Мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Избранное

08 Фев 2017
1691 раз

8 феврали соли 2017 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-полковники политсия Александр Горовой мулоқот намуд.
Масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия дар самтҳои амният, мубориза алайҳи терроризм, муҳоҷират ва муқовимат алайҳи ҷиноятҳои муташаккил таҳти баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия робитаҳои зич вуҷуд дошта, зарфияти бузурги ҳамкорӣ ба даст оварда шудааст.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, аҳамияти мутобиқкунонӣ ва пайдо намудани абзорҳои танзими равандҳои муҳоҷиратро муҳим арзёбӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилиҳо аз қабили: хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Россия, мамнуъ намудани вуруди онҳо ба Федератсияи Россия дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои хурдтарини маъмурӣ, масъалаҳои напардохтани музди меҳнати шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби корфармоёни Россия, ки муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Россия бо онҳо пайваста рӯ ба рӯ мешаванд ҷалб намуда, таъкид намуд, ки ҷониби Россияро зарур аст, то заминаи ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро мустаҳкам гардонад. Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Россия пешниҳод намуд, то масъалаи барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бо сабабҳои гуногун то ҳол натавонистаанд будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба расмият дароранд, баррасӣ намояд.
Дар навбати худ муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Горовой қайд намуд, ки ҷиҳати осон гардонидани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои хурди маъмурӣ ба қонунгузории Россия дар соли гузашта тағйиру иловаҳо, ворид гардидаанд ва фаъолият дар самти мукаммал гардонидани қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, идома дорад.
Ҳамчунин мубодилаи афкор дар атрофи лоиҳаҳои Созишномаҳои соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки феълан дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, сурат гирифт.
Дар анҷом таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак байни Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия зоҳир карда шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон