Оид ба қазияи рухдода дар гуристони “Хованское” Избранное

15 Май 2016
2571 раз

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, ки 14 майи соли 2016 дар натиҷаи занозании оммавӣ дар гуристони “Хованское”-и ш. Москва се шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия баъд аз расидани ин маълумот ба макони ҳодиса ҳозир шуда, муайян карданд, ки ҳар се фавтида зодагони ш. Роғун, Хушаков Суҳроб Таваралиевич, с.т. 1990, Ризоев Иноят Қаноатовия, с.т. 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович, с.т. 1974 мебошанд.
Бо мақсади муайян кардани ҷузъиётҳои ин воқеа ба ҷои ҳодиса Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳозир шуд. Сафири Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ВКД ҶТ дар ФР Абдуғаффор Азизов ва роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Мирзозода Зохир бо роҳбарияти Ситод оид ба тафтишоти ин қазия вохӯрӣ намуданд. Дар ин зимн, иттилоъ дода шуд, ки оид ба қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот ҷараён дорад. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шудаанд.
Зиёда аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд. Бо дастури Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҳисоби кормандони Сафорати ҶТ дар ФР, Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар ФР, намояндагии ВКД ҶТ дар ФР ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР гурӯҳи муштарак барои муайян кардани шумораи дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни захмбардоштагон ва дар ҳолати зарурӣ расонидани кумак ба онҳо таъсис дода шуд. Чи тавре маълум гардид дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 31 се шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ шуданд. Баъд аз гирифтани кумаки тиббии авалия 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҷавоб дода шуд ва севвумин Ғафуров Караматулло ҷароҳатро пушти сар карда, дар шуъбаи реаниматсия қарор дорад. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ менамоянд. Ба беморхонаи клиникии № 71 се шаҳрванд расонида шуд, ки ҳамаи онҳо баъд аз ҷароҳат дар шуъбаи реаниматсия қарор доранд. Айни замон аз ҳисоби умумии захмбардоштагон, ки дар бемористонҳои Москва бистарӣ шудаанд, 9 шаҳрванди Тоҷикистон муайян шудааст. Шахсиятҳои дигар маҷруҳон муайян шуда истодааст.
Инчунин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 14 май ёддошт ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия фиристода аст, ки дар он пешниҳоди маълумот оид ба ин қазия ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати роҳ надодани нақзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст.
Дар рафти суҳбат бо намояндагони расмии Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ доданд, ки тақрибан соати 12 рӯзи 14 май ба ҳудуди гуристон шахсони барои онҳо номаълум ворид гардида, ба онҳо ҳамла карданд. Ин шахсон ҳангоми ҳамла яроқи оташфишонро истифода намуданд.
Чи тавре муҳоҷирони меҳнатӣ хабар доданд, ҳамлагарон аз муҳоҷирони меҳнатӣ “ҳақпулӣ” талаб карданд. Тибқи гуфтаҳои онҳо як рӯз пеш аз фоҷеа шахсони номаълум ба назди онҳо омада, додани қисми музди меҳнати муҳиҷиронро талаб намуданд. Бояд қайд кард, ки дар гуристони Хованское дар мавсими корӣ зиёда аз 250 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гуристон бо корҳои муқаррари санги болои қабр, гурканӣ ва ободонии қабрҳо машғул мебошанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамбастагӣ бо дигар намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Россия бо намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва дигар идораҳои марбутаи Россия барои муайян кардани тамоми ҷузъётҳои ин фоҷеа фаъолона ҳамкорӣ дорад. Инчунин Сафорати Тоҷикистон кушиш ба харҷ медиҳад, то ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар робита ба ин қазия ҳимоя намояд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамдардии худро ба хешовандон ва назидкони шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон дар ин қазия изҳор менамояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон