Материалы отфильтрованы по дате: Суббота, 16 Октябр 2021

15 октябри соли 2021 кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, дар асоси маълумоти ба Сафорат расида дар бораи мушкилии 110 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар вилояти Воронежи Россия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, бо мақсади баррасии масъала ва мусоидати минбаъда ба маҳали ҷойи кории онҳо, сафар карданд.
Зимни суҳбатҳои намояндагони Сафорат бо корфармо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маълум карда шуд, ки 22 июли соли ҷорӣ 110 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Россия сафар кардаанд. Мутаасифона, дар рӯзҳои аввали омадан ба Воронеж аз ин теъдод 6 нафар ба сирояти COVID-19 гирифтор шуданд ва давоми 14 рӯзи минбаъда ҳамаи он гурӯҳ дар ҳолати карантин қарор доштаанд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи шартномаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо корфармо, яъне ширкати ҶСП “Острогожсксадпитомник”, маблағи патент барои кор, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб ва ғизо аз ҷониби корфармо пардохт шуда, пас аз шурӯъ гардидани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, корфармо маблағи сарф кардаашро аз музди меҳнати онҳо бозпас гардонидааст. Бинобар ин, корфармо 1 сентябри соли 2021 ба ҳар як нафари онҳо 10 000 рублӣ пешпардохт намудааст. Аз ин лиҳоз, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст.
Бинобар ин, дар натиҷаи вохӯрӣ ва суҳбати фаҳмондадиҳии кормандони Сафорат бо роҳбари ширкати мазкур, шиносномаҳои шаҳрвандон бозпас гардонида шуда, ҳамчунин ҷиҳати пардохти боқимондаи музди меҳнати онҳо мувофиқа ҳосил шуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Россия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳар як ҳолати рух додани мушкилӣ, ҳодисаҳои нохуш ва ё дигар масъалаҳои ҳалталаб, ФАВРАН ба Сафорати Тоҷикистон ва Хадамоти консулии он муроҷиат намоянд.
Ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия телефони шабонарӯзӣ фаъол аст ва ҳамчунин ҳамаи дархосту муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ қабул ва мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Лутфан, муроҷиат намоед:
+7 495 690 41 86 - Сафорат
+ 7 985 740 02 12 - Хадамоти консулии Сафорат
E-mail:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Опубликовано в Муҳоҷират

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон