Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия
12 декабри равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров иштирок кард.
Зимни мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2022 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯҳои меҳварӣ дар он дидор буд.