Дар Сафорати Тоҷикистон брифинг баргузор гашт Избранное

25 Авг 2016
2197 раз

Рӯзи 24-уми августи соли равон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, брифинг доир ба ворид намудани системаи нави таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ “Апостил” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар брифинги мазкур намояндагони Сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва, ҳузур доштанд.
Кормандони Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, тартиби ба тозагӣ ворид гардидаи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон маълумоти муфассал доир ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, кишварҳои аъзои Конвенсияи мазкур, намуд ва навъи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшудаи апостил, манзури ҳозирин гардид.
Бояд қайд кард, ки Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ (Апостил) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2015 эътибор пайдо намудааст.
Ҳамчунин маълумоти муфассал доир ба низоми раводиди электронӣ “e Visa”, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ворид намудани он яке аз кишварҳои пешқадам дар минтақа ба ҳисоб меравад, манзури меҳмонон гардид. Ба самтҳои мусбии низоми тозавориди раводиди электронӣ “e Visa” диққати махсус дода шуда, дар бораи марҳилаи дуюми вориди низоми мазкур хабар дода шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон