Материалы отфильтрованы по дате: Понедельник, 04 Октябр 2021
Понедельник, 04 Октябр 2021 00:00

Мулоқот бо Сафири Покистон

1 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Федератсияи Россия Шафқат Али Хан баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат сафирон роҷеъ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Душанбе, инчунин баргузории бомуваффақонаи мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар татбиқи тавофуқоти зимни саммити СҲШ ҳосилшуда изҳор карданд.

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбатон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстонаро миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.

Тарафҳо ҳамчунин перомуни якчанд масъалаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори назар карданд.

Дар фарҷоми мулоқот сафирони Тоҷикистону Покистон омодагии мутақобилаи худро ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳо миёни Намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

Опубликовано в Сиёсат

1 октябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Черногория дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва Милорад Шчепанович мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба таҳкими ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла бахши сайёҳати кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон роҷеъ ба мавзуъҳои муҳими байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Сафирон омодагии мутақобиларо ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Черногория изҳор намуданд.

Опубликовано в Сиёсат
Понедельник, 04 Октябр 2021 00:00

Мулоқот бо Сафири Австралия

30 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқомат дар Москва, Грэм Михан мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австралияро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду савдо, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат, Д. Гулмаҳмадзода ва Г. Михан омодагиро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Австралия изҳор намуданд.

Опубликовано в Сиёсат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон