Намоиши маҳсулоти кишоварзии тоҷик дар шаҳри Сочи Избранное

16 Авг 2017
1065 раз

11-15 августи 2017 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия намоиши маҳсулоти баландсифати кишоварзии истеҳсолкунандагони тоҷик дар шаҳри Сочи баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби раиси шаҳри Сочи Aнатолий Пахомов ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ботантана кушода шуд.
Раиси шаҳри Сочи дар баромади худ зикр намуд, ки “Чунин чорабиниҳо дорои таъсири басо мусбат ба савдои байниминтақавӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар, рушди рақобати солим, тавсеаи бозорҳои нав мебошанд ва ба муоширати байналмилалӣ низ мусоидат менамоянд”.
Ба намоиши мазкур зиёда аз 300 тонна маҳсулоти кишоварзии дорои сифати баланди истеҳсолкунандагони тоҷик оварда шуд.
Дар тӯли панҷ рӯз теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи аз намоиши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан намуда, тавонистанд ба таври ройгон аз тамъи лазизи маҳсулоти Тоҷикистон баҳраманд шаванд ва бо нархи хеле дастрас аз навъҳои зиёди ангур, харбуза, шафтолу, себу нок, зардолу ва мағзу хушкмеваҳои гуногуни шарқӣ, харидорӣ намоянд.
Бо дарназардошти дархостҳои сершумори сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи муҳлати баргузории намоиши сеюмини кишоварзии Тоҷикистон боз ба ду рӯзи дигар, дароз карда шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон