Материалы отфильтрованы по дате: Четверг, 10 Ноябр 2022

10 ноябри 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Черногория дар кишвари иқомат Милорад Шчепановичро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва роҳҳои имконпазири рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи саноат, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои об ва табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳарду ҷониб ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак, вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Опубликовано в Сиёсат

9 ноябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Юнон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Москва хонум Екатерини Нассика мулоқот кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ, баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо сафари дар пешистодаи Сафири Юнонро ба Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Юнон иброз намуданд.

Опубликовано в Сиёсат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон