Дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид Избранное

30 Май 2016
2189 раз

27 майи соли 2016 дар шаҳри Москва ҷаласаи 70-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, ки ҳамзамон Намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Комиссияи иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ мебошад, роҳбарӣ намуд. Дар рафти ҷаласаи мазкур маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёт баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои иқтисодӣ оид ба амалӣ гардидани Нақшаи ҳамкориҳои муштараки давлатҳои ИДМ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам дар соҳаи молияю иқтисодӣ изҳори назар намуданд.

Инчунин Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт то соли 2020, лоиҳаи созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи металлургияи кӯҳӣ, мошинсозӣ, муқовимат ба истеҳсолу паҳн намудани маҳсулоти контрафакт,  як қатор масъалаҳои буҷету молиявӣ, ташкилӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Лоиҳаи ҳуҷҷатҳо, ки онҳоро Шӯрои иқтисодӣ ҷонибдорӣ намуд, барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод мегарданд, ки ҷаласаи навбатии он 7 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон