Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии сайёҳии Москва Избранное

13 Март 2019
464 раз

12 марти соли 2019 дар шаҳри Москва Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии сайёҳии Москва “MITT” ба кори худ оғоз кард.
Дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов иштирок намуда, аз гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “MITT” Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон, Ассотсиатсияи Эко-фарҳангии Помир, ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии “Rohat Tour”, Orient Adventure, “Помир треккинг”, “Симот” “Саразм 5500” ва ғайра муаррифӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон соли дуюм аст, ки дар ин Намоишгоҳи бонуфузи Россия ширкат менамояд ва соли 2018 ҳайати Тоҷикистон баррандаи ҷоизаи “Дебюти беҳтарин”-и намоишгоҳи мазкур гардид.
Намоишгоҳи “MITT” ба панҷгонаи бузургтарини намоишгоҳҳои соҳаи сайёҳии ҷаҳон шомил буда, ҳамасола диққати теъдоди бештари намояндагони соҳаи тиҷорати сайёҳиро ба худ ҷалб менамояд.
Соли равон дар намоишгоҳи мазкур 1 799 ширкати сайёҳӣ, аз беш аз 200 давлат ва минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ширкат меварзанд.
Намоишгоҳи “MITT” аз 12 то 14 марти соли равон давом намуда, без аз 22 ҳазор иштироккунанда аз 80 минтақаи Россия ва 90 давлати хориҷӣ аз он дидан хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон