Садоқат ва ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон нисбат ба меҳани азиз Избранное

26 Май 2017
1358 раз

25 майи 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонон ва эълонгардидани Соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, бо мақсади сарҷамъ намудан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавони тоҷик, ки дар мактабҳои олии Москва таҳсил менамоянд, чорабинӣ таҳти унвони “Садоқат ва ватандӯстӣ” баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки арбобони шинохтаи сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон аз ҷумла Саидмурод Фаттоҳзода - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Лутфия Раҷабова - Раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматулло Мирбобоев – Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фароғат Азизӣ – Ректори консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Аҳмадрафиқ Ҳомидов – Мудири шӯъбаи кор бо сохторҳои маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалию ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок ва дар назди ҷавонон суханронӣ намуданд.
Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои мухталифи шаҳри Москва, кормандони Сафорат, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва намояндагони диаспораи тоҷик дар қаламрави Россия ширкат намуданд.
Ҳамаи баромадкунандагон дар он ақида буданд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар соҳаи ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии фаъолияти Ҳукумати кишвар буд ва боқӣ мемонад. Ва қабули як қатор барнома ва қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Дар анҷоми чорабинӣ, байни донишҷӯёни тоҷики Федератсияи Россия ва меҳмонони баландмақом мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар рафти он ҳар яке тавонист ба саволҳои худ ҷавоби муфассал гирад. Дар рафти суҳбати озод ҷавонони кишвари мо, ки дар Россия таҳсил менамоянд бо итминон иброз доштанд, ки донишу малакаи андӯхтаашонро дар оянда баҳри ободӣ ва рушди кишвари азизамон равона хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон