Вохӯрӣ бо Сафири Покистон дар Россия Избранное

15 Нояб 2016
2087 раз

15 ноябри соли 2016 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Қозӣ Халиллулоҳ баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро байни кишварҳои дӯст мавриди муҳокима қарор доданд. Сатҳи анъанавӣ баланди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Покистон ҳам дар самти муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд карда шуд. Инчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Вобаста ба масъалаҳои ҳимкориҳо дар соҳаи энергетикӣ, ҷонибҳои оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баланд арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки татбиқи ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ барои содироти барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ шароит фароҳам меоварад. И. Сатторов таъкид намуд татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди иқтисодии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард, ки ин дар навбати худ омили асосии сулҳу субот дар минтақа хоҳад гашт.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон