Сиёсат (262)

21 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сингапур дар Федератсияи Россия Премджит Садасиван баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Сингапурро дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.
Сафири Ҷумҳурии Сингапур ба масъалаи омодасозии мутахассисон барои Тоҷикистон дар бахшҳои сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва логистика таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Миёни ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафирони Тоҷикистон ва Сингапур омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

18-19 октябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рафти сафари кории худ ба Ҷумҳурии Чувашия бо Роҳбари он ҷумҳурӣ Олег Николаев мулоқот кард. Зимни суҳбат, ки дар фазои анъанавии дӯстона баргузор шуд, ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чувашия табодули афкор намуданд.
Тарафҳо майлу рағбати худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои саноат, маориф, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, ташкили сафари доираҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя иброз доштанд.
Ҳамзамон ҳамсуҳбатон перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла интиқоли молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чувашия изҳори назар карданд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқоти баргузоршуда дар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чувашия саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рафти сафари кории худ, аз Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянов дидан карда, бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот бо донишҷӯён ва намояндагони диаспораи тоҷик Сафири Тоҷикистон дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ маълумот дод. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Зимни сафар роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз коргоҳҳои истеҳсолии Консерни «Тракторные заводы» дидан карда, бо тарзи коркарди истеҳсолоти рехтагарӣ, инчунин васлкунии техникаи саноатӣ ва кишоварзӣ шинос шуд.
Дар ширкати холдингии электротехникии «ЧЭАЗ» Сафири Тоҷикистон бо рафти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва тарҳи системаҳои таъминоти барқ барои иншооти энергетикию саноатӣ ошно гардид.
Ҳамчунин, ба Д. Гулмаҳмадзода дар бораи имкониятҳои мавҷудаи ҶДММ «Кейсистемс» дар самти таҳияи нармафзор барои бахши давлатӣ маълумот дода шуд.
Зимни мулоқот роҳбарони корхонаҳои мазкур ҳавасмандии худро ҷиҳати даъвати зиёда аз 250 нафар муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон барои фаъолият дар ин ширкатҳо изҳор намуданд.

15 октябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Федератсияи Россия Геза Андреас фон Гайр мулоқот кард.
Дар мулоқот ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Германияро дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбат Сафири Германия дар масъалаи тайёр кардани мутахассисон барои Тоҷикистон дар соҳаҳои сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ дар кишвараш ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Тарафҳо ҳамчунин перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Дар фарҷоми мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Германия омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои босамар миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва изҳор намуданд.

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.

Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон мебошад.

Пеш аз ҳама, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Фаронсаро ба маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.

Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва дар ин замина ташкил гардидани Намоишгоҳи имрӯза арзи сипос намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ин рӯйдод ба роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо нигораҳои нодир шинос шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эманнуэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Тавре маълум аст, тоҷикон миллати тамаддунофар буда, дар таърихи умуми инсоният ҷойи сазовор доранд.

Бозёфтҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки осори фарҳангиву ҳунармандии қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб мебошанд.

Мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.

Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи кишвари зебои кӯҳистони мо маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.

Барои муаррифии шоистаи давлати тоҷикон дар осорхона нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.

Хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошта шуда аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.

То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.

Гимей - Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гимет таъсис ёфтааст.

Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.

12 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Корея дар Федератсияи Росссия Ли Сок Пэ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва маориф баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин перомуни якчанд масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот сафирони Тоҷикистону Корея омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

7 октябри 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбати дӯстона Президент Роҳбари давлати Русияро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои навро дар фаъолияти давлатиашон орзу намуданд.

Пешвои миллат фаъолияти пурмаҳсули муҳтарам Владимир Путинро дар маснади Президенти Федератсияи Русия ва саҳми шоёни ӯро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ба таври хоса таъкид карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Владимир Путинро ҳамчунин ба муносибати баргузории бомуваффақияти чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия муборакбодӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат президентҳо ба муколамаи худ атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили мубрами таъмини амнияти минтақавӣ идома бахшида, ба раванди рушди вазъи Афғонистон дар вақти охир таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

5 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Япония дар Федератсияи Росссия Тоёхиса Кодзуки баргузор гардид.
Дар он дидор масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония баррасӣ шуданд.
Д.Гулмаҳмадзода ва Т. Кодзуки масоили рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Японияро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду савдо, маориф ва тандурустӣ, инчунин имконияти мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ қайд намуданд.

Дар ин замина аҳаммиятнокии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, таъкид гардид.
Миёни ҳамсуҳбатон перомуни масъалаҳои муҳими байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин, ҳавасмандии тарафайн ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду Намояндагии дипломатӣ дар Москва изҳор гардид.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудашон гарм табрик гуфта, ба ӯ дар ин росто таманниёти беҳтарини худро орзу намуданд ва тағйиротҳои бузургеро, таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат дар кишвари мо ба вуқӯъ пайвастаанд, қайд карданд.

Сарони ду давлат масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистон дар вақтҳои охир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимии худро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин мубодилаи афкор атрофи дигар ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ сурат гирифт.

4 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода бо Раиси Кумитаи иҷроия -Котиби иҷроияи ИДМ ИДМ С. Лебедев доир гардид.

Ҷонибҳо роҷеъ ба раванди ҳамкорӣ дар ҳошияи Созмон табодули афкор намуда, онроро ҳамчун заминаи устувор барои рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои Созмон донистанд.

Сафири Тоҷикистон бо таъкид ба рушди рӯзафзуни ҷаҳони муосир, нақш ва вазифаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ ва мақомоти соҳавии онро дар мусоидат ба таҳкими робитаҳои самаранок миёни давлатҳо дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ, ба вежа рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистика, низоми тандурустӣ ва табодули таҷриба дар соҳаҳои илму тиб, маориф ва такмили ихтисоси коршиносони соҳавӣ қайд намуд.

Мавзӯи рушди соҳаи сайёҳӣ дар фазои ИДМ ҳамчунин, мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар ин самт иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат табодули афкор вобаста ба чорабиниҳои дар доираи ИДМ баргузоршаванда сурат гирифт.

Зимнан, ҳавасмандии ҳамсуҳбатон ҷиҳати идомаи робитаҳои судманд дар доираи ИДМ иброз гардид.

1 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Федератсияи Россия Шафқат Али Хан баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат сафирон роҷеъ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Душанбе, инчунин баргузории бомуваффақонаи мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар татбиқи тавофуқоти зимни саммити СҲШ ҳосилшуда изҳор карданд.

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбатон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстонаро миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.

Тарафҳо ҳамчунин перомуни якчанд масъалаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори назар карданд.

Дар фарҷоми мулоқот сафирони Тоҷикистону Покистон омодагии мутақобилаи худро ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳо миёни Намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон