Ҷашнвораҳо (49)

Муҳтарам собиқадорон ва кормандони хизмати дипломатӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар раванди таърихии ташаккул ва рушди Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши сазовор дорад.
Шароити мушаххаси таърихии инкишофи кишвари соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ тайи чоряк асри гузашта аҳаммияти хоссаи омили беруниро дар ҳаёти ҷомеаи мо ва робитаи зичи рушди дохилии кишварро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.
Дар вазъияти пуртазоди солҳои аввали истиқлолият роҳандозии равобити хориҷӣ ва муаррифии шоистаи давлати навини мо дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин самтҳои раванди давлатсозӣ буд.
Аз ин нигоҳ санаи 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи воқеан муҳим ба шумор меравад.
Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.
Ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии кишвар, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳаммияти таърихӣ дорад.
Ҳамин буд, ки аз соли ҷорӣ сар карда, рӯзи 29 сентябр дар кишвари мо ҳамчун “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” таҷлил мегардад.
Бинобар ин, бо камоли хушнудӣ ҳамаи шуморо ба муносибати таҷлили нахустини ҷашни касбиатон самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Басо рамзист, ки дар ин рӯзи барои ҳар яки шумо хотирмон мо бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷиро, ки санги асоси онро як сол қабл, яъне 7-уми сентябри соли 2015 гузошта будем, ифтитоҳ намудем.
Бинои мазкур пурра аз ҳисоби даромадҳои консулии вазорат сохта шуда, бо технологияҳои пешрафтаи хизматрасонӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва дар он тамоми шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.
Итминони комил дорам, ки баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иморати хуштарҳу замонавӣ барои босифат ва дар сатҳи талаботи замон сурат гирифтани хизматрасониҳои консулӣ имкониятҳои нав пайдо мешаванд.
Дар зарфи 25 соли истиқлолият хизматрасонии консулӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ вусъат ва густариши беш аз пеш ёфтааст.
Айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҳамарӯза талош меварзанд.
Фаъолияти солҳои охири Вазорати корҳои хориҷӣ доир ба татбиқи навгониҳо дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ боиси таҳсин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доимо дастгирӣ меёбад.
Ҷорӣ кардани низоми истифодаи шиносномаҳои биометрии дорои ҳомили электронӣ ба ҳайси аввалин қадам дар ин ҷода, ҳамчунин кортҳои шиносномавии дохилӣ ба ҳайси василаи муосири сабти маълумоти шахсии шаҳрвандон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари онҳо тибқи талаботи байналмилалӣ эътимоднокии худро дар амал исбот намуданд.
Чанде пеш дар кишвар низоми раводиди электронӣ роҳандозӣ шуд, ки он яке аз таҷрибаҳои нахустин дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, имконияти мусоиди аз ҷониби ҳар як шаҳрванди хориҷӣ дастрас намудани раводиди дахлдорро тавассути мақомоти консулӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон фароҳам меорад.
Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти кишварамон миёни сохторҳои давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муайян намудани беҳтарин сохтори марказии ҳокимияти давлатӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти он Вазорати корҳои хориҷӣ ҷоизаи махсуси ин озмунро ба даст овард, ки ин ҳам баёнгари пешрафти ниҳодҳои вазорат, аз ҷумла хадамоти консулии он, ба шумор меравад.
Мусаллам аст, ки дар тӯли 25 сол Вазорати корҳои хориҷии мо дар пешбурди сиёсати берунии Ҳукумат корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Зимнан,бояд гуфт, ки дар даврони пеш аз истиқлол Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ собиқаи муайяне дошт, вале дар арсаи сиёсати хориҷӣ дорои чунин таҷриба набуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 1944 таъсис ёфта буд, танҳо баъзе масъалаҳои ташрифотию намояндагиро ба иҷро мерасонид.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ ва доираи фаъолияти он чун мақоми идораи давлатӣ ба таври назаррас тағйир ёфт.
Дар робита ба ин, ишора ба як далел кофист, ки ҳайати кормандони он аз 11 нафари давраи пеш аз истиқлол ба зиёда аз 300 нафар расид.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар самти омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва лоиқу кордон, ки аз умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ бархурдоранд, ҳамчунин, дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо камбудиҳои зиёде дорем, ки ҳаллу фасли онҳо андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Ҳарчанд ки барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати дипломатӣ озмунҳо мунтазам гузаронида мешаванд, вале баъзе ҳолатҳои муносибати ғайрихолисона ба масъалаи арзёбии сифатҳои касбиву шахсии кадрҳои ҷавон ба мушоҳида мерасанд.
Сатҳи пасти малакаи касбии баъзе дипломатҳои тоҷик, алалхусус, дар самти омӯзиши забон, таърих, анъанаву фарҳанг ва қонунҳои кишвари иқомат, боиси нигаронист.
Дар масъалаи таъмин намудани сатҳи зарурии интизом ва масъулиятшиносии кадрҳо низ норасоиҳо ба назар мерасанд.
Ҳамчунин, ҳолати таъмини бехатарии иттилоотиву иртиботии фаъолияти намояндагиҳои дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.
Имрӯз мо бояд ба ин масъалаҳо ҳам дар дастгоҳи марказии вазорат ва ҳам дар сафорату намояндагиҳои дипломатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.
Тавре ки чанде пеш дар суханронии худ ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудам, меҳвари сиёсати хориҷии мо, дар баробари таъмину ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён иборат аст.
Мусаллам аст, ки дар иҷрои ин вазифа донишу таҷриба, ахлоқи ҳамида, одоби муошират, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони кишвари иқомат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва поквиҷдонии дипломатҳои тоҷик нақши муҳим дорад.
Мусоидат ба шинохти воқеии ҷомеаи Тоҷикистон ва равандҳои рушди ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии он дар хориҷа яке аз вазифаҳои калидии Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии мо мебошад.
Вазъи кор дар ин бахш, алҳол, ба беҳбудӣ ниёз дорад ва сатҳи фаъолият дар ин самт бояд ҷиддан баланд бардошта шавад.
Истифодаи ҳамаи василаҳои дастрас, аз ҷумла таҳкими робитаҳои кории самарабахш бо ниҳодҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат, тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дигаргуниҳои бунёдии ҷомеаи мо аз тариқи суханрониву мусоҳибаҳои матбуотӣ ва музокироту вохӯриҳои дипломатӣ амри комилан зарур аст.
Мо имрӯз мушоҳида мекунем, ки ояндабинии тамоюлҳову ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вокуниши саривақтиву мантиқӣ ба онҳо аҳаммияти дучанд пайдо кардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафирону намояндагони моро дар хориҷи кишвар зарур аст, ки кори худро дар ин арсаҳо ба таври назаррас фаъол гардонида, ҷиҳати ташаккули дидгоҳу назари нек нисбат ба давлати Тоҷикистон ва халалдор нагардидани симои мусбати он дар арсаи байналмилалӣ чораҳои муассиру саривақтӣ андешанд.

Дӯстони азиз!
Ба шумо пӯшида нест, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон - фиристодагон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ доир ба сифатҳои сафирон чунин фармудааст:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Ё дар ҷои дигари ин асар Хусрави Парвиз ба фиристодагони худ чунин дастур медиҳад:
Хирадманд бошеду равшанравон,
Ниюшандаву чарбу ширинзабон.
Бад-он анҷуман ту забони манӣ,
Ба ҳар неку бад тарҷумони манӣ.
Дар ин мисраъҳои безаволи ҳаким Фирдавсӣ сифатҳои умдаи фиристодагон - муаррифгарони роҳбари давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳаммияти забондонӣ, ба таври возеҳ таъкид шудаанд.
Фикр мекунам, ки имрӯз ҳам арзиши ин суханони Фирдавсӣ кам нагаштааст ва онҳо барои ҳар яки шумо дар фаъолияти ҳаррӯзаатон бояд ба ҳайси чароғи ҳидоят хизмат кунанд.

Дӯстони азиз!
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавқеи умда доранд.
Тоҷикистон тайи даврони соҳибихтиёрии хеш муносибатҳои судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, ҷойгоҳу мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ марҳала ба марҳала мустаҳкам гардонид.
Давлати мо дар ин давраи аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори он рӯ ба афзудан ниҳод.
Ҳукумати Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои барқарории сулҳу субот дар кишвар масири густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунарсаи судмандро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ пеш гирифт ва ин равандро вусъат бахшид.
Сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Тоҷикистон мавриди пуштибонии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва ин омил барои татбиқи сиёсати муваффақонаи хориҷӣ заминаи хубе гардид.
Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам майлу рағбати худро ба тақвияту густариши равобит бо Тоҷикистон эълон медоранд.
Табиист, ки ҳар кишвар барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ ниёз ба заминаҳои ҳуқуқӣ дорад.
Соли 2002 аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои назариявию сиёсии равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нав - баъди истиқрори сулҳу субот - муайян кард.
Баъди гузаштани беш аз як даҳсола - бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва афзалиятҳои муосири бурунмарзии кишвар - дар ибтидои соли 2015 Консепсияи нави сиёсати хориҷии мо қабул гардид, ки санади асосии муайянкунандаи самтҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди сипарӣ гардидани марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хатти сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад.
Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои мухталиф мебинем.
Айни ҳол Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.
Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо, иҷро менамояд.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам ҷойгоҳи хосса дорад.
Тоҷикистон то имрӯз бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро ба роҳ монда, густариш медиҳад.
Дар ин замина Тоҷикистон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст.
Ҳамзамон бо ин, таъкид бояд кард, ки раванди татбиқи муқаррароти шартномаҳои ба тасвибрасида дар бисёр ҳолатҳо аз доираи назар берун мемонад ва натиҷаву боздеҳи баъзе санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба хеле кам мебошад.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дигар ба масъалаҳои вобаста ба таҳияи хушсифату саривақтии санадҳои дар чорчӯбаи сафарҳои расмиву кории роҳбарияти олии кишвар имзошаванда ва умуман, ба мазмуну мундариҷаи баланди чунин сафарҳо аҳаммияти пайваста ва хосса диҳанд.
Ҳар як шартномае, ки ба имзо мерасад, пеш аз ҳама, бояд воқеиву иҷрошаванда ва ҷавобгӯи талаботи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва манфиатҳои миллии мо бошад.
Бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» давлати мо равиши хоси дипломатияи худро дарёфт намуда, имрӯз дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд ва дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари хостори таъмину таҳкими сулҳу суботи саросарӣ шинохта шудааст.
Давлати мо муаллифи се ташаббуси бузург дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд.
Ҳамин буд, ки дар оғози соли равон бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард.
Ҳамзамон бо ин, ба мақсади идомаи талошҳои байналмилалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт, мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ибтикори нав - эълон кардани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” - ҷалб намудем.
Боиси хушнудист, ки ин иқдоми тозаи Тоҷикистон, ки зимни ширкати мо дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея муаррифӣ гардид, мавриди дастгирии рӯзафзун қарор дорад.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастгирии фарогир аз иқдоми мазкур ва дар ин замина таҳия ва пешниҳод намудани қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чораҳои зарурӣ андешанд.
Моҳи июни соли равон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели возеҳи болоравии обрӯ ва эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки давлати мо дар ниҳодҳои дигари Созмони Милали Муттаҳид, монанди Комиссияи маводи мухаддир барои солҳои 2014-2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014-2018 узвият дошта, дар чаҳорчӯбаи онҳо фаъолияти самаранок мебарад.
Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ боиси аҳаммияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва мунтазам афзудани нақши унсури иқтисодии равандҳои умдаи байналмилалӣ гардидаанд.
Вобаста ба ин, дар назди мо силсилаи вазифаҳои мубраме истодаанд, ки мақсад аз иҷрои онҳо расидан ба ҳадафҳои миллии рушди кишвар буда, истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодиро тақозо менамоянд.
Густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои таҳкими имкониятҳо ва зербинои иқтисодии кишвар аз ҷумлаи чунин вазифаҳо мебошанд.
Дар ин радиф, бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ва мавҷудияти шароити мусоид дар кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ дар соҳаи «иқтисоди сабз», ҳамчунин мусоидат ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро бо кишварҳои ҳамсарҳад чун василаи эҷоди фазои эътимоду боварӣ дар тӯли марзҳои кишвар ба таври алоҳида бояд зикр кард.
Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи аввалин ва муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказӣ мешуморад.
Тайи чоряк асри соҳибистиқлолӣ давлати Тоҷикистон чунин мавқеъ ва дидгоҳи худро дар амалияи сиёсиаш борҳо намоиш додааст.
Мо итминони комил дорем, ки ҳамгироии созанда дар заминаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимод ба якдигар ба манфиати ҳар як давлату халқи минтақа аст.
Мо дар якҷоягӣ метавонем низоми фарогири амнияти минтақаамонро эҷод намоем ва бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муборизаи муштарак барем.
Албатта, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини рушди умум аз муҳимтарин вазифаҳои муосир ба шумор мераванд.
Сафирону намояндагони мо дар хориҷи мамлакат, умуман, ҳар як дипломати тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки таъмини равобити хубу дӯстона бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузорад, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақому ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ маҳсуб мешаванд.
Фаромӯш набояд кард, ки риояи манофеи миллӣ ва заминасозӣ барои таъмини рушди устувори кишварамон, баробари ҳифзи дастовардҳои истиқлол, аз ҳар корманди хизмати дипломатӣ зиракии сиёсӣ, огоҳии комил аз равандҳои ҷаҳони муосир, шинохти дурусти ҳадафҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон, қобилияти таҳлили воқеаҳои дохиливу хориҷӣ, тасмимгирии саривақтӣ ва мантиқӣ дар баробари рӯйдодҳо ва албатта, садоқату самимияти хосса ба давлату миллатро тақозо менамояд.

Муҳтарам собиқадорон ва ходимони дипломатии кишвар!
Бори дигар ҳамаи шумо-намояндагони халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқкунандагони сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» табрик гуфта, бароятон дар роҳи хизмат ба давлату миллат барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша муваффақу пирӯз бошед!

29 сентябри 2016 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатии” Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ифтитоҳ бахшида, ба кормандони хизмати дипломатӣ ин рӯзи таърихиро муборакбод гуфт.
Дар суханронии хеш Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки дипломатони тоҷик дар ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас доранд. Чунки дар ҳама вақту замон кормандони дипломатӣ дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии хеш ва муаррифии шоистаи кишвари худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешсаф мемонанд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо роҳбарияти кишвар, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони дипломатӣ, чӣ дар Дастгоҳи марказии Вазорти корҳои хориҷӣ ва чӣ дар намояндагиҳои кишвар дар хориҷа, ғамхориҳои зиёд менамояд. Бино бар ин Сафир Имомуддин Сатторов аз ҳозирин даъват ба амал овард, то дар иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳои касбӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии кишвар, тамоми донишу малакка ва маҳорату таҷрибаи худро сафарбар намоянд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

08 сентябри 2016 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар меҳмонхонаи Ритс-Карлтони шаҳри Москва ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаро бо шукуҳу шаҳомати хоса барпо намуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, доираҳои илму фарҳангии Федератсияи Россия, корпуси дипломатӣ, расонаҳои иттилоотии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони диаспораи тоҷик, донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷик, ки феълан дар Россия таҳсил ва ё кору фаъолият доранд, ташриф оварданд.
Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро шодбош намуда, доир ба аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва дастовардҳои беназири кишвар, ки маҳз дар ҳамин даврон ба даст омадаанд, сухан гуфт.
Аз ҷумла Сафири Тоҷикистон дар рафти суханрониаш таъкид намуд: “Мо аз он шукр менамоем, ки дар он лаҳзаҳои душвортарин барои Тоҷикистон ва халқи он, раҳбарии кишварро Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт. Маҳз ба шарофати худфидоӣ, хирадмандӣ, ояндабинӣ ва иродаи мустаҳками ин шахс сулҳу субот ва рушди пайваста дар кишвар ҳукмфармо гирдид.
Баъдан Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсяи Россия Василий Небензя аз номи роҳбарияти кишвараш, ба давлат ва мардуми тоҷик рӯзи Истиқлолияти давлатиро муборакбод гуфта, Тоҷикистонро шарики калидӣ ва боэътимоди Россия дар Осиёи Марказӣ номид.
Дар даромадгоҳи макони чорабинӣ намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро аз наздик бо дастовардҳои кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангу маориф, ва бо табиати зебою имкониятҳои ғании сайёҳии Тоҷикистон ошно менамуд.
Бахши фарҳангии чорабиниро ҳунарпешаи шинохтаи кишвар Афзалшо Шодиев бо маҳорати воло ва сурудҳои дилнишини ватандӯстонаи хеш шукуҳи тоза бахшид.
Ҳамчунин ҳозирин аз беҳтарин таъомҳои миллии тоҷикӣ нӯши ҷон намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР


Ин рӯзҳо ҷашни баҳору бедоршавии табиат – Наврӯзи аҷам дар тамоми гушаҳои Россияи беканор фарогир ва бо таровати хос ҷашн гирифта мешавад. Шурӯъ аз Москва то Шарқи дур ба шарофати дастгирии мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва кӯшишҳои Сафорати Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, диаспораҳои тоҷик ва ташкилотҳои миллии фарҳангӣ метавон фазои нотакрори ин иди дар ҳақиқат мардумиро эҳсос намуд. Метавон бо итминон гуфт, ки Наврӯз дар Россия ҷойгоҳи худро касб намуд, зеро Наврӯз ғояҳои дӯстӣ, бародарӣ, тозагии пиндор ва кирдор, меҳнатдӯстӣ, таҳамулпазирӣ ва ғайраро тарғиб менамояд.
Ҷашгирии Наврӯз 20 март дар Москва оғоз гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Москва Наврӯзи умумшаҳрӣ дар толори НДХХ бо иштироки зиёда аз 35 ҳазор сокинон ва меҳмонони Москва таҷлил гашт.


24 март дар меҳмонхонаи “Метропол” Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаро бахшида ба Наврӯз бо пешкаши барномаи рангину ҷолиб барои меҳмонони ин ҷашн барпо намуд.


26 март дар толори варзишии «Крылья советов» бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Помир” бахшида ба иди Наврӯз мусобиқа оид ба гуштингирии миллии тоҷикро ташкил кард. Ғолибони ин мусобиқа бо медалҳо ва ифтихорномаҳо, инчунин туҳфаҳои боарзиш сарфароз гардонида шуданд.


Билохира, 27 март ба шарофати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори консертии “Россия” консерти бузург бо иштироки Далер Назаров сурат гирифт. Ин шом дар толори консертии “Россия” тақрибан 7 ҳазор тамошобин гирд омаданд ва ин чорабинӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ба 126 давлат пахш гардид.


Як қатор чорабиниҳо бахшида ба Наврӯз дар пойтахти фарҳангии Россия ш. Санкт-Петербург низ ташкил карда шуд. Аз 19 то 26 март дар толорҳои гуногуни ш. Санкт-Петербург бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ диаспораҳои тоҷик ва дигар ташкилотҳои миллӣ чорабиниҳои тантанавии идонаро баргузор намуданд.


26 март дар Филармонияи давлатии Оренбург Ҳукумати ин вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои фарҳангии миллии ин минтақа консерти идонаро бахшида ба Наврӯз барпо кард.
Наврӯз инчунин татанавор дар минтақаи Краснодар ҷашн гирифта шуд. Ташкилотҳои фарҳангии тоҷик дар ҳамбастагӣ бо дигар ташкилоҳои миллӣ консертҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастиро дар гӯшаҳои гуногуни ин минтақа баргузор намуданд.


Диаспораҳои тоҷик дар дигар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Россия низ ба таври васеъ ва мутантан Наврӯзро ҷашн мегиранд. Чорабиниҳои идона то миёнаи моҳи апрел идома хоҳанд ёфт.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Аз 25 то 26 марти соли 2016 сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ба вилояти Оренбург ба вуқӯъ пайваст. Мақсади сафар роҳандозии ҳамкории самаранок бо роҳбарияти вилоят, баргузории вохӯрӣ бо намояндагони диаспораҳои минтақаи Приволжияи Россия ва иштирок дар чорабинии тантанавии ҷашни Наврӯз ба ҳисоб мерафт.
26 март вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Губернатори вилояти Оренбург Юрий Берг баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ миёни вилояти Оренбург ва вилоятҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки ҳиссаи вилояти Оренбург дар ҳаҷми умумии мубодилаи тиҷоратии байни Тоҷикистону Россия 185 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар рафти мулоқот самтҳои мушаххаси ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва маориф баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Оренбург, инчунин афзоиш додани бурсияҳои таҳсилоти барои донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят муҳокима шуд.
Баъд аз вохӯрӣ бо Губернатори вилояти Оренбург Сафири Тоҷикистон дар маросими гузоштани гулчанбар дар назди оташи абадӣ, ки дар маҷмааи осорхона “Оташчароғи Ғалаба” ҷойгир аст, иштирок намуд.
Худи ҳамон рӯз дар китобхонаи илмӣ, универсалии вилояти Оренбург вохӯрии И. Сатторов бо ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни рӯзмара мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Сафири Тоҷикистон ба ҷамъомадагон роҷеъ ба мақсад ва моҳияти баргузории Референдуми умумихалқии пешомад оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешкаш намуд ва тамоми ҳамватанони бурунмарзиро барои иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ даъват кард.
Инчунин дар Филармонияи давлатии вилояти Оренбург бо дастгирии Ҳукумати вилоят чорабинии тантанавии ҷашни байналмилалии Навруз баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон дар назди ҳозирин, ки сокинони Оренбург ва намояндагони миллатҳои гуногун буданд, суханронӣ намуда, онҳоро бо ҷашни куҳанбунёду зебои Навруз табрик кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Ҳамватанони азиз, дустони гиромӣ!

Инак, Соли нави мелодии 2015-умро бо умеду орзӯҳои нек ва нияту нақшаҳои наву созанда истиқбол намудем.
Қаблан дар ин рӯзҳои фараҳбахш кулли шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015–соли идомаи бунёдкориву ободонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо дар саросари Россия ва берун аз он сиҳатмандии комил ва рӯзгори осуда, бахту иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзӯ менамоям.
Мавриди зикр аст, ки соли 2014 барои мардуми тоҷик соли басо таърихӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад, зеро дар қаламрави кишвар маъракахои муҳими сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ доир гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ба Сафорат ва кормандони он воқеаҳои муҳими сиёсии соли сипаригашта, аз ҷумла сафарҳои Президенти кишвар, раисони палатахои болоиву поёнии порлумон, Сарвазир ва дигар вазирони калидии кишвар ба Россия ва дидору гуфтугӯйҳои дуҷониба ҷиҳати рушди муносиботи миёни мову Россия, рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд. Гузашта аз ин, дар тӯли соли 2014 мо ба вилояту навоҳии Россия: Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа, Краснодар, Сочи ва шаҳрҳои дигари вилояти Москва сафар дошта, дар маврдиди густариши муносиботи тарафайн бо вилояту манотиқи Россия дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳо тасмимот гирифтем. Бо ҳамдиёрони азиз дидору мулокот намуда, дар мавриди ҳалли мушкилоти мавҷудаи кору иқомат ва таҳсили онҳо машварат намудем. Соли 2014 - барои мо соле буд, ки ба азму суботамон дар роҳи пешбурди сиёсати хориҷии кишвар, фароҳам овардани обрӯю эътибори давлату миллати мо, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахрвандонамон дар Россия такон бахшид. Бо ин мақсад тамоми қувва, захираву имкониятҳои мавҷударо ба пуррагӣ истифода бурда, баҳри боз ҳам ба сатхи баланд бардоштани муносибатҳои мо бо ин кишвар, ки самтҳои мухталифро дарбар мегиранд, равона хоҳем сохт.
Дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли Нави мелодӣ кулли шумоёнро аз самими дил табрик гуфта, баҳратон барору комёбиҳо, бахту саодати беназир ва хушиҳои рӯзафзуни зиндагиро таманно дорам.

Соли Наватон муборак!

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи бисту ҳаштуми июл моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи тоату ибодат ва мағфирату бахшиш анҷом меёбад ва барои тамоми мусулмонони олам иди саиду мубораки Фитр фаро мерасад.

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо яке аз суннатҳои бисёр муқаддаси динӣ ба шумор мераванд, зеро онҳо таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, раҳму шафқат, некиву накӯкорӣ ва дигар аъмоли хайру созанда мебошанд.

Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд, ятимону муҳтоҷонро дастгирӣ мекунанд, ба арвоҳи гузаштагон дуои хайр мефиристанд ва аз даргоҳи Худои мутаол ба хешу наздикон саломативу хушрӯзӣ, бахту саодат ва барои Ватани маҳбуби худ суботу оромиро талаб менамоянд.

Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум онро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом - доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол мегиранд.

Зеро Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст.

Дар ин лаҳзаҳо, ки мо дар арафаи ин иди мубораки суннатии мардумамон, яъне иди саиди Фитр қарор дорем, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар оромиву осоиш, хушҳоливу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Моҳи Рамазон таҷассумгари ваҳдати аҳли ҷомеа буда, дар давоми асрҳо ба густариши дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар миёни одамон мусоидат кардааст.

Ин моҳ ва иди саиди Фитр мардумро, пеш аз ҳама, барои анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ, худшиносиву худошиносӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар ҳидоят месозад.

Дар мавриди фазилатҳои ин иди муборак Расули акрам мефармоянд: «Ва чун шаби иди Фитр, ки шаби ҷавоиз ном дорад, фаро расад, Аллоҳи таоло подоши амалкунандагонро бидуни ҳисобу шумурдан бибахшад.

Ва чун субҳи рӯзи ид фаро расад, Худованд фариштагонро ба ҳамаи шаҳрҳо бифиристад».

Дар ин рӯзи саид нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан, аз Парвардигор оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро талаб кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо мебошад.

Дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо адои онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшиши ҳамдигар буда, тибқи фармудаи онҳо аслан ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки беш аз се рӯз дар дил кинаро нигоҳ дорад.

Яке аз амалҳои хайре, ки дар давраи моҳи шарифи Рамазон ба ҷо оварда мешавад, тоату ибодат ва адои дигар амалҳои мансуб ба тавбаву авфи гуноҳ мебошад, ки онҳо тибқи муқаррароти дини мубини ислом бояд самимонаву сидқан иҷро карда шаванд.

Муаллими бузурги ахлоқи ҳамида - Шайх Саъдӣ дар ашъори ахлоқиву тарбиявии худ доир ба сидқан иҷро намудани тоату ибодат аз ҷониби мусулмонон гуфтааст:

Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони мо ҳифз менамояд ва риояи онҳоро кафолат медиҳад.

Дар ҷомеаи озоду демократие, ки бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем.

Зеро ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.

Мо як маротиба даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва ҳаргиз фаромӯш намекунем, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ ба мо бар ивази чӣ қадар хисороти ҷониву молӣ муяссар шудааст.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд.

Тибқи фарзиёти ислом пардохти фитри рӯза дар моҳи мубораки Рамазон воҷиб шумурда шуда, ин амал бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.

Олимони фиқҳи исломӣ додани фитри рӯзаро пеш аз адои намози ид кори савоб донистаанд.

Зеро амалӣ намудани фазилатҳои ҳамидаву писандидаи моҳи шарифи Рамазон, аз қабили эҳсону сахо, дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон кори ниҳоят хайр ва амали басо нек мебошад.

Бинобар ин, эҳсону накӯкорӣ ҳамчун яке аз фазилатҳои ахлоқӣ бояд ба як хислати фитрӣ ва амали доимии инсонҳо табдил гардад.

Дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.

Дар ин сарчашмаи муътабар илова ба садақаи фитр инчунин садақаи фарз ва садақаи ҷавонмардӣ борҳо зикр ва таъкид шудааст.

Ҳамчунин дар андарзномаҳои уламо ва аҳли адаби мо дар боби ба кӣ роиҷ будани қабули садақа ва фитри рӯза омадааст, ки инсони солим, яъне дорои тани бутун ва қуввати кор ҳаққи гирифтани садақаро надорад.

Фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳимму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз он аст.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзи мубораку хуҷаста сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон ва осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд.

Ҳамчунин як масъалаи муҳимро бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.

Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон