Маориф (12)

6 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Федератсияи Россия вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат Д. Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ сухан гуфт.

Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

Сафири Тоҷикистон нақши назарраси ҷавононро дар рушду шукуфоии минбаъдаи кишварамон қайд кард.

Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардид.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки Сафорат омода аст, то дар амалисозии ташаббусҳои ҷавонони донишҷӯ мусоидат намояд.

31 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Любимова Олга Борисовна баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо имконияти ташкили маҷмӯи чорабиниҳои муштараки фарҳангиро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия дар соли 2022 иброз намуданд.
О.Любимова омодагиашро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои истифода ва таблиғи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистону Россия изҳор дошт.
Д.Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобити миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва театрии ҳар ду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мухталифи байналмилалии фарҳангӣ таъкид гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

4 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи Конфронси байналмилалии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар маросими ифтитоҳи толори Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа (ДДНТУ) ширкат варзид.

Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди фархунда табрику таҳният намуда, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии ҷавонон махсусан таъкид кард.

Ҳамзамон ба роҳбарияти Бошқирдистон, ДДНТУ ва диспораи тоҷикон дар минтақаи Федералии Приволж, ки саҳми худро дар таъсиси толори Тоҷикистон гузоштаанд, миннатдорӣ баён карда шуд.

Кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзӯӣ ва таҷҳизоти муосири толори таълимӣ ба хар як донишҷӯ имкони шиносоӣ бо анъана ва таърихи пурғановати Тоҷикистонро фароҳам меорад.

Иштирокдорони конфронс рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россияро дар давоми 30 сол мусбат арзёбӣ намуда, қавӣ гаштани робитаҳои таърихӣ миёни ду давлатро қайд карданд.

Д. Гулмаҳмадзода аз дастовардҳои муҳимтарини кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик воқеаи сарнавиштсоз буда, он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ, инчунин эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдорӣ нақши ногузирро дорад.

Баъд аз анҷоми конфронс, бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он Д. Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, нақши муҳими ҷавононро дар рушди минбаъдаи кишвар махсусан таъкид кард. Илова бар ин, зарурати таҳкими робитаҳо миёни донишҷӯёни дур аз Ватан, муттаҳидшавии онҳо, инчунин иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон қайд карда шуд.

21 феврали соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯнамоии китоби муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти этнология ва антропологияи Академияи илмҳои Россия «Тоҷикон» дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону коршиносони Тоҷикистону Россия, аз ҷумла ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ А.Муҳаммад, академик-котиби шӯъбаи илмҳои таъриху филологияи Академияи илмҳои Россия академик В. Тишков, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Точикистон доктори илмҳои таърих, профессор Н.Убайдулло, директори Институти этнология ва антропологияи Академияи илмҳои Россия доктори илмҳои таърих, профессор Д.А.Функ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҳабиб Исмоилиён оғоз гардид. Ҳ.Исмоилиён дар суханронии худ аҳаммияти баргузории таҳқиқоти этнологӣ ва омӯзиши амиқи урфу одат ва анъанаҳои таърихии халқҳоро таъкид намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки бе донистани таърихи ҳаёти халқҳои кишварҳоямон, равандҳои муосири фаъолияти хоҷагӣ, маданияти моддию маънавӣ, ҳаёти иҷтимоиро тавсиф кардан ғайриимкон аст.
Дар ин замина Ҳ.Исмоилиён қайд намуд, ки монографияи дастаҷамъии «Тоҷикон» заҳмати бузургест, ки дар он маҷмӯи маводҳои таърихию этнографӣ ва демографӣ оид ба ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик матраҳ гардидаанд.
Дар рафти табодули афкор, иштирокдорони чорабинӣ аҳаммияти идомаи таҳкими ҳамкориҳо миёни намояндагони ҷомеаи илмии ду кишварро таъкид карданд.
Бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои имрӯза, пешниҳод гардид, ки муносибатҳои минтақавӣ миёни муассисаҳои илмӣ боз ҳам тавсеа дода шаванд, зеро ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашудае ҳастанд, ки татбиқи онҳо метавонад дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва табодули маълумот ба манфиати ҷонибҳо хидмат намояд.

8 июни соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.Сатторов бо Ректори Консерваторияи давлатии ба номи П.И.Чайковскии шаҳри Москва А.Соколов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои санъати касбии мусиқӣ ва фарҳанг тавассути табодули таҷриба дар фаъолияти таълимӣ-методӣ, эҷодӣ ва илмӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, масоили рушди ҳамкориҳо миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскии шаҳри Москва дар бахшҳои ҳунармандӣ, илмӣ ва мусиқию омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин росто, ҷониби Тоҷикистон ба масъалаи омода кардани мутахассисон дар соҳаҳои болозикр ва таҳияи санадҳои дуҷониба миёни ду муассиса таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳамзамон, ҳамсӯҳбатон масъалаҳои рушди ҳамкориро дар самтҳои ташкили намоишҳои консертӣ ва семинарҳо, баргузории мастер-классҳо ва иштирок дар фестивалҳои мусиқии дар Тоҷикистон ва Россия баргузоршаванда мавриди муҳокима қарор доданд.

24 марти соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи: "Истиқлолият ва ҳамгироии илмӣ" дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.


Дар кори Мизи мудаввар олимону коршиносони маъруфи беш аз 25 муассисаи илмию таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо, аз ҷумла Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Ф. Раҳимӣ, Директори Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия А.К. Аликберов, Мудири Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кафкази Академияи илмҳои Россия В.О. Бобровников, Директори Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов И.И. Абилгазиев, профессори Донишгоҳи Кент Е.Коростелева, Директори Форуми Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ (Британияи Кабир) Др. С.Саксена, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Г.К. Ахметова, профессори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон О.П. Кобзева, мудири шӯъбаи Донишкадаи Беларус оид ба таҳлили низомӣ ва таъминоти иттилоотии соҳаи илмию техникӣ Е.С.Лиситса, инчунин намояндагони сафоратҳои Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар Россия иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мусоидати фаъоли профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мунира Шаҳидӣ баргузор гардид.


Мизи мудаввар бо суханронии ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов шурӯъ гардид. Роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо таъкид ба арзишмандии Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик, қайд намуд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барои ташаккули ҷомеаи муосири демократӣ ва дунявӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар татбиқи дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳамсозии шароити муносиб барои рушди устувори минбаъда, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дастрасӣ доштани ҷавонон ба маълумоти олии босифат чӣ дар дохил ва чӣ берун аз кишвар, ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.


Дар ин замина, И.Сатторов зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалии илмиро ҷиҳати рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин фаъолияти фарогири кормандони илмӣ, ки бешубҳа боиси дастрасии бештари натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳо ба ҷаҳониён, пайдоиши шаклҳо ва намудҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ, технологӣ ва фановарӣ мегардад, таъкид кард.


Дар идомаи чорибинӣ, ки аз ҷониби доктори илмҳои фалсафа, дотсенти Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов Наргис Нурулло-Хоҷаева танзим (модераторӣ) гардид, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни намояндагони ҷомеаи илмӣ табодули афкор сурат гирифт. Дар ин росто, ташаббуси Сафорати Тоҷикистон аз сӯйи иштирокдорони Мизи мудаввар мақсаднок ва ба маврид арзёбӣ гардид.


Дар ин робита пешниҳод карда шуд, ки имконияти баргузории маҷмӯи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, технология ва инноватсия бо мақсади табодули таҷриба ва андӯхтани донишҳои нав, рушди технологияҳо, инчунин такмил ва истеҳсоли маҳсулот аз самараи фаъолияти зеҳнӣ барои эҳтиёҷоти миллӣ ё фурӯш дар бозори ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.


Бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои имрӯза, пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳои минтақавӣ миёни муассисаҳои илмӣ боз ҳам тавсеа дода шавад, зеро ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашудае ҳаст, ки татбиқи онҳо метавонад дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва табодули маълумот, ба манфиати ҷонибҳо хидмат намояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов дар доираи сафари кории худ, аз Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск дидан намуда, бо Ректори он Евгений Рудой инчунин, донишҷӯёни тоҷик мулоқот анҷом дод.


И.Сатторов ва Е.Рудой масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Сафири Тоҷикистон аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити барои донишҷӯён муҳайёшуда изҳори қаноатмандӣ кард.


Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардида, донишҷӯён ба ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

26 феврали соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Федератсияи Россия вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат И.Сатторов нақши назарраси ҷавононро дар рушду шукуфоии минбаъдаи кишварамон қайд кард.
Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардид.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки Сафорат омода аст, то дар амалисозии ташаббусҳои ҷавонони донишҷӯ ҳамеша мусоидат намояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия


25 августи соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти намояндаҳои Сафорат бо омӯзгорони Россия, ки дар барномаи таълимии Тоҷикистону Россия доир ба таҳкими бештари ҳамкориҳои гуманитарии байни кишварҳо ширкат меварзанд, доир гардид.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2013, дар рафти сафари хеш ба Москва, пешниҳод намуда буданд, ки муаллимони Россия, барои омӯзонидани забони русӣ ба мактаббачагони мо, ба Тоҷикистон фиристода шаванд. Баррасии муфассали ин мавзӯъ аз ҷониби роҳбарони Тоҷикистону Россия дар таърихи 27 феврали соли 2017, дар рафти ташрифи Президенти Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон, анҷом ёфт.
Дар вохӯрӣ намояндаҳои Сафорат устодонро хайрамақдам гуфта, ба онҳо дар фаъолияти пурмаҳсул дар Тоҷикистон, муваффақият орзу карданд. Инчунин, дар рафти вохӯрии мазкур таъкид гардид, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги воло буда, ба устодон эҳтироми махсус доранд ва устодро манбаи донишу хирад, рафтори нек, дӯсти беҳтарин ва ҳамсуҳбати хуб мешуморанд.
Дар вохӯрӣ 30 муаллими таҷрибадори фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, биология ва информатика ҷамъ омада буданд. Дар байни иштирокчиёни лоиҳаи таълимии Тоҷикистону Россия намояндаҳои вилоятҳои Кострома, Кемерово ва Оренбург, ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористони Федератсияи Россия ҳузур доштанд.
Кормандони сафорат маводҳои иттилоотиро доир ба таърихи қадимаи мардуми тоҷик, сиёсати сулҳҷӯёнаи кишвар, иқтисодиёт, фарҳанги воло, табиати беназир, хӯрокҳои миллӣ ва дастовардҳои ҷадиди Тоҷикистон дар давраи истиқлолият омода ва ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои гарму дӯстона гузашт ва ҳар як омӯзгор тавонист доир ба Тоҷикистон аз дипломатҳои кишвар суол кунаду ба саволҳои худ ҷавоби муфассал гирад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

14-уми ноябри соли равон дар бинои Академияи Дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия маросими ифтитоҳи курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Проректори Академияи Дипломаӣ Татяна Мозел суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ Имомуддин Сатторов аз роҳбарияти Академияи Дипломатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки курсҳои такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани дониши назариявию амалии ширкаткунандагон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, имконияти хубе метавон буд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки баргузории курсҳои мазкур, ин идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси хидмати дипломатии Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон