Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия
3 ноябри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Россия, ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва шароити тиҷорат, инчунин дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор карданд.
Д. Гулмаҳмадзода қайд намуд, ки дар 9 моҳи соли 2022 гардиши мол миёни кишварҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи назаррас афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин зарурати афзоиши интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Россия таъкид шуд.
Ҷонибҳо нақши муҳими Комиссияи дарпешистодаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россияро дар таҳкими равобити дуҷониба дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ қайд карданд.
Ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ
3 ноябри соли 2022 дар шаҳри Москва ҷаласаи даҳуми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардид ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шӯрои амният Маҳмудзода Насрулло дар он иштирок варзид.
Ҷаласаро Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев раҳбарӣ намуд.
Дар маҷмуъ чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ дар шароити муосир, аз ҷумла амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ, баррасӣ гардиданд.
Ба масъалаҳои муқовимат ба таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар натиҷаи фаъолияти созмонҳои террористии байналмилалӣ дар қаламрави Афғонистон ба вуҷуд омадаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои фаъолияти тахрибкоронаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситахои ахбори оммаи хориҷӣ дар қаламрави давлатҳои ИДМ мавриди баҳс қарор гирифтанд.
Ғайр аз ин, тадбирҳои мубориза алайҳи аз нав шуҳрат ёфтани фашизм ва сохтакориҳои таърих дар фазои иттилоотии ИДМ баррасӣ гардиданд.
Муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома таваҷҷӯҳи шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро ба ҳамкории ҳамаҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрами таъмини амният нишон дод. Таклифхои мушаххас ба миён гузошта шуданд, ки мақсад аз он вусъат додани ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи бехатарӣ мебошад.