Эълон (21)
Муроҷиати фаврӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон
16 Март 2020Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Россия ва Қазоқистон баста шудаанд.
Дар ин робита Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба Тоҷикистон тавассути Қазоқистон, бо ҳамаи воситаҳои нақлиёти заминӣ, муваққатан худдорӣ намоянд.
Тел:+7 (495) 690-41-86
+7 (495) 690-57-36
шаҳри Санкт-Петербург:
Тел: +7(812)490-47-46
шаҳри Уфа:
Тел: +7 (347) 276 52 96
шаҳри Екатеринбург:
Тел: (+343) 370 23 60
шаҳри Новосибирск:
Тел: +7 3833495970
Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати Кӯҳна
28 Фев 2018 Аз 15 то 18 марти соли 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва ҶММ “Кристалл-Экспо” дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Москва ҷашни умумишаҳрии Москва “Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати Кӯҳна”-ро дар “ТВК Арбат 24” (суроға: ш.Москва, кӯчаи Арбат 24) баргузор менамоянд.
Дар чорабинӣ иштироки устодони ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, Россия ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиии миллии муқими Москва, инчунин сокинони шаҳри Москва ва меҳмонони пойтахт пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи иштирокдоронро барномаи рангину пурғановат, аз ҷумла намоишгоҳ-ярмаркаи санъати мардумии ороишӣ ва ҳунарҳои анъанавӣ, либосҳои миллӣ, хӯрокҳои миллии халқҳои гуногун, консерти устодон ва ҳаваскорони санъат мунтазир аст.
Даромад ба макони чорабинӣ ройгон аст.
Роҷеъ ба иштирок дар ҷашни Наврӯз ташкилоту шахсони хоҳишманд метавонанд бо масъулони чорабинӣ бо рақамҳои зерин дар тамос шаванд:
Телефон: +7 968 711 13 36, +7 965 141 76 15, +7 925 942 41 41
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Веб-сайт: www.kristallexpo.ru
Ҳамаи хоҳишмандонро ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Эълон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 Янв 2018Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода, ки бо сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи Ҷумҳурии Қазоқистон рабт дорад, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд.
Ба маълумоти истифодабарандагони сомонаи Сафорат расонида мешавад, ки Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Конкурси байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти бурсия (ҷойҳои буҷавӣ) барои дохил шудан ба Донишгоҳи мазкур эълон кардааст.
Имтиҳонҳо дар шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2018 доир карда мешаванд.
Довталабон метавонанд дар сомонаи зерин худро номнавис карда, дар Конкурси мазкур ширкат варзанд:
http://www.fa.ru/org/div/uprsaido/gprstm/mks/Pages/registration.aspx
Маълумоти бештар:
http://www.fa.ru/org/div/uprsaido/gprstm/mks/Pages/Home.aspx
Эълон
30 Май 2017Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба маълумоти шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи амри Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017 таҳти №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ва Ҷомӣ конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия” аз санаи 1 июн то 12 июли 2017 дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочи муҳлати бақайдгирии( регистратсия) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ 1 шабонарӯз муқаррар карда шудааст. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки барои будубоши муваққатӣ, (ё доимӣ) ва бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар давраи баргузории мусобиқоти конфедератсияи ФИФА, аз санаи 1 июн то 12 июли соли 2017 ба шаҳрҳои номбаршуда меоянд, бояд дар давоми як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шавад.
Бо назардошти он, ки чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Россия дар давраи мусобиқот пурзур мешавад ва қоидавайронкунии хурд метавонад боиси татбиқи чораҳои қатъии сохторҳои қудратӣ гардад, Сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, то пеш аз сафар дар муҳлати зикршуда (аз 1 июн то 12 июли соли 2017) ба шаҳрҳои номбаршуда имконияти дар як шабонарӯз бақайдгузории худро ба инобат гиранд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои номбурда қарор доранд ва муҳлати бақайдгириашон дар ин муддат ба итмом мерасад, тавсия дода мешавад, то пешакӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда, худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд.
Бояд гуфт, ки чораҳои мазкур муваққатӣ буда, танҳо дар муддати 42 рӯз, яъне аз 1 июн то 12 июли соли 2017 татбиқ мегардад ва он на танҳо барои шаҳрвандони ҶТ, балки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ дорад.
Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони ҶТ метавонанд бо телефонҳои зерин тамос гиранд: 44 (640) 19 51; 44 (640) 91 99; +7 495 967 98 44; +7926 255 09 27; +7968 399 0404; (Москва) +7 964 373 75 01; (Санкт-Петербург), +7 906 329 28 28 (Қазон), +7 967 326 68 43; (Сочи).
Ба таваҷҷуҳи муроҷиаткунандагон расонида мешавад, ки барои дастрас намудани маълумот оид ба масъалаҳои консулӣ метавонед ба рақамҳои Хадамоти консулии Сафорат +7 (495) 690-57-36 ва +7 (495) 690-52-81 аз соати 14:00 то 16:00 рӯзҳои корӣ (душанбе-ҷумъа) занг занед.
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки ҷиҳати саривақт пайдо кардани маълумоти дақиқ оид ба масъалаҳои консулӣ метавонед ба почтаи электронии Хадамоти консулӣ - Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. саволи худро фиристед.