Ҷашнвораҳо (49)

Рӯзи 16 ноябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода, раисони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳамватанон, аҳли илму фарҳанг, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии шаҳр таҳсил мекунанд, иштирок доштанд.
Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати ҷашн табрик гуфта, роҷеъ ба таърихи пайдоиши он ва рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият, аҳамияти баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақдири минбаъдаи давлат ва мардуми кишвар ибрози андеша намуд.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки халқи тоҷик дар ин давраи тақдирсоз роҳбару роҳнамои мардумии худро пайдо намуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳуриро аз ҳолати буҳронӣ берун оварда, тариқи музокирот сулҳу осоишро таъмин намуд, зимни роҳандозӣ намудани ислоҳоти сартосарӣ онро ба сатҳи тамоман дигар баровард.
Сипас Имомуддин Мирзоевич дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, мустаҳкам шудани эътибори ҷумҳурӣ дар асраи байналмилалӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти пурсамари роҳбари давлат мебошанд, маълумот дод.
Дар баромадҳои худ иштирокчиёни ҷамъомад ба рушди кишвар дар солҳои истиқлолият баҳои баланд дода, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳайти ҷумҳурӣ ибрози назар карданд. Дар баъзе баромадҳо роҷеъ ба дастгирии баъзе ташаббусҳо таклифу дархостҳо садо доданд.
Дар охир Имомуддин Сатторов роҷеъ ба баъзе масъалаҳои дар баромадҳо садодода назари худро иброз намуда, ба саволҳои ҳозирин посух дод.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

15 ноябри соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии ботантана бо иштроки меҳмонони расмӣ, олимону нависандагон, шоирон, намояндагони диакспораҳои тоҷик аз минтақаҳои гуногуни Россия, устодону донишҷӯёни тоҷики макотиби олии шаҳри Москва ва дигар чеҳраҳои шинохтаи мардуми тоҷик, ки феълан дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, суратпазир гардид.
Чорабинии пуршукуҳро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикситон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба даргоҳи Сафорат хайрамақдам гуфт.
Имомуддин Сатторов иброз дошт, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки созиши миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик дорад, бо шарофати иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардидааст.
Дар баромад махсусан қайд гардид, ки дар ин санаи муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикситон, ҳамзамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон таҷлил мешавад, ки идомаи мантиқии санаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Дар давоми баромад аз нақши таърихии Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳотҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар чорабинӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода низ иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашни 25-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Меҳмонон бо завқи зиёд аксҳои бойгонии рафти Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, инчунин филми мустанад бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Сафорат ба маррази тамошо омода шуда буд, дидан намуданд.
Дар бахши фарҳангии маросими пуршукуҳ гуруҳи овозадори “Шамс” ва ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалии Аюб бо ҳунари воло ва савту садои точикона табъи ҳозиринро болида ва шод гардониданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

3 ноябри 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маросими тантанавии ҷашни 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии ботантана ҳамчунин дар чаҳорчӯби эълон гардидани соли 2017 чун соли ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, ба вуқӯъ пайваст.
Чорабинии мазкур теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикро зиёда аз 20 макотиби олии Федератсияи Россия ва дигар ҷавонони фаъоли кишварамонро, ки айни ҳол дар Россия кору фаъолият карда истодаанд, гирд овард.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов маросими ботантанаро кушода эълон намуда, бо ифтихор ва хушнудии самимӣ ҳозиринро бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборакбод гуфт.
Дар ҷараёни суханронии хеш Имомуддин Сатторов таъкид намуд, ки Конститутсияи кишвар ин “санади тақдирсози миллат” мебошад, ки дар таҳкими заминаҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷик мусоидат менамояд.
Ҳамчунин Имомуддин Сатторов диққати ҳозиронро бар он ҷалб намуд, ки Конститутсияи кишвари мо “дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
Дар рафти суханронии хеш, Имомуддин Сатторов хотиррасон аз он шуд, ки дар аввали солҳои 90-ум, мардуми Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани маҳз меъёрҳои конститутсионӣ ба муноқишаи мусаллаҳона дучор гардид, ки қариб буд ба нобудии давлат оварда расонад.
Сафир Имомуддин Сатторов аз ҷавонони тоҷик даъват ба амал овард, то онҳо ба Конститутсияи кишвар эҳтиром гузоранд чунки он муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад, кӯшишҳояшро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат равона созанд, қонунҳои кишварро риоя намоянд ва ҷиҳати баланд бардоштани обурӯи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷаҳду кӯшиш намоянд.
Ба иштирокдорони чорабинӣ ҳамчунин филм дар бораи "Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" нишон дода шуд.
Дар давоми чорабинӣ Комрон Раҳимов - аспиранти Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо, Меҳрангез Сатторова - магистранткаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, Хусрав Аюбов-магистранти Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо, Ризо Баҳромзода - аспиранти Донишгоҳи Давлатии Москва, Ҷовидон Мирзоев - магистранти Донишкадаи Давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва ва Гулнора Мирзоева – донишҷӯи Донишгоҳи молия ва саноати Москва "Синергия" дар назди ҳозирин доир ба 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯза намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

06.11.2017

Ҳамватанони азиз!
Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.
6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Бисту се соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.
Ба муносибати ин рӯзи муборак кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушбахтиву осоиш ва ба Тоҷикистони азизамон суботу пешравиҳои бузургро орзу менамоям.
Имсол рӯзи Конститутсия дар арафаи 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ин ду санаи таърихӣ бо ҳам робитаи бевосита доранд.
Зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия роҳи ояндаи рушди давлати тоҷикон - эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон гардид, ки он барои таҳияи Конститусияи нав заминаи бунёдӣ гардид.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.
Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.
Бо вуҷуди он, ки Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд.
Қобили зикри махсус аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд.
Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Ҳамватанони гиромӣ!
Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
Хотирнишон месозам, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонун - эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад.
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.
Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги кишвар саломативу сарбаландӣ ва пирӯзиву хонаободӣ орзу менамоям.

04.10.2017 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.
Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.
Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.
Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.
Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.
Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.
Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.
Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадима ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.
Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.
Забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.
Аз ин рӯ, ба муҳаққиқони забоншинос, зиёиён ва умуман, ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.
Зеро ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки бо пешрафти илму техника ва технология забон низ бояд рушд кунад.
Яъне забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.
Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, ки забон ва либоси миллӣ, инчунин, номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд.
Итминон дорам, ки ин амал чун ҷузъи муҳимтарини зиндагии ҳаррӯзаи афроди миллат дар оянда низ вусъат пайдо хоҳад кард.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан сарбаландиву хонаободӣ ва ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.

13 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи “The Ritz-Сarlton” дар шаҳри Москва ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ барпо гардид.
Дар маросими ботантана намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Москва, намояндагони вазорату идораҳои ФР, расонаҳои иттилоотӣ, шахсиятҳои шинохтаи доираҳои мухталифи илму фарҳанги Россия ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими Федератсияи Россия ширкат варзиданд.
Чорабиниро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ зикр намуд, ки Истиқлолият ин оғози марҳалаи навини давлатдории тоҷикон, омили сарҷамии мардум, василаи муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва нишонаи возеҳи ҳастии миллати тоҷик ба шумор меравад.
Дар навбати худ Директори Департаменти сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Александр Стерник пайғом ва табрикоти самимии Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро ба самъи ҳозирин расонида, мардуми тоҷикро бо ҷашни 26-умини Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфт.
Меҳмонони ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Москва имконияти беназир пайдо намуданд, ки тавассути намоиши аксҳои наққошони шинохтаи тоҷик, ки аз ҷониби Юлия Вербитская ҷамъ оварда шудаанд, бо санъати тасвирии мардуми тоҷик шинос шаванд. Ҳамзамон санъаткорони тоҷик бо пешкаши савту навои дилнишин ва муаррифии фарҳанги рангоранги куҳанбунёди тоҷикон табъи меҳмонони сершумори ин чорабиниро болида сохтанд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

27 июни соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мизи мудаввар дар мавзӯи: «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон” доир гардид.
Барои ширкат дар чорабинии мазкур профессорҳо, олимон, аҳли фарҳанг, ходимони ҷамъиятӣ ва намояндаҳои ВАО-и Россия ва Тоҷикистон даъват шуданд.
Мизи мудавварро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.М.Сатторов ифтитоҳ намуд. Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон қайд намуд, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи нави давлати ҷавони Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст ва таърихи мазкур барои мардуми Тоҷикистон, чун рӯзи ваҳдат, оштии миллӣ ва истиқрори ваҳдати миллати куҳани тоҷик, то абад санаи муборак ва тақдирсоз хоҳад монд. Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат мероси бузург ва муқаддас мебошад, ки аз он пешрафт, тамоми дастовардҳои кишвар ва ҳаёти хуши халқи тоҷик сарчашма мегирад.
Аз ҷониби Сафири Тоҷикистон инчунин нақши таърихан муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат дар истиқрори давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва инчунин таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон таъкид гардид.
Дар мизи мудаввар инчунин Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, Профессори Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода Абдунабӣ, Михайлов Вячеслав Александрович – мудири кафедраи муносибатҳои миллӣ ва федеративии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (РАНХиГС), Қурбонов Нуралӣ Ҳайдарович – Директори Донишкадаи асосҳои иқтисодӣ-ҳуқуқии истихроҷи сарватҳои зеризаминии Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи С. Орҷоникидзе ва Шавкат Ниёзӣ – нависандаи машҳури тоҷик, профессор, доктори илмҳои филологӣ дар мавзӯъҳои: «Ваҳдати миллӣ –омилҳои асосии шукуфоии иқтисоди Тоҷикистон», «Намунаи истиқрори сулҳ», «Тоҷикистон - дӯсти Россия», «Созишнома дар бораи истиқрори сулҳ» ва ғайра ибрози ақида карданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар Имомуддин Сатторов аҳли нишаст ва тамоми ҳамватанони муқими Федератсияи Россияро бо ҷашни муқаддаси Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик намуд.

Москва, 26 июн. Имрўз соати 13:00 дар Маркази матбуоти байналхалқии «Россия сегодня»-и шаҳри Москва конфронси матбуот дар мавзўи: «Ҷумҳурии Тоҷикистон: 20 соли сулҳ» баргузор мегардад. Барои ширкат дар чорабинии мазкур директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва профессори Донишгоҳи забон ва адабиёти рус ба номи Абуабдулло Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода даъват шуданд. 

Қайд бояд кард, ки имсол рўзи 27 июн, яъне Рўзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он низ ба таври хоса ҷашн гирифта мешавад, зеро аз рўзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин 20 сол сипарӣ гардид.

Дар конфронс атрофи мавзўъҳои зерин суҳбат баргузор мегардад:
Тоҷикистон тўли ду даҳсолаи осоишта дар кадом сатҳ рушд кардааст?
Муваффақиятҳои асосии ин дастовардҳо дар чист?
Таҷрибаи Тоҷикистонро чӣ гуна метавон дар ҳалли қазияи Сурия истифода кард?

Маркази матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

9 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт.
Оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиа, генерал - лейтенант Шералӣ Мирзо гузориш дод.
Баъди садо додани суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли ҳамватанонро ба муносибати 72-юмин солгарди ғалаба бар зидди фашизм табрику муборакбод намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, ки дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карданд, андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷашни Ғалаба барои халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромушнашаванда мебошад, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон бо корнамоиву ҷонбозиҳо ва муборизаи фидокоронаву қотеъона якҷо бо халқу миллатҳои сулҳхоҳ оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомадро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, таъкид доштанд, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозоне, ки ҷони худро баҳри озодии кишвар нисор кардаанд, маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
Дар ин рӯз баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштани гулчанбар, ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт

president.tj

01 aпрели соли равон дар шаҳри Москва яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи замин Иди Наврӯз, ки ифодагари фарорасии баҳор ва оғози зиндагии нав мебошад, ҷашн гирифта шуд.
Иди Наврӯз сокинони шаҳри Москваро бо тамоми шукуфаҳо, фарҳанги рангин ва таърихи бойи халқҳои гуногуни Машриқзамин, ки ин идро қайд мекунанд, аз наздик шинос кард.
Роҳбари раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Москва Виталий Сучков чорабинии идонаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Москва сол аз сол тарафдорони бештари худро пайдо карда истодааст. Ба қавли ӯ, соли гузашта аз ҷашни Наврӯзи Москва тақрибан 30 ҳазор нафар дидан намуданд, вале имсол шумораи меҳмонони наврӯзи Москва аллакай аз 30 ҳазор нафар гузаштааст. Виталий Сучков ҳамчунин табрикоти шаҳрдори Москва Сергей Семёнович Собянинро манзури ҳозирин гардонид.
Чорабинии наврӯзии имсола дар ду майдон баргузор гардид: Яке дар фазои боз ошпазҳо аз кишварҳои гуногун ба пухтани Оши палов ва ҳакамон бошад, ба интихоби ошпази беҳтарин ва Оши палови беҳтарини ҷашнвораи “Оини ошпазӣ”, пардохтанд; Дигаре дар дохили бинои фарҳангии рақами 75-и “ВДНХ”, ки намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, мусобиқаҳои сершумор, инчунин гала-консертро бо иштироки ситораҳои мухталиф, дар бар гирифт.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати шаҳри Москва, Сафирони Фавқулодда ва Мухтори кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони як қатор доираҳои фарҳангии Россия ва намояндагони диаспораҳои гуногун дар Москва иштирок доштанд.
Тавассути намояндагони миллатҳои гуногун 35 намоишгоҳ ташкил карда шуд, ки калонтарини онҳо намоишгоҳи Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорат ташкил гардида, аз тасовири манзараҳои кӯҳҳои осмонбӯс ва табиати дилфиребу нодири Тоҷикистони азиз, аз маҳсулоти гуногуни косибӣ, маҳсулоти бешумори фелизин, сангин ва чӯбин, аз кӯртаҳои мардона ва занона, сузаниҳои калону хурд, либосҳои бо зару зевар ва гулдӯзиҳои миллӣ оро ёфтаи мардонаю занона, бозичаҳои сафолӣ, китобҳои таомҳои идона, анъанавӣ ва бойи тоҷикӣ ва дигар маҳсулотҳо иборат буд.
Теъдоди зиёди хоҳишмандоне, ки майли харидории молҳои ҳунармандон, тарроҳон ва соҳибкорони тоҷикро доштанд, боиси ҳаяҷони бузург дар байни меҳмонон гардида буд.
Яке аз меҳмонони намоишгоҳи Тоҷикистон иброз доштааст, ки “Ӯ се адад аз либосҳои занона, ки бо гулдузиҳои тоҷикӣ оро ёфтааст, барои худ ва ду духтараш, харидорӣ намудааст. Ба гуфти Ӯ нақшу нигори тоҷикӣ дар либосҳои занона имрӯзҳо мӯд шудааст ва дар байни ҷавондухтарони Москва низ маъруф гардидаанд”.
Меҳмонони Наврӯзи Москваро ғайр аз зиёфат ва фаровонии молҳо ва тӯҳфаҳои миллӣ барномаи бошукӯҳи мусиқӣ низ интизор буд. Бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамонро дар барномаи консертӣ ҳунарманди мардумӣ Сангали Мирзоев ва Ноҳид Зейналпур, Фаридуни Хуршед, Аскарали Гулов ва ансамблҳои рақсии “Гулчин” ва “Баҳор” муаррифӣ намуданд.
Навоҳои форам, садоҳои ҷолиб, ва рақсҳои зебои гулдухтарони тоҷик тамошобинонро ба фазои зебои хоси Машриқзамин ва ҳисси баҳорӣ ворид намуд.
Яке аз меҳмонони хориҷии Наврӯзи Москва гуфт, ки - «Дар вақти иҷрои барномаи мусиқии ҳайати Тоҷикистон дар ҷойи худ ором нишастан бисёр душвор буд, зеро ҳар як баромади ҳунармандон ҳозиринро ба ваҷд меовард ва ҳамагӣ ба рақс пардохтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзи Москва дар сатҳи олӣ муаррифӣ гардида, худи чорабинӣ дар сатҳи баланди касбию техникӣ ва дар фазои дӯстона баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон