Муҳоҷират (30)

19 апрели 2021 дар Душанбе музокироти намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Русия ҷиҳати баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират баргузор гардид.

Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми музокирот, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуд, протокол ба имзо расид.

Чанде қабл кормандони Хадамоти Консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо масъулони Намояндагии Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи марказии муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои канори шаҳри Москва боздид намуда, бо шароитҳои нигоҳдошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин боздоштгоҳ аз наздик ошно гардиданд.
Зимни мулоқот бо Роҳбари ин муассиса –Лагода Алексей Викторович масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаи Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Сипас кормандони масъули дипломатӣ ва намояндагӣ бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва бевосита мулоқот анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас гуфтанд. Барои ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани боздоштшудагони муваққатӣ ҳуҷҷатҳои лозима дастрас карда шуд. Кулли шаҳрвандони дар ин боздоштгоҳ қарор дошта, барои вайрон кардани қонунгузории маъмурӣ вобаста ба будубош дар қаламрави Россия боздошт шудаанд.
Ҳамчунин бо шаҳрвандони кишварамон суҳбат доир ба риояи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират доир гашта, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани чунин қонунвайронкуниҳо тавсияҳо дода шуд.
Зимни ин боздид низ ба шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида меваҳои шаҳдбори ватанӣ ва дигар маҳсулоти хурока дастрас карда шуд.
Иқдоми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вохурӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба ин восита ҳарчӣ зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешавад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон