Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Россия идома дорад
Тавре қаблан хабар додем, 4 декабри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуданд.
Дар идомаи сафар шоми 4 декабр Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои АП СААД аз маркази фарҳангию маърифатии «Заряде»-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.
Зимни сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ҳамроҳӣ намуд.
Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
5 декабри соли 2022 дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки мулоқоту суҳбатҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.
Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар Москва дар маросими гулчанбаргузорӣ иштирок карданд
Нимаи аввали 5 декабр дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок карданд.
Иштирок ва суханронии Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
5 декабри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии аъзои АП СААД масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти Созмон ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар марҳилаи таърихии 30 соли баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20 соли таъсисёбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ин созмони байниминтақавӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои ҳампаймонӣ роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси байнидавлатӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба даст омадааст.
Дар ин зимн, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ихтилофҳои дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада, ки барои рушди аксари кишварҳо мушкилот эҷод мекунанд, равона сохта, вобаста ба вазъияти мураккаб дар Афғонистон, бори дигар зарурату аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД, таъкид доштанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҷиҳати анҷоми корҳои босамару назарраси он дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, ҳамчунин ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат баҳри татбиқи зарфиятҳои ин кишвар дар давраи раёсат дар Созмон, иброз доштанд.
Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуд.
Аз ҷумла, ҷиҳати наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзо як қатор тавсияҳои қонунгузорӣ дар бахшҳои мудофиа ва амният, таъмини ҳифзи равандҳои электоралӣ, оид ба муқовимат ба хавфҳои тақсимоти беназорати дороиҳои виртуалӣ қабул карда шуданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа нақшаи кори АП СААД дар соли 2023 ҷонибдорӣ гардида, сметаи даромадҳо ва хароҷоти таъминоти фаъолияти созмон барои соли оянда тасдиқ карда шуд.