Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири Непал дар Россия Избранное

01 Фев 2017
2043 раз

31 феврали соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал дар Федератсияи Россия Риши Рам Гхимире баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доир ба дурнамои масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун байни Тоҷикистон ва Непал мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо инчунин ҳамкорӣ миёни ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон И.Сатторов ба Сафири Непал доир ба Қатъномаи МУ СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”солҳои 2018-2028”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ қабул гардидааст, маълумот ироа намуда, қайд кард, ки даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” буда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон