Ҷашнвораҳо (49)

Ҷавонони азиз!
 
Ҳамаи шумо – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони мамлакат самимона табрик мегӯям.
 
Бо дарназардошти он, ки ҷавонон нерӯи бузурги ҷомеа мебошанд, мо илова ба мақоми ваколатдор доир ба пешбурди сиёсати давлат оид ба ҷавонон боз Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем.
 
Яъне мо ба ҳаллу фасли масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, такмили боз ҳам бештари заминаи ҳуқуқии соҳа ва муҳайё кардани шароити мусоид барои онҳо дар ҳамаи арсаҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳем.
 
Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, мо то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунем.
 
Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.
 
Имрӯз фаъолияти онҳо миёни аҳли ҷомеа торафт тақвият ёфта, ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доранд.
Ҷавонони мо тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит месозанд.
 
Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми назаррас мегузоранд. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд.
 
Ҷавонон, инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми басо назаррас доранд.
 
Бо бунёду ба истифода супоридани иншооти замонавии варзиш, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардидааст, солҳои охир сафи варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.
 
Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.
 
Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.
 
Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад. Дар ин самт мо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардорем.
 
Доир ба ин масъала ман дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардам, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
 
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, худи ҷавонон бо истифода аз қобилият ва донишу малакаи хеш ташаббускору фаъол бошанд.
Бо мақсади рушди деҳот ва дастгирии аҳолии он, ки аксарияти сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавононро ташкил менамоянд, мо солҳои 2019 – 2021 -ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардем.
 
Дар татбиқи ин ҳадафи Ҳукумат бояд аъзои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, занон ва оила, сохтору мақомоти марказиву маҳаллии давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳарчи бештар фаъол бошанд. Бахусус, раисони шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавононро зарур аст, ки фаъолияташонро дар самти бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои соҳибкорӣ, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.
 
Бовар дорам, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ватандӯсти мо дар бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии ба нақша гирифташуда фаъолона ширкат карда, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон ва тақвияти иқтидори иқтисодии он саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
 
Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд.
 
Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
 
Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.
 
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.
 
Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ ва дар кору фаъолияти созандаашон иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.
 
Ҷашн муборак, ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!

www.president.tj


9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи лавҳаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и пойтахт гулчанбар гузоштанд.

Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Дар ин маросим ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.

www.president.tj

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!

Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.

Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.

Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд.

Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.

Мо дар оянда низ бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд.

Дар ин раванд, мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Хусусан, дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.

Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки чанде пештар дар суханрониҳо ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор доштам, аз оғози ҳазораи нав ва махсусан, аз ибтидои соли 2020 вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо сабаби буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ, ҳам аз нигоҳи амнияти ҳар як давлат ва бехатарии саломативу ҳаёти шаҳрвандони он нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон хатарноку вазнинтар гардида истодааст.

Яъне имрӯз аҳли башар, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар вазъи ниҳоят ҳассосу душвор қарор дорад.

Аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, ҳоло сокинони дунёро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд.

Дар натиҷа мо чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кардем. Вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.

Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем.

Табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён мекунам.

Ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.

Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.

Як масъалаи муҳимро борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст ва аз риояи талаботи тозагиву беҳдоштӣ вобаста мебошад.

Дар навбати аввал зарур аст, ки тавсияҳои табибон, яъне тозагии дастҳо ва нигоҳ доштани фосила ҳангоми суҳбат ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар хона, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми сайру гашт қатъиян риоя карда шаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки ин беморӣ бевосита аз одам ба одам мегузарад, яъне сирояткунанда ё интиқолдиҳандаи вирус танҳо худи инсон аст.

Бинобар ин, мо бо риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ бояд ҳамеша дар фикри худ ва аҳли оилаамон бошем ва нагузорем, ки вирус, пеш аз ҳама, дар байни аҳли хонадони мо пайдо шавад.

Такрор ҳам шавад, бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизамро даъват мекунам, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, барои таъмин намудани рӯзгори худ ва ҳамватанонамон ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол кунем.

Мувофиқи таҳлилу пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баъди сипарӣ шудани мавсими коронавирус бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, бекорӣ, камбуди ғизо ва болоравии нархҳо вазъият дар ҷаҳон боз ҳам вазнин мешавад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худамонро самараноку оқилона истифода карда, барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ кӯшиш намоем.

Хотирнишон месозам, ки агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд.

Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳарвақта пешсафу намуна хоҳанд буд.

Ҳамчунин, мо бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем.

Ҳамватанони азизи мо бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрӯза муваққатианд ва ҳатман паси сар мешаванд.

Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем.

Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф месозанд ва тамоми нерӯи худро минбаъд низ ба самти ободии Ватани аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибихтиёри хеш сафарбар менамоянд.

Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам.

Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори 75 - умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Ҳафтоду панҷумин солгарди Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

www.president.tj

 

13 декабри соли 2019 Сафири Тоҷикистон дар Россия И. Сатторов ва кормандони масъули Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз Маркази тавонбахшию иҷтимоии “Алтуфьево” барои ноболиғон боздид намуданд.

Дар Маркази мазкур чорабинӣ бахшида ба фарҳангу анъанаҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо барномаи консертии таҳиянамудаи ноболиғони он марказ дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон дар Россия баргузор гардид.

Маркази тавонбахшию иҷтимоии “Алтуфьево” муассисаи шаҳрӣ буда қабул ва тавонбахшии иҷтимоии кӯдакон ва наврасонро, ки дар вазъияти завфноки иҷтимоӣ ё дигар вазъи душвори зиндагӣ дар қаламрави шаҳри Маскав қарор доранд, таъмин мекунад.

Зимни боздид Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо Директори Марказ мулоқот намуда, бо шароити нигоҳдории ноболиғон дар вақти дар марказ буданашон шинос шуд.

Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ ба ноболиғон аз номи Намояндагии дипломатӣ тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

16 ноябри соли 2019 чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия ва ходимону фарҳангу олимони тоҷики Россия баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро бо ҷашни воқеан таърихию муҳим самимона табрик гуфта, зимни суханрониаш роҷеъ ба нақши таърихӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳ, ҳифзи давлати тоҷикон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон, инчунин, аҳамияти муҳим ва тақдирсози иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Таваҷҷуҳи ҳозирин ба пешрафтҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, баланд гардидани нуфузу эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, ки маҳз дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат муяссар гардид, ҷалб карда шуд.

Дар суханрониҳои худ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон рушди фарогири кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ қайд намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таҳкими эҷоди симои мусбати тоҷикон дар кишвари иқомат изҳор карданд.

Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи меҳмонон филми мустанад дар бораи таърихи муосири кишвар ва фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш гардид.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур ҳамчунин машварати навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

11 сентябри соли 2019 дар ш. Москва пазироии расмӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана баргузор карда шуд.

Дар он чорабинӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватаноне, ки дар Россия иқомат доранд, иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки Истиқлолият бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад. Дар 28 сол мо тавонистем заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсии давлатро таъмин карда, обрӯ ва нуфузи байналмилалии онро баланд бардорем, насли навро дар руҳияи ватанхоҳӣ ва эҳтиром ба Истиқлолият тарбия намоем.

Ҳамчунин, дар саҳни толори меҳмонхонаи «The Ritz-Carlton» намоишгоҳи сайёҳӣ дар мавзӯи “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон” ташкил карда шуд. Меҳмонони чорабинӣ бо истифода аз фурсати муносиб бо фарҳанги қадимаи миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони Тоҷикистон шинос гардиданд.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Модарону бонувон ва духтарони азиз!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд.

Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, а-зиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.

Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.

Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.

Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибкор илова ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон намудани солҳои 2019–2021 маҳз ба шуғл фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари занону духтарон мебошад.

Бо амалӣ гардонидани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳимми марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси санадҳои зикршуда як силсила иқдомоти муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак амалӣ гардонида шуданд.

Яке аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст муқаррар намудани квотаи президентӣ мебошад, ки тавассути он то имрӯз ҳазорон нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат муваффақона кору фаъолият доранд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки падару модарон набояд пеши роҳи таҳсили фарзандонро гиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо таҳсил карда, соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шаванд ва дар зиндагӣ ба мушкилот дучор нагарданд.

Шумо хуб медонед, ки агар бонуи хонадон босавод бошад, метавонад фарзандони худро тарбияи дуруст диҳад, онҳоро солиму бардам ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ба камол расонад, яъне оилаи намунавӣ барпо намояд.

Ҳукумати мамлакат амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамаҷониба таъмин намуда, чунин сиёсатро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Зимнан, хотирнишон месозам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фоизи намояндагии занону бонувон дар мақомоти шохаҳои гуногуни ҳокимият дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Итминон дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон - “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.

Модарону бонувони муҳтарам!

Моҳи март бо ҷашни шумо оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостонии мо - Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиамон идома меёбад. Ин айём беҳтарин рӯзҳое мебошанд, ки шумо хурсандӣ кунед, либосҳои зебои миллии чакан ва атласу адрасро ба бар карда, онҳоро таблиғ ва оммавӣ гардонед, ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул шавед ва ҳунари кадбонуҳои миллати қадимаву фарҳангиамонро боз ҳам густариш бахшед.

Мо - мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд.

Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем.

Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки парваридаи модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем.

Бо истифода аз фурсат, хотирнишон менамоям, ки нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад. Зеро савоби парастории волидайн ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва фарзандони азиз!

 

www.prezident.tj

16 ноябри соли 2018 дар Сафорат чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия, аҳли илму фарҳанг, чеҳраҳои шинохтаи мардуми тоҷик, соҳибкорон ва устодону донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии шаҳри Москва баргузор гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов меҳмонон ва дигар ҳамватанони муқими Россияро бо ҷашни воқеан таърихию тақдирсози миллати тоҷик – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шурӯъи чархидани боз як нерӯи пешрафти ҳаёти Тоҷикистон – НБО “Роғун”, бо таманнои бахту саодат ва комёбиҳои беназир самимона табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки: “Барои мо мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гиромидошти солгарди иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ба роҳандозии чархаи аввалини иншооти воқеан рамзию таърихӣ ва стратегии Тоҷикистон – НБО “Роғун”, рост омад”.

Зимни суханронӣ, Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба нақши таърихӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳ, ҳифзи давлати тоҷикон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон, инчунин, аҳамияти иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар идома И.Сатторов роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар робита ба рушду таҳкими Тоҷикистон, бунёди иншооти стратегии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи Роғун, сухан гуфта, бо ибрози боварӣ таъкид кард, ки гардиши аввалин чархаи ин Нерӯгоҳи бузург, бо ҳуруфи заррин дар саҳифаи нави таърихи муосири Тоҷикистон дарҷ мегардад ва ин гоме дар масири тағйири кишвари аграрӣ ба саноатӣ хоҳад буд.

Сипас, иштирокдорони ҷамъомад бо камоли хурсандию нишот пахши мустақими телевизиониро аз рафти баистифодадиҳии агрегати якуми Нерӯгоҳи Роғун тамошо намуда, шоҳиди яке аз чорабиниҳои таърихии Тоҷикистони мустақил гардиданд.

Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи меҳмонон филми мустанад бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

12 сентябри соли 2018 дар ш. Москва дар толори меҳмонхонаи «The Ritz-Carlton» аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия зиёфати расмӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд.

Дар он чорабинӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, инчунин сафирони давлатҳои хориҷии муқими Москва, дигар доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги кишвари иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, днишҷӯёни тоҷик ва ҳамватаноне, ки дар Россия иқомат доранд, иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия Имомуддин Сатторов ба чорабинии тантанавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии табрикотӣ таъкид кард, ки истиқлолият барои ҳар як миллат асоси рушд ва заминаи мустаҳками ваҳдат ва тамомияти арзии давлатдорӣ, неъмати бебаҳо, ифтихори ҳар як шаҳрванд, муқаддаси бузург ва ҷашни бошукӯҳ мебошад.

И.Сатторов қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон бо гомҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои беназир комёб мегардад.

Аз ҷониби Сафорат дар саҳни толори меҳмонхона намоишгоҳи сайёҳӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Меҳмонони чорабинӣ бо истифода аз фурсати муносиб бо фарҳанги қадимаи миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик шинос гардиданд.

Ҳамчунин, санъати волою мусиқии форам ва сабку салиқаи нотакрори Далер Назаров пазироии расмиро рангину хотирмон гардонида, фазои хоси фарҳанги пурғановати тоҷикро барои ҳозирин фароҳам овард.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

27 июни соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони диаспораи тоҷик, ходимони илму фарҳанг, инчунин хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Маъракаро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов оғоз карда, ба ҳозирин ва дар шахсияти онҳо ба ҳамаи ҳамватанони муқими Россия сулҳу осоиш, бахту саодат ва комёбиҳои беназирро орзу намуд.

Сараввал нақши муҳими таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бо мақсади пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ даъват ба амал овард.

Дар анҷоми чорабинӣ бо назардошти саҳми арзанда барои ҳамкории пурсамар ва рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия ба якчанд фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва аҳли эҷод, аз ҷумла ба Юлия Вербитская ва Ниссо Одинаева ихтихорнома ва раҳматномаҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти Тоҷикистон дар Россия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон