамонвақтаи Афғонистон профессори шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд бо вуҷуди он, ки дар қаламрави Афғонистон низ ҷангҳои шадид ҷараён доштанд, моҳи августи соли 1993 дар шаҳри Кобул барои баргузории сулҳи тоҷикон шароити мусоид фароҳам сохтанд ва моҳи декабри соли 1996 дар мавзеи Хосдеҳи вилояти Тахор бори дуюм низ чунин мусоидати бародаронаро анҷом доданд.

Онҳо ба хотири сулҳ дар Тоҷикистон миёнҷигарӣ карданд, ки дар натиҷаи ин иқдом дар раванди музокироти мо гардиши куллӣ ба вуқӯъ омад ва тақдири сулҳи тоҷикон асосан ҳал гардид.

Яъне шахсиятҳои барҷастаи Афғонистон вазифа ва дайни бародариву ҳамсоядории худро дар сатҳи баланд адо карданд, ки мо ин амали хайри онҳоро ҳамеша пос медорем.

Зимнан, мехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки сиёсатмадорон ва шахсиятҳои обрӯманду соҳибтаҷрибаи ин сарзамини бостонӣ ва ин миллати тамаддунсоз бояд раванди сулҳро ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд, ба дахолати хориҷӣ нуқта гузоранд ва мардуми худро аз азобу машаққат раҳо созанд.

Ман дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта будам, ки ҷанг даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтиву сиёҳрӯзӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист.

Бо итминон изҳор медорам, ки ин рӯзҳои сахти мардуми Афғонистон абадӣ нестанд ва умедворам, ки дар Афғонистон оқибат ақли солим пирӯз шуда, дар ин кишвари ҳамсояи мо сулҳу оромӣ барқарор мегардад ва мо бо ин давлати ҳамсояву дӯсти худ робитаҳои ҳамаҷонибаро тақвияту тавсеа мебахшем.

Тоҷикистон сӣ сол аст, ки дар самти барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон мусоидати беғаразона ва саъю талош карда истодааст ва омода аст, ки ин корро минбаъд низ идома диҳад.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа ба мардуми Тоҷикистон такроран таъкид менамоям, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем.

Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!

Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад.

Мо бовари қатъӣ дорем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароянд.

Субҳи имрӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ оварда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд ва 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки чорабинии зикршуда дар сатҳи баланд гузашт.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан, ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст.

Дар вазъияти баамаломада вазифаи муҳимтарини шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед.

Шумо ҳаргиз фаромӯш накунед, ки хизмати содиқонаву ватандӯстона ва ҷасорату далерии шумо аз ҷониби давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамеша ва ба таври шоиста қадрдонӣ карда мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо, яъне фарзандони ҷасуру далери мардуми тоҷик дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ на як бору ду бор вазифаҳои хизматӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи тоҷик ҷавонмардонаву сарбаландона иҷро кардаанд.

Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар – Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад!

Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба Ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад.

Аз ин лиҳоз, ба тамоми роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти мамлакат бори дигар муроҷиат менамоям, ки ба хотири ҳифзи истиқлоли Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва марзу буми он ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва номи пуршарафи ҳомии Ватанро дар шароити бисёр мураккаби имрӯза боз ҳам баландтар бардоранд.

Ҳамчунин, ба ҳар яки шумо – афсарону сарбозони шуҷоъ таъкид месозам, ки ҳамеша дар паҳлуи ҳамдигар бошед ва дар ҳама ҳолатҳои душвор якдигарро дастгирӣ намоед.

Барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ кумаки ҳамаҷониба расонидан ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ин мақсад ба роҳ мондани ҳамкории зич бо онҳо вазифаи ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар як фарди огоҳу солимфикри кишвар мебошад.

Такроран таъкид менамоям, ки ҳар яки мову шумо ба хотири ҳалли вазифаҳои гузошташуда бояд тамоми имконияту нерӯ ва маҳорату малакаи худро барои дар рӯҳияи садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳимояи боэътимоди истиқлолу озодӣ ва марзу буми давлати соҳибихтиёрамон тарбия кардани афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар намоем.

Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии онҳо масъалаи аввалиндараҷа мебошад.

Бовари қатъӣ ва эътимоди комил дорам, ки тамоми роҳбарон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ ба хотири таъмини амнияти давлат, суботи кишвар ва оромии ҷомеа ҳамеша бо иродаи қавӣ ва рӯҳи матин омода хоҳанд буд.

Мову шумо бояд ифтихор кунем, ки баъди ҳазор сол соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр гардидем.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз на танҳо Тоҷикистони азизи моро мешиносад, балки пешниҳоду ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Мо бояд аз ин Ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – афсарону сарбозони ғаюру шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар иҷрои қарзи муқаддаси фарзандӣ, рисолати ҷавонмардӣ ва вазифаҳои бисёр муҳимму масъулиятнокатон барору комёбӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату пирӯз бошед, фарзандони бонангу номуси Ватан ва ҳомиёни далеру шуҷои Тоҷикистони соҳибистиқлол!

http://president.tj/node/26167

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори тасаллии амиқ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд.
Дар ин замина, ҷонибҳо ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд. Аҳамияти татбиқи минбаъдаи амалии иқтидори азими ҳамёрии Тоҷикистон ва Русия дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ таъкид карда шуд.
Сарони ҳарду давлат талошҳои минбаъдаи тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намуданд. Дар ин замина масъалаҳои марбут ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баррасӣ шуданд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар созмонҳои бонуфузи минтақавии зикршуда иҷро мекунад.
Зимни суҳбати телефонӣ мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сурат гирифт.
Аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат карданд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.


http://president.tj/node/26175

19 июли соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои муҳимми ҳамкориии Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуда, перомуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни сӯҳбат ба муҳокимаи нақшаи тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Суҳбат дар руҳияи созандаи корӣ баргузор гардид.

13 июли соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Федератсияи Россия Ҷавод Саид Тайиб баргузор гардид.
Роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва Афғонистон роҷеъ ба масоили рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба вазъи мураккаби имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон, хусусан дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки омили ноустуворӣ дар Афғонистон ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти калон оварда, ба татбиқи лоиҳаҳои умумии минтақавии мусоидатгар ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҳамаи кишварҳои минтақа халал мерасонад.
И.Сатторов бори дигар тасдиқ кард, ки Тоҷикистон кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҳукумати ин кишвари дӯстро дар ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон дастгирӣ мекунад ва дар доираи фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон, хусусан дар самти эҳё кардани иқтисодиёти он минбаъд низ саҳм хоҳад гузошт.
13 июля 2021 года Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации Имомуддин Сатторов встретился с Послом Исламской Республики Афганистан в Российской Федерации Джавад Саид Тайебом.
Главы дипломатических представительств Таджикистана и Афганистана обменялись мнениями по вопросам, касающимся развития двусторонних отношений.
Особый акцент в ходе беседы был сделан нынешней сложной военно-политической ситуации в Афганистане, в частности на территориях, примыкающих к государственной границе Республики Таджикистан и других стран Центральной Азии.
Было отмечено, что фактор нестабильности в Афганистане наносит большой урон экономике этой страны и препятствует осуществлению общих, региональных проектов, что способствовало бы решению важнейших социально-экономических проблем всех стран региона.
И. Сатторов вновь подтвердил, что Таджикистан поддерживает усилия мирового сообщества и правительства этой дружественной страны в деле всеобъемлющего решения проблемы Афганистана и, в рамках совместной деятельности мирового сообщества в Афганистане, будет и в дальнейшем вносить свой вклад, особенно в дело его экономического возрождения.

05.07.2021 19:25, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.
Ба якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Россия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.
Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни суҳбат омодагии тарафайн ба кори ҳадафмандона дар самти рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳор карда шуд.
http://president.tj/node/26126

Ҳамватанони азиз!
Иҷозат фармоед, якояки шуморо ба муносибати таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборак намуда, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори хушу осуда, сулҳу ваҳдати абадӣ ва барору сарбаландиҳо таманно намоем.
Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд!
Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллӣ!

22 июни соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Муовини губернатори минтақаи Забайкал - Роҳбари намояндагии он Пётр Геннадевич Попов баргузор гардид.
Дар он дидор роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Забайкал табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо омодагии тарафайнро барои таҳкими ҳамкориҳои фаъоли байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф, инчунин дар самти амалисозии лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳор доштанд. Дар ин росто, миёни ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба масоили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар он минтақаи Россия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва минтақаи Забайкал мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати таҳияи лоиҳаи созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Забайкал изҳор намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

22 июни соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар чорабинӣ перомуни иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Россия, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, ширкатҳои фаъоли сайёҳии Россия ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, аз ҷумла изҳор дошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат сайёҳӣ ҳамчун як соҳаи муҳими иқтисод тадриҷан рушд карда истодааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳим ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, дар арсаи байналмилалӣ обрӯи хос пайдо кардааст.
“Бахри таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ, Ҳукумати кишвар дар марҳилаи аввал як қатор имтиёзҳоро муқаррар намуд, заминаи иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард, инчунин инфрасохтори зарурии сайёҳӣ барои рушди минтақаҳои сайёҳӣ омода намуд”, -таъкид кард Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба иштирокчиён презентатсияҳо оид ба рушди навъҳои гуногуни сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ пешкаш гардиданд.
Тавассути чорабинии баргузоршуда меҳмонон имкони хуби шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла мавзеъҳои муосири сайёҳӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассалро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ, ба меҳмонон оид ба иқтидори сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Дар идомаи чорабинӣ, бо мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот, миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар хотима қайд гардид, ки пешрафт кардани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон дар радифи тамошобоб гардонидани мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, арзишҳои миллӣ ва расму оинҳои мардумӣ инчунин шароити хубу мусоидро барои ташрифоварандагон таъмин месозад, ки ин обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад.

18 июни соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлатали Саид дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд.
Зимни нишаст дар шакли маҳдуд, роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ-ро муҳокима карданд.
Дар ҷаласа дар шакли васеъ ҳисоботи Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои соли 2020 шунида шуда, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки татбиқи консепсияи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи энергетика ва нақшаи тадбирҳои афзалиятноки татбиқи консепсияи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои нерӯи барқароршаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ Харитаи роҳ вобаста ба татбиқи "Чорабиниҳо ҷиҳати коҳиш додани паёмадҳои манфии пандемияи COVID-19 барои иқтисодиёти кишварҳои узви ИДМ"-ро мувофиқа намуданд.
Дар интиҳои нишаст, 16 ҳуҷҷат, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳамкориҳои инноватсионӣ ва фаъолияти мақомоти андоз ба имзо расид.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул шуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон