20 феврали соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вакилони Думаи Давлатӣ, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои Федератсияи Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, атташеҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ ва дигар намояндаҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии муқими Москва, инчунин ВАО-и Тоҷикистон ва Россия ширкат варзиданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки ҳар сол 23 феврал ҳамчун санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон - рӯзи ҳомиёни содиқи Ватан бо самимият ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.
Зимни суханронӣ Сафир нақши тақдирсоз ва таърихан муҳими Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсис ва таҳкими минбаъдаи Артиши миллӣ махсусан таъкид намуд. Ҳамзамон ишора шуд, ки “Бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат, имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавии худ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кушишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созанда созандаи мардуми тоҷик хидмат намоянд”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат буда, бо низоми қавии худ мояи ифтихори халқ ва ҳомии боэътимоди Ватан мебошанд.
Зимни чорабинӣ дар бинои Сафорат намоишгоҳи аксҳо ташкил ва манзури манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо таърих ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ошно намуд.