САВОЛУ ЧАВОБҲО ОИД БА РАЪЙПУРСӢ Избранное

25 Апр 2016
3284 раз

Бо қарори Комиссияи марказии иинтихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 № 16 тасдиқ шудааст.


САВОЛУ ҶАВОБҲО ОИД БА РАЪЙПУРСӢ
(Роҳнамо барои овоздиҳандагон)


Савол: Раъйпурсӣ чист ва бо кадом мақсад гузаронида мешавад?
Ҷавоб: Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд.
Савол: Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси пешниҳодро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд?
Ҷавоб: Ташаббуси пешниҳод оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Савол: Тартиби амалӣ намудани ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ чӣ тавр сурат мегирад?
Ҷавоб: Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ бояд нуқтаҳои зеринро дар бар гирад: асоснок кардани зарурати гузаронидани раъйпурсӣ, возеҳ ифода намудани масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд ва имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тағйиру иловаҳо ба Конститутсия – имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон.
Савол: Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумиҳалқӣ пешниҳод карда мешаванд, бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ менамояд.
Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда мешавад.
Савол: Кадом масъалаҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта намешаванд?
Ҷавоб: Мутобиқи моддаи 100-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд ва воҷиби ба райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштан намебошанд.
Инчунин, масъалаҳои оид ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз, буҷет, тақсимоти маъмурии марзӣ, дидани чораҳои фавқулоддаю фаврии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сиҳатӣ ва амнияти шаҳрвандон, тағйир додани мақом ва тамомияти арзии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъйин ва озод кардани шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, наметавонанд ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шаванд.

Савол: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таклифи гузаронидани раъйпурсӣ чӣ гуна қарор қабул менамояд?
Ҷавоб: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таклифи гузаронидани раъйпурсӣ бо назардошти хулосаю мулоҳизаҳои кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдор, инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин қарорҳоро қабул менамояд:

а) дар бораи таъйини раъйпурсӣ, санаи гузаронидан ва тадбирҳои он;
б) дар хусуси рад намудани таклиф дар бораи таъйини раъйпурсӣ;
в) дар хусуси қабул кардани қонун ё қарори дигар, ки дар таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ пешниҳод шудааст, бе гузаронидани раъйпурсӣ.

Савол: Раъйпурсиро дар кадом муҳлат гузаронидан мумкин нест?
Ҷавоб: Раъйпурсиро пештар аз ду моҳ ва дертар аз чор моҳи баъди рӯзи қабули қарор дар бораи баргузории он гузаронидан мумкин нест.
Савол: Ҳуқуқи таъйин кардани раъйпурсиро кадом мақом дорост?
Ҷавоб: Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъйин мекунад.
Савол: Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ, кафолатҳои он ва тартиби баргузории раъйпурсиро кадом санадҳо танзим менамоянд?
Ҷавоб: Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ, кафолатҳои он ва тартиби баргузории раъйпурсиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла Конвенсия “Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Дастурамали комиссияи участкавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастурамали комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамал оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ”, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ шудаанд, танзим менамоянд.
Савол: Раъйпурсӣ дар асоси кадом принсипҳо сурат мегирад?
Ҷавоб: Раъйпурсӣ дар асоси ҳуқуқи озодона, бевосита иштирок намудан дар раъйпурсӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Иштирок дар раъйпурсӣ озод ва ихтиёрӣ буда, ҳар як шаҳрванд як овоз дорад.
Савол: Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд?
Ҷавоб: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи раъйпурсӣ ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд.
Савол: Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд?
Ҷавоб: Шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ва ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд.
Савол: Ошкорбаёнӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ чӣ тавр таъмин карда мешавад?
Ҷавоб: Омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аз тарафи комиссияҳои раъйпурсӣ ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад.
Комиссияҳои раъйпурсӣ аз кори худ, аз ташкили ҳавзаҳои раъйпурсӣ, участкаҳои раъйпурсӣ, ҳайатҳо, ҷою вақти кори комиссияҳои раъйпурсӣ ба аҳолӣ хабар медиҳанд ва онҳоро бо рӯйхати овоздиҳандагон шинос мекунанд, оид ба натиҷаи раъйпурсӣ маълумот медиҳанд.
Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ, инчунин қарорҳои қабулкардаи комиссияҳои раъйпурсиро инъикос менамоянд.
Савол: Барои ташкил ва гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом комиссияҳои раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Барои ташкил ва гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зерини раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд:
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ;
Комиссияи участкавии раъйпурсӣ.
Савол: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна мақом аст ва чӣ тавр таъсис меёбад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба низоми комиссияи интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, шахси ҳуқуқӣ ва мақоми доимоамалкунанда мебошад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз Раис, муовини раис ва 13 нафар аъзо иборат аст. Раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон интихоб мекунад. Муҳлати ваколати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 5 сол аст ва он ҳангоми интихоби ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қатъ мегардад.
Савол: Ташкили комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ бо кадом тартиб сурат мегирад?
Ҷавоб: Комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ камаш ду моҳ пеш аз раъйпурсӣ, яъне на дертар аз 22 марти соли 2016 дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 6 аъзо ташкил медиҳад, ки ин муҳлати ниҳоии ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад.
Ташкили комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.
Савол: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати ҳавзаҳои раъйпурсиро дар кадом муҳлат чоп мекунад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати ҳавзаҳои раъйпурсиро бо зикри ҳудуд ва қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъйини раъйпурсӣ чоп мекунад.
Савол: Ташкили комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ чӣ тавр сурат мегирад?
Ҷавоб: Комиссияҳои участкавии раъйпурсиро комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ камаш 45 рӯз пеш аз раъйпурсӣ дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, ҷонишини раис, котиби комиссия ташкил мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ҳайати комиссияи участкавии раъйпурсӣ каму зиёд шуда метавонад.
Савол: Кадом мақомот комиссияҳои участкавии раъйпурсиро бо биноҳо барои овоздиҳӣ таъмин менамояд?
Ҷавоб: Биноҳо барои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ихтиёри комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ ройгон дода мешавад.
Савол: Ҳавзаҳои раъйпурсӣ кай ва аз ҷониби кадом мақом ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Ҳавзаҳои раъйпурсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба миқдори 68 ҳавза дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил менамояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавзаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои он ташкил дода мешаванд. Агар ноҳия дар тобеияти маъмурии Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ қарор дошта бошад, ба як ҳавза дохил карда мешавад.
Рӯйхати ҳавзаҳо бо зикри ҳудуду маҳалли воқеияти комиссияҳои ҳавзавӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъйини раъйпурсӣ чоп карда мешавад.
Савол: Участкаҳои раъйпурсӣ кай ва аз ҷониби кадом мақом ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Участкаҳои раъйпурсӣ дар давоми 25 (бисту панҷ) рӯзи баъди таъйини раъйпурсӣ аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.
Дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ воқеанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ участкаҳои раъйпурсиро бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.
Савол: Меъёри овоздиҳандагон дар ташкили участкаҳои раъйпурсӣ чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Участкаҳои раъйпурсӣ дар маҳалҳое, ки на камтар аз 20 (бист) нафар ва на зиёдтар аз 3000 (се ҳазор) нафар овоздиҳанда доранд, ташкил карда мешаванд.
Савол: Масъалаи бо бино таъмин намудани участкаи раъйпурсӣ чӣ тавр ҳал карда мешавад?
Ҷавоб: Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ оид ба ташкили участкаҳои раъйпурсӣ дар муддати се рӯз ҳар як участкаи раъйпурсиро барои гузаронидани раъйпурсӣ ройгон бо бино таъмин менамояд.
Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаю ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои раъйпурсӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.
Савол: Оё дар хориҷи кишвар участкаҳои раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд – намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, вазифаи раиси комиссияи участкавии раъйпурсиро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд.
Савол: Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ кай оғоз ва кадом вақт қатъ мегардад?
Ҷавоб: Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ аз лаҳзаи ташкили онҳо оғоз ёфта, баъди гузаштани як моҳ аз лаҳзаи чопи натиҷаҳои раъйпурсӣ қатъ мегардад.
Савол: Кадом субъектҳои раванди раъйпурсӣ мушоҳидони миллиро таъйин менамоянд?
Ҷавоб: Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд дар бораи мушоҳидони миллии худ на дертар аз панҷ рӯз пеш аз раъйпурсӣ бо таври хаттӣ ба комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ хабар диҳанд, ки онҳо рафти тайёрӣ ва баргузории раъйпурсиро назорат менамоянд.
Савол: Мушоҳидони байналмилалӣ ба раъйпурсӣ бо кадом мақсад даъват ва чӣ тавр аккредитатсия мешаванд?
Ҷавоб: Мушоҳидони байналмилалӣ бо мақсади таъмини шаффофият, мушоҳидаи ошкорои баргузории раъйпурсӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ даъват карда мешаванд.
Фаъолияти нозирони байналмилалӣ тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори байналмилалӣ танзим мегардад.
Мушоҳидони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки давраи гузарондани раъйпурсиро мушоҳида намоянд.
Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи давлат мебошанд.
Савол: Аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ дар кадом ҳолат ва бо кадом тартиб бекор карда мешавад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.
Савол: Маблағгузории раъйпурсӣ аз кадом ҳисоб сурат мегирад?
Ҷавоб: Маблағ барои тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ аз лаҳзаи қабули қарори таъйини он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.
Савол: Оё комиссияҳои раъйпурсӣ дар фаъолияти худ ба ягон мақомоти давлатӣ тобеият доранд?
Ҷавоб: Комиссияҳои раъйпурсӣ дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақомоти давлатӣ вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, ки дар доираи салоҳияташон қабул гардидаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, воситаҳои ахбори омма, овоздиҳандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ ҳатмӣ мебошанд.
Савол: Кадом мақомот салоҳияти бекор кардани қарори комиссияи раъйпурсиро дорад?
Ҷавоб: Қарори комиссияи раъйпурсӣ, ки хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон мебошад ё берун аз доираи салоҳияташ қабул карда шудааст, аз тарафи комиссияи болоии раъйпурсӣ бевосита ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо қарори суд бекор карда мешавад.
Савол: Кадом мақом ва дар кадом ҳолат ҳақ дорад узви комиссияи раъйпурсиро аз ваколатҳояш маҳрум созад?
Ҷавоб: Мақоме, ки комиссияи раъйпурсиро ташкил кардааст, узви комиссияро, ки талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро риоя намекунад ё вазифаҳояшро мунтазам иҷро намекунад, ҳақ дорад аз ваколатҳояш маҳрум созад. Дар сурати зарурат аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонун узви дигари комиссияи раъйпурсӣ таъйин карда мешавад.
Савол: Ҷаласаҳои комиссияи раъйпурсӣ дар кадом ҳолат босалоҳият шуморида мешаванд ва ошкоро гузаронидани онҳо чӣ тавр таъмин мегардад?
Ҷавоб: Ҷаласаҳои комиссияи раъйпурсӣ дар сурате босалоҳият шуморида мешаванд, ки дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошад. Ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои раъйпурсӣ ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд. Қарори комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва аз нисф зиёди аъзои ҳузурдоштаи комиссия қабул мешавад.
Савол: Мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор дар робита бо комиссияҳои раъйпурсӣ чӣ гуна масъулият доранд?
Ҷавоб: Мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, роҳбарони корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияҳои раъйпурсӣ дар иҷрои ваколатҳояшон ёрӣ расонанд, маълумоти барояшон зарурбударо дастраси онҳо кунанд. Комиссияи раъйпурсӣ ҳақ дорад, ки аз рӯи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ ба мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ба мансабдорон муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссияи раъйпурсӣ дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд.
Савол: Кадом мақомот ва шахсон нисбат ба қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ ва дар кадом муҳлат шикоят карда метавонанд?
Ҷавоб: Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон ба комиссияҳои болоии раъйпурсӣ ё ба суд аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ дар давоми даҳ рӯзи пас аз қабули қарорҳо шикоят карда метавонанд.
Савол: Рӯйхати шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, кадом комиссияи раъйпурсӣ ва чӣ тавр тартиб медиҳад?
Ҷавоб: Рӯйхати овоздиҳандагон дар раъйпурсӣ дар ҳар участкаи раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияи участкавии раъйпурсӣ тартиб дода шуда, ба он раис ва котиби комиссияи участкавии раъйпурсӣ имзо ва муҳр мегузоранд. Комиссияи участкавии раъйпурсӣ барои тартиб додани рӯйхат намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб карда метавонад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи овоздиҳандагонро ба ҳисоб гирифта, ба комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ дар бораи овоздиҳандагоне, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунанд, барои тартиб додани рӯйхати овоздиҳандагон маълумоти даркорӣ медиҳад.
Савол: Ба рӯйхати овоздиҳандагон кадом шаҳрвандон дохил карда мешаванд?
Ҷавоб: Ба рӯйхати овоздиҳандагон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи раъйпурсӣ 18-сола шудаанду ҳангоми тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаи дахлдори раъйпурсӣ ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунанд ва ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, дохил карда мешаванд.
Савол: Оё овоздиҳанда ҳуқуқ дорад, ки нисбат ба рӯйхати овоздиҳандагон шикоят кунад?
Ҷавоб: Ба ҳар овоздиҳанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз хусуси ба рӯйхат дохил накардан, нодуруст ба рӯйхат дохил намудан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин аз хусуси саҳву хатои маълумот оид ба овоздиҳанда ба комиссияи раъйпурсӣ шикоят кунад.

Комиссияи раъйпурсӣ аризаро дар бораи саҳву хатои рӯйхат баррасӣ мекунад ва он вазифадор аст, ки аризаро дар давоми ду рӯз, дар арафа ва рӯзи раъйпурсӣ фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ дохил кунад ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро аз хусуси рад карда шудани аризааш супорад.
Савол: Агар овоздиҳанда дар давраи барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати овоздиҳандагон ва то рӯзи раъйпурсӣ имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад, ҳуқуқи овоздиҳии ӯ чӣ тавр кафолат дода мешавад?
Ҷавоб: Агар овоздиҳанда дар давраи барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати овоздиҳандагон ва то рӯзи раъйпурсӣ имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад (дар сафари хизматӣ, ба табобатгоҳ рафтан ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти вайро тасдиқ мекунад (шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯ), аз комиссияи участкавии раъйпурсӣ бюллетени овоздиҳиро талаб намояд, оид ба масъалаҳои ба бюллетен дохилшуда тасмим гирифта, лифофаи сарбастаро ба комиссияи овоздиҳӣ супорад. Лифофаи сарбаста дар ҳузури овоздиҳанда муҳр карда мешавад. Комиссияи участкавии раъйпурсӣ барои сариштаи лифофа масъул аст.
Савол: Ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон ташвиқот бурдан дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ чӣ тавр кафолат дода мешавад?
Ҷавоб: Ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ бе мамониат ташвиқот бурдан мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кафолат дода мешавад. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар раъйпурсӣ озодона ва ҳаматарафа ба тарафдорӣ ё муқобили масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташаванда ташвиқот баранд. Комиссияи раъйпурсӣ якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани ин вохӯриҳо мусоидат мекунанд, биноҳо ҷудо менамоянд, аз вақту маҳалли вохӯриҳо пешакӣ огоҳ мекунад ва дигар чорабиниҳои заруриро амалӣ мегардонанд. Инчунин ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои иштирок дар ҳамаи маҷлису ҷамъомадҳои марбут ба раъйпурсӣ ва дастрас намудани ахбори дахлдор кафолат медиҳад.
Савол: Ташвиқот дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ бо кадом роҳу усулҳо сурат мегирад?
Ҷавоб: Ташвиқот дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

– аз тариқи воситаҳои ахбори омма;
– гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо овоздиҳандагон);
– ташкили баҳсу мунозираҳо;
– интишори маводи чопии ташвиқотӣ;
– бо дигар шаклҳое, ки қонун муқаррар намудааст.

Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон метавонанд шаклҳо ва хусусияти ташвиқоти худро аз тариқи воситаҳои ахбори омма мустақилона муайян намоянд.
Савол: Кадом шахсон ва ташкилотҳо дар ташвиқоти пешазраъйпурсӣ иштирок карда наметавонанд?
Ҷавоб: Дар ташвиқоти пешазраъйпурсӣ аъзои комиссияҳои раъйпурсӣ, ташкилотҳои динӣ, судяҳо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда наметавонанд. Дар ташвиқоти пешазраъйпурсӣ иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ, ташкилот ва шаҳрвандони онҳо, шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, созмонҳо ва ҳаракатҳои байналмилалӣ мумкин нест.
Савол: Ташвиқоти пешазраъйпурсӣ аз кадом вақт оғоз ва кай қатъ мегардад?
Ҷавоб: Ташвиқоти пешазраъйпурсӣ аз рӯзи таъйини раъйпурсӣ оғоз ва як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад. Дар рӯзи овоздиҳӣ тарғибот манъ аст.
Савол: Бюллетенҳои овоздиҳиро кадом мақом чоп мекунад?
Ҷавоб: Бюллетенҳои овоздиҳиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ чоп мекунад ва онҳо бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд.
Савол: Муҳофизати биноҳое, ки дар онҳо бюллетенҳо нигоҳ дошта мешаванд, чӣ тавр таъмин мегардад?
Ҷавоб: Ба дари биноҳое, ки дар онҳо бюллетенҳо нигоҳ дошта мешаванд, муҳр зада, муҳофизаташон ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад.
Савол: Овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ соати чанд оғоз мешавад ва кай анҷом меёбад?
Ҷавоб: Овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ аз соати 6.00. оғоз гардида, соати 20.00. бо вақти маҳаллӣ анҷом меёбад.
Савол: Дар бораи вақту ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии раъйпурсӣ ба овоздиҳандагон кай хабар медиҳад?
Ҷавоб: Комиссияи участкавии раъйпурсӣ вақту ҷои овоздиҳиро ба овоздиҳандагон камаш даҳ рӯз пеш аз раъйпурсӣ хабар медиҳад.
Савол: Оё ба ҷои дигар шахс овоз додан мумкин аст?
Ҷавоб: Не, ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин нест. Ҳар як овоздиҳанда худаш бояд овоз диҳад.
Савол: Бюллетенҳои овоздиҳиро комиссияи участкавии раъйпурсӣ ба овоздиҳанда дар асоси чӣ ва бо пешниҳоди кадом ҳуҷҷат медиҳад?
Ҷавоб: Бюллетенҳои овоздиҳиро комиссияи участкавии раъйпурсӣ дар асоси рӯйхати овоздиҳандагони участкаи раъйпурсӣ бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти овоздиҳанда (шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯ) медиҳад. Ҳар овоздиҳанда бюллетени овоздиҳиро гирифта, дар рӯйхати овоздиҳандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.
Савол: Ҳангоми пур кардани бюллетен дар ҳуҷраи овоздиҳии пинҳонӣ ғайр аз овоздиҳанда шахсони дигар низ ҳузур дошта метавонанд?
Ҷавоб: Ҳангоми пур кардани бюллетени овоздиҳӣ ба ҳуҷраи овоздиҳӣ ғайр аз овоздиҳанда каси дигар ҳуқуқ надорад ворид шавад. Овоздиҳандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба хуҷраи овоздиҳӣ бо хоҳиши худ шахси холисро ғайр аз аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ, мушоҳидон, намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват кунад.
Савол: Тартиби пур кардани бюллетен чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Овоздиҳанда дар рӯзи овоздиҳӣ яке аз ҷавобҳои дар бюллетен навишташуда – «ҳа» ё «не»-ро хат мезанад.
Яъне агар овоздиҳанда тарафдори ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, калимаи «не»-ро хат мезанад. Агар овоздиҳанда муқобили ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, калимаи «ҳа»-ро хат мезанад.
Савол: Овоздиҳии овоздиҳандагонеро, ки бо сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада наметавонанд, комиссияи участкавии раъйпурсӣ чӣ тавр ташкил менамояд?
Ҷавоб: Агар баъзе овоздиҳандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, раиси комиссияи участкавии раъйпурсӣ мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти овоздиҳандагони мазкур овоздиҳӣ ташкил намоянд. Дар ин хусус дар рӯйхати овоздиҳандагон қайд карда мешавад.
Савол: Овоздиҳандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати овоздиҳандагон дохил карда нашудаанд, чӣ тавр овоз медиҳанд?
Ҷавоб: Овоздиҳандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати овоздиҳандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси шиноснома ва маҳалли зисти онҳо ба замимаи рӯйхати овоздиҳандагон дохил карда мешаванд ва овоз медиҳанд.
Савол: Ҳисобкунии овозҳои овоздиҳандагон кай шурӯъ мегардад?
Ҷавоб: Ҳисобкунии овозҳои овоздиҳандагон фавран баъд аз анҷоми овоздиҳӣ шурӯъ шуда, бе танаффус то муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ идома меёбад. Баъди гузаштани вақти овоздиҳӣ пеш аз кушодани қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ дар ҳузури мушоҳидон бюллетенҳои истифоданашударо аз ҳисоб мебароранд.
Савол: Бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарӣ чӣ гунаанд ва оё онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд?
Ҷавоб: Бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарӣ бюллетенҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мазмун ё шакли онҳо ба матн ва шакли бюллетенҳои мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқгардида мувофиқат намекунанд. Бюллетенҳои овоздиҳии ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Савол: Чӣ гуна бюллетенҳо беэътибор ҳисобида мешаванд?
Ҷавоб: Бюллетенҳои беэътибор бюллетенҳое ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо ҳеҷ кадом аз вариантҳои ҷавоб хат зада нашудааст, ё ҳарду вариант хат зада шудааст, инчунин бюллетенҳои намунаашон тасдиқнашуда ва бюллетенҳое, ки аз рӯи онҳо изҳори иродаи овоздиҳандагонро муайян кардан ғайриимкон бошад. Дар мавриди пайдо шудани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будан ё набудани бюллетен комиссияи участкавӣ қарор қабул намуда, шумораи чунин бюллетенҳоро дар протокол қайд мекунад.
Савол: Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷaи овоздиҳӣ дар чанд нусха тартиб дода мешавад ва ба он киҳо имзо мегузоранд?
Ҷавоб: Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷaи овоздиҳӣ дар ду нусха бо ручкаи рангдор ё рангнависҳои шарикдор тартиб дода шуда, ба он раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои ҳозирбудаи комиссияи участкавии раъйпурсӣ бо зикри санаву вақт имзо ва муҳр мегузоранд.
Савол: Нусхаи протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ бо кадом ҳуҷҷатҳо ва дар кадом муддат ба комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ фиристода мешавад?
Ҷавоб: Нусхаи протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ баъди имзо ва муҳр гузоштан якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, аз ҷумла бюллетенҳои овоздиҳӣ, арзу шикоятҳо, қарорҳои доир ба онҳо қабулшуда ва санадҳое, ки аз тарафи комиссияи участкавии раъйпурсӣ тартиб дода шудаанд, фавран ба комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ фиристода мешавад.
Савол: Дар кадом ҳолат раъйпурсии такрорӣ гузаронида мешавад?
Ҷавоб: Дар сурати дар ягон ҳавза ё участка беэътибор дониста шудани натиҷаи овоздиҳӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад ба комиссияи дахлдор супориш диҳад, ки дар давоми ду ҳафта дар ҳамин ҳавза ё участка овоздиҳии такрорӣ гузаронад.
Инчунин, дар ҳолати аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шудани натиҷаи раъйпурсӣ дар муҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такроран раъйпурсӣ гузаронида мешавад.
Савол: Натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ кай эълон ва интишор мегардад?
Ҷавоб: Натиҷаи пешакии раъйпурсӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани раъйпурсӣ эълон карда мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ахборотро дар бораи натиҷаи ниҳоии раъйпурсӣ дар саросари ҷумҳурӣ дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баъди ба охир расидани овоздиҳӣ интишор мекунад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон