30 сентябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва Иҳаб Наср баргузор шуд.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла мусоидат ба афзоиши савдои мутақобила, ҷалби сармоя ва сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар идомаи сӯҳбат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ роҷеъ ба мавзӯҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ ибрози ақида намуданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун изҳор доштанд.

29 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва хонум Сиалеи Аллегра ван Тур мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои иқтисод, тандурустӣ ва сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Миёни ҳамсуҳбатон перомуни имконияти мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар бо мақсади афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои меҳварии рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Зеландияи Нав омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои босамар миёни Намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва изҳор намуданд.

29 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Кипр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва Андреас Зинонос мулоқот намуд.
Дар он дидор мусоҳибон дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кипрро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд.
Миёни ҳамсуҳбатон ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат Д. Гулмаҳмадзода ва А. Зинонос омодагиро ҷиҳати мусоидат ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Кипр иброз намуданд.

27 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва хонум Екатерини Нассика мулоқот кард.
Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот, Д. Гулмаҳмадзода ва Е. Нассика омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Юнон иброз намуданд.

27 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Федератсияи Россия Чжан Ханхуэй мулоқот кард.
Ҳамсуҳбатон баргузории бомуваффақонаи мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ-ро дар Душанбе махсусан қайд карда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар татбиқи мувофиқаҳои зимни чорабинии болозикр ҳосилшуда изҳор намуданд.
Дар рафти суҳбат миёни ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ва шарикии стратегии ҳамаҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба ҷониби Чин барои фиристодани ваксина ҷиҳати мубориза бо пандемияи короновирус изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин мусоҳибон роҷеъ ба якчанд масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори назар карданд.
Сафирони Тоҷикистон ва Чин омодагиро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими ҳамкориҳо миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

24 сентябри соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд.
Зимни нишаст дар шакли маҳдуд, роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар фазои ИДМ-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, ҳисоботҳои мақомоти Созмон вобаста ба ҳамкориҳои соҳавӣ шунида шуд.
Дар ҷаласа лоиҳаҳои Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 вобаста ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2030 мувофиқа шуда, барои шомил намудан ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо пешниҳод шуд.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардид.

23 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Федератсияи Россия М. Эдерер мулоқот кард.
Ҷонибҳо раванди ҳамкории созандаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо қайд намуда, имкониятҳои густариши онҳоро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, энергетика, тағйири иқлим, маориф ва тандурустӣ бо назардошти идомаи паҳншавии сирояти “COVID-19”, муҳокима карданд.
Дар идомаи суҳбат вазъи кунунии Афғонистон ба сифати мавзӯи меҳварӣ қарор гирифт. Дар зимн ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ + Иттиҳоди Аврупо табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳамсуҳбатон омодагии хешро ҷиҳати идомаи робитаҳои мутақобилан судманд миёни ҳарду намояндагии дипломатӣ дар Москва иброз намуданд.

22 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия Владимир Семашко мулоқот кард.

В.Семашко ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзодаро табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат, инчунин мусоидат дар ҷалби сармоягузорӣ ба рушди саноати Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин миёни ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот, Д. Гулмаҳмадзода ва В.Семашко ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли ду давлат табрику таҳният гуфтанд.

22 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Федератсияи Россия Мехмет Самсар мулоқот кард.
М. Самсар ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзодаро табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ муваффақиятҳо орзӯ кард.
Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталиф изҳори назар карданд.
Дар ин росто, ҷонибҳо ба рушди босуръат ва амиқи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, бахусус тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи савдову иқтисод, инчунин бахши сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Миёни ҳамсуҳбатон ҳамчунин перомуни масоили рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

21 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Россия Кошербаев Ермек Беделбаевич мулоқот кард.
Е.Кошербаев ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзодаро табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно кард. Мусоҳибон баргузории бомуваффақонаи мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ ва СААД-ро дар Душанбе махсусан қайд карда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар татбиқи мувофиқаҳои зимни чорабиниҳои болозикр ҳосилшуда изҳор намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карданд.
Мусоҳибон ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни диаспораҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Россия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масоили рӯзномаи байналмилалӣ низ, табодули сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот, Д. Гулмаҳмадзода ва Е. Кошербаев ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли ду давлат табрику таҳният гуфтанд.

21 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Федератсияи Россия Батир Ниязлиев мулоқот кард.
Б.Ниязлиев ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзодаро табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ муваффақиятҳо орзӯ намуд.
Дар рафти мулоқот оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин ҳамсуҳбатон оид ба масоили рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори назар намуданд.
Сафирони Тоҷикистон ва Туркманистон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими ҳамкориҳо миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз карданд.
Дар фарҷоми мулоқот, роҳбарони Намояндагиҳои дипломатӣ ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли ду давлат табрику таҳният гуфтанд.

14 сентябри соли 2021 дар Маркази намоишии "Экспоцентр"-и шаҳри Москва, "Намоишгоҳи 23-юми байналмилалии матоъҳои ороиши дохилии биноҳо, нассоҷии хонагӣ ва дигар ҷиҳози зиннатдиҳанда - Heimtextil Russia 2021" ба кори худ оғоз кард.
Дар намоиш беш аз 100 ширкат аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ИДМ ва Аврупо иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро дар намоишгоҳи мазкур бренди тоҷикии "LA'AL Textiles", ки дар худ фарогири якчанд ширкатҳои тоҷикии истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷии хонагӣ, қолинҳои дастбофт ва дигар лавозимоти ҷузъӣ аст, муаррифӣ менамояд.
"LA'AL Textiles" бренди асосии нассоҷӣ дар Тоҷикистон буда, хусусияти фарқкунандааш дар истифодабарӣ аз технологияҳои инноватсионӣ, бартарияти тарроҳии маҳсулот ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии сифат мебошад.
Бренди "LA'AL Textiles" дар Тоҷикистон соли 2016 дар доираи лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) «Таҷдиди бахши қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Бо қаноатмандӣ қобили зикр аст, ки имрӯз маҳсулоти "LA'AL TEXTILES" бо сифати баланди ҳунармандӣ бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мусаххар карда, фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷикро муаррифӣ менамояд.
Намоишгоҳи мазкур то 17 сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва барои хоҳишмандони маҳсулоти дастбофти тоҷикӣ имконият ҷиҳати боздид аз намоишгоҳ дар суроғаи: ш. Москва, “Краснопресненская наб., 14”. метро “Выставочная” фароҳам аст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 9 сентябри соли 2021 дар шаҳри Москва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими дар Россия иштирок намуданд.
30 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотӣ қайд кард, ки эълон гардидани Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як рӯйдоди сарнавиштсоз дар масири бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гардид. Ҳамзамон Истиқлолият дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдории тоҷикон саҳми муассир гузошт.
Зимнан, бо тазаккур аз дастовардҳои муҳимтарини Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин нақши афзояндаи давлат дар арсаи байналмилалӣ қайд гардид. Дар зимн, таваҷҷуҳи махсус ба баргузории сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои муҳими дарпешистода - саммитҳои СҲШ ва СААД дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе зоҳир гардид.
Дар назди ҳозирин, инчунин аз номи Федератсияи Россия Муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко суханронӣ кард. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Ҷашни Истиқлолиятро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ намоиш дода шуд.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва мероси миллӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ба муносибати таҷлили солгарди ин ҷашни муҳим роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Россия, инчунин намояндагони аҳли зиё ва дигар доираҳои илмиву фарҳангӣ аз миёни зодагони Тоҷикистон ҳузур доштанд. Онҳо ин ҷашни муқаддасро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти волои миллӣ таҷлил намуда, таманнои шукуфоии ҳамешагӣ ва пешрафтҳои бузурги минбаъдаи Ватанро иброз намуданд.

8 сентябри соли 2021 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ба муносибати 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардид.
Зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд.
Дар рафти вохурӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 31 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 29 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.
Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд
Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

7 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Ҳамсуҳбатон масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо, аз ҷумла перомуни масъалаи омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе табодули афкор намуданд.
Тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ибрози назар карданд.
Андрей Руденко дар фаъолияти минбаъдаи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сифати роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия муваффақиятҳо орзу намуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон