Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз хабари даргузашти Нуриддин Раҳмон сахт андуҳгин аст.Нуриддин Раҳмон дар тӯли ҳаёти хеш бо фаъолияти поквиҷдона ва фидокорона дар рушди ватану диёраш саҳми арзанда гузоштааст ва хислатҳои инсонии ӯ ба мисли хоксорӣ, поксириштӣ, самимият ва хайрхоҳӣ дар қалбу ёди дӯстон ва наздикон боқӣ хоҳанд монд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ин лаҳзаҳои сӯгворӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон ва хешу пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия