Сафири Тоҷикистон иштирокдорони анҷумани соҳибкоронро шодбош намуд Избранное

16 Фев 2016
2304 раз

16 феврали соли 2016, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар маросими кушодашавии анҷумани соҳибкории “Ҳамкории истеҳсолкунадагони Тоҷикистону Қирғизистон ва ширкатҳои Россия дар соҳаи саноати сабук” иштирок намуда, иштирокдорони ин анҷуманро шодбош намуд.
Анҷумани мазкур дар ҳошияи баргузории 46-ум Ярмаркаи федералии “текстилегпром”, ки ин рӯзҳои дар толорҳои ВДНХ-и ш.Москва ҷараён дорад, сурат мегардад.
Имомуддин Сатторов дар суханронии шодбошии худ ташкилкунандагони ин чорабиниро миннатдорӣ карда, иштирокдорони анҷуманро барои истифодаи фаъоли ин имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд байни доираҳои соҳибкорони кишварҳо дар паҳнои ИДМ даъват намуд. Сафир қайд намуд, ки барои роҳандозии ин ҳамкориҳо заминаҳои мусоид мавҷуданд.
Инчунин Сафири Тоҷикистон ба иштирокдорони анҷуман дар бораи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароитҳои мусоиди сармоягузорӣ иттилоъ дода, сармоягузорони эҳтимолиро барои иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват кард.
Сипас, Имомуддин Сатторов аз толорҳои намоишии истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати сабуки Тоҷикистонро дидан кард.
Бояд тазаккур дод, ки бори аввал 8 корхонаи саноати сабуки Тоҷикистон дар чунин намоишгоҳи бонуфузи саноати сабук иштирок мекунанд, ки дар рафти он ба корхонаҳои мо имконияти на танҳо муаррифии маҳсулоти худро, балки гузаронидани гуфтушунидҳои кориро бо истеҳсолкунандагон аз дигар кишварҳо муаяссар гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон