Ҷомеа (30)

Рӯнамоии китоби Сергей Михайлович Амосов бо ташаббуси ТАJINFO

ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

 

31 июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Хайём” Медиа Холдинги тоҷикии ТAJINFO бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Россия китоби Сергей Михайлович Амосов “СТУПЕНИ” (“ЗИНАҲО”)-ро муаррифӣ намуд.  Зербинои мӯҳтавоии китоби мазкурро повестҳову қиссаҳо, хотираҳо дар бораи мардум ва тақдири  саҳлу сахти онҳо ва ҳамчунин рӯҳдодҳои ҳаёти муаллиф дар Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов суханронӣ намуда, қайд кард, ки намояндагони халқиятҳо ва миллиятҳои гуногун дар рӯзгори худ барои равнақу тавсеъаи ҷумҳурии мо саҳм гузоштаанд, ки яке аз онҳо ҷаноби Сергей Михайлович Амосов мебошад.

Китоби “СТУПЕНИ”  (“ЗИНАҲО”) мавзӯъи арзишҳои баланди маънавии инсониро матраҳ мекунад. Мавзӯъи хушбахтии инсонӣ дар муҳаббат ба Ватан , дар кор ва мардуми атроф инъикос ёфтааст. Китоби С.Амосов ҳамчун паёми насли оянда ба насли ҷавон, ҳамчун машъали эстафетаи дӯстӣ, муҳаббат, накӯӣ ва созандагист.

Ҳамчунин дар ҷараёни рӯнамои (презентация )-и китоб  навори видеоие аз ҳаёту фаъолияти муаллиф нишон дода шуд.  Худи муаллиф, ҷонишини раиси Суди Олии Доварии  Федератсияи Россия, Сергей Амосов қайд кард, ки Тоҷикистон дар ҳаёти ӯ нақши муҳиме доштааст.  Роҳи зиндагиро дар ин замини барои ӯ азиз тай намуда,  таҷрибаи калони фаъолияти тахассусӣ, дӯстон ва ҳаммаслакон пайдо кардааст.  Ӯ аз остонаи ҳамин минтақаи кӯҳӣ  ба роҳи калони фаъолияти тахассусӣ баромада,  ба иззату эътирому шӯҳрат расидааст.

Сергей Михайлович Амосов солҳои зиёд дар сарзамини мо зиндагӣ намуда, аз адвокатӣ то ба ҷонишинии вазири адлия расидааст. Дар соли 1991 ба вилояти Иркутски Федератсияи Россия бозгашта, ба ҳайси довари калон, раиси Суди доварии вилояти Иркутск, раиси Суди федералии доварии ҳавзаи Сибири шарқӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2009 дар шаҳри Москва зиндагӣ ва кор мекунад. Ҷонишини Раиси Суди Олии Доварии Федератсияи Россия мебошад. Дараҷаи квалификатсионнии олии ҳакамро дорад. Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Федератсияи Россия, Лауреати мукофоти Бошгоҳи ҳуқуқшиносони Москва “Фемида”  ва ҳамчунин профессор , доктори илмҳои ҳуқуқ мебошад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар Маскав, ки рӯзи 26 майи соли ҷорӣ навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид,таҳқиқ кард.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ба бахши консулии сафорат, намояндагии хадамоти муҳоҷират дар Русия дастур додааст, ки ба таври фаврӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти зидахли кишвари мизбон, ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқишаро муайян кунанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳама кормандони масъул дунболи таҳқиқи ин қазия ҳастанд ва назорати таҳқиқи ин ҳодисаро Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Русия ба дӯш гирифтааст. Дар ҳамин ҳол ду корманди Хадамоти Консулгарии Сафорат Ҳокимиддин Раҳмонов ва Искандар Гадоев ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Саид Боев дар якҷояги нимаи имрӯз ба ҷой ҳодиса рафта аз наздик шиносои ва бо директори Генералии ширкати туркӣ Ҳасан Ускан, ки сохтмони Масква Сити бар уҳдаи ин ширкат мебошад вохурдаанд. Дар ҷараёни сӯҳбат маълум гардид, ки дар муноқишаи рузи 26 май ягон тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштаанд. Баъд аз вохӯрӣ бо директори Генералӣ кормандони Хадамоти Консулӣ бо яке аз бригадирҳои сохтмон, ки аз ӯ Ҷартифиев Эркин ном бурда мешавад, зодаи Бешбулоқи шаҳри Кулоб мебошад вохурдаанд, эшон низ қайд кард, ки шаҳрвандони мо дар ин муноқиша иштирок надоштаанд. Баъд аз ин Кормандони масъул ба шуъбаи корҳои дохилии Пресненскаяи шаҳри Масква рафта, бо Поленов Сергей Алексеевич, Муффатиши калони ин шуъба, ки тафтишоти ин муноқишаро бар уҳда дорад вохурдаанд ва дар рафти вохури ҷаноби Поленов С.А. низ қайд кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд. Дар натиҷа маълум гардид, ки дар муноқишаи дастҷамъонаи рӯзи 26 майи соли ҷорӣ миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи миёна, ки дар наздикии маҳалаи “Масква Сити” миёни коргарони сохтмон рух дода буд, шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд ва ҳамаашон шаҳрвандони Узбакистон мебошанд. Дар сохтмон ҳудуди 2000 муҳоҷир кор мекунад, ки зиёда аз 1800 нафарашон шаҳрвандони Узбакистон аст. Тахминан 150 – 200 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

>Хадамоти матбуоти Сафорат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон