Ташрифи Раиси Думаи шаҳри Москва ба Сафорати Тоҷикистон Избранное

03 Фев 2017
2269 раз

3 феврали 2017 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Раиси Думаи шаҳри Москва Алексей Шапошниковро ба ҳузур пазируфт.
Сараввал Имомуддин Сатторов Алексей Шапошниковро ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрумақдам гуфта, аз меҳмон ҷиҳати пазируфтани даъват изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушд ва густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба масоили густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ диққати махсус дода, ба муҳимияти гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии якҷоя бо намояндагони дигар диаспораҳо дар Москва, ҷиҳати ҳамдигарфаҳмии бештари қавмиятҳои гуногун мусоидат менамояд, ишора намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва интегратсияи онҳо ба ҷомеаи Россия, баррасӣ гардиданд.
Раиси Думаи шаҳри Москва ба Сафири Тоҷикистон пайғоми табрикиро, ки ба унвони Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 75-умин солгарди муҳорибаи Москва, ки дар он теъдоди зиёди тоҷикистониён низ ҷон бохтаанд, супорид.
Дар анҷом Имомуддин Сатторов ба Алексей Шапошников нусхаеро, аз корҳои наққоши шинохтаи тоҷик Қодир Раҳимов, тақдим намуд.
Дар навбати худ, Алексей Шапошников аз Сафири Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати наздиктарин аз Думаи шаҳри Москва дидан намояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон