Ҷашнвораҳо (53)

30 сентябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки собиқ Вазири корҳои хориҷӣ академик Талбак Назаров ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи хизматчиёни дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфт. Вазир дар суханронии худ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судмандро бо давлатҳои ҷаҳон барқарор кард, балки бо татбиқи дипломатияи хосси худ, ки ба ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ба ҳайси як кишвари фаъол, ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Дар навбати худ Академик Талбак Назаров зимни суханронияш аз таърихи ташаккул, душвориҳо ва дастовардҳои соҳаи дипломатия дар Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии фаъоли он зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

9 сентябри соли ҷорӣ бо иқдоми Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба ифтихори таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои диплолматӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар медиа-фасадҳои биноҳои мавзеи Арбати шаҳри Москва лавҳаҳои ҷашнӣ намоиш дода шуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 9 сентябри соли 2022 Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.

Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзоёни Ҳукумати Федератсияи Россия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Россия иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон З. Завқизода , Вазири саноат ва технологияҳои нав Ш.Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон С.Қодирзода ва роҳбари ТАЛКО-Менеҷмент С. Ҷаборов ширкат варзиданд.

31 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотиаш қайд кард, ки ба даст овардани истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як воқеаи сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ буда, ҳамзамон эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳимтарини давлат дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зикр гардид.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва сарвати миллӣ аст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2022 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия соли муҳим ба шумор меравад, зеро 8 апрел кишварҳои мо 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд.
Таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Россия решаҳои чандинасра дорад ва онҳоро робитаҳои зич, бародарона, дӯстии халқҳо ва мероси фарҳангӣ мепайвандад. Аз ин рӯ, Россия аз солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар низоми афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи калидиро ишғол менамояд.
Дар назди ҳозирин, инчунин аз номи Федератсияи Россия Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия М.Г.Решетников суханронӣ кард. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Ҳамчунин дар назди ҳозирин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Завқизода бо сатрҳои табрикотӣ суханронӣ кард.
Чорабиниро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ, инчунин муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия дар тӯли 30 сол манзур гардид.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ намоишгоҳ дар мавзӯи «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пешкаши меҳмонон гардид.
Чорабинӣ дар фазои идона ва дӯстона баргузор шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо камоли эҳтиром кулли ҳамватанонро ба муносибати 31-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.

Ба ҳамаи ҳамватанони азиз бахту саодат, муваффақиятҳои беназир ва барои Ватани маҳбубамон сулҳу суботи пойдор ва ваҳдату шукуфоии ҳамешагиро таманно дорем.

Бигзор Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои бузурги минбаъда комёб гардад.

Ҷашни Истиқлоли Ватан муборак, ҳамватанони гиромӣ!

Иҷозат фармоед,  якояки шуморо ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборак намуда, бароятон  сиҳатмандии комил, рӯзгори хушу осуда, сулҳу ваҳдати абадӣ ва барору сарбаландиҳо таманно намоем.
Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд!
Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллӣ!

19 апрели соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Россия дар чаҳорчӯби барномаи "Хаймаи Рамазонӣ" дар назди бинои масҷиди “Поклонная гора”-и шаҳри Москва барномаи “Шоми Тоҷикистон”-ро барпо намуданд.

Дар он шом дар Хаймаи Рамазонии масҷиди “Поклонная гора”-и шаҳри Москва мардуми зиёд ҷамъ гардида буд. Дар чорабинии мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар халқу миллатҳое, ки дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунанд, иштирок намуданд.

Мушовири Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия С.Солеҳ ҳозиринро бо моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният намуда, ба Шӯрои муфтиҳои Россия барои татбиқи шоистаи ташаббуси баргузории чорабинии ҳамасола бо номи «Хаймаи Рамазонӣ» изҳори миннатдорӣ кард. С.Солеҳ ҳамчунин зикр кард, ки баргузории ин чорабинӣ барои мусулмонони муқими Россияи гуногунмиллат анъанаи нек шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ ба таваҷҷуҳи ҳозирин барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар доираи он меҳмонон дар викторинаи бахшида ба соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни викторина ба саволҳо оид ба таърих, фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон посух дода, аз ҷониби Сафорат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

29 декабри соли 2021 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо мақсади аёдат аз Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва нигоҳубини ноболиғони “Алтуфево”-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.
Зимни он боздид, кормандони Сафорат бо вазъи нигоҳубини тарбиятгирандагон шинос гардида, ба кӯдакони ятими муассиса тӯҳфаҳои идона, маводи ғизоӣ ва либосҳо тақдим карда шуд.
Бино ба иттилои роҳбарияти Маркази номбурда, дар муассисаи мазкур зиёда аз 62 нафар кӯдакони ятим, ки дар байнашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳастанд, ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки тамоми шароити моддиву маишӣ ва фароғативу тавонбахшӣ ба тарбиятгирандагони ин муассиса фароҳам оварда шудааст. Шароити мавҷуда имкон медиҳад, ки кӯдакону ятимон бепарасториву танҳоиро эҳсос накунанд.
Роҳбарияти Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва нигоҳубини ноболиғони “Алтуфево”-и шаҳри Москва аз иқдоми пешгирифтаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷиҳати дастгирии чунин муассисаҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

Бо таманнои сиҳатмандию хушбахтиҳои бардавом ва саодати поянда дар хонадонатон, Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли нави 2022 самимона табрику таҳният мегӯем.
Бигузор соли 2022 барои Ватани азизамон идомаи марҳилаҳои шукуфоӣ, таъмини суботу осоиш ва муваффақиятҳои пай дар пай гардад!
Бо беҳтарин таманниёт ва эҳтиром,
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бигзор дар Тоҷикистони азиз ҳамеша амну осоиш ва шукуфоӣ пойдор ва дар хонадони ҳар як ҳамватан саодатмандию беҳтарин рӯзгор таъмин бошад!
Партавфишонии парчами миллат - ифтихори мост!
Бо эҳтиром, Сафорати Тоҷикистон дар Россия.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон