Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия Избранное

06 Сен 2022
123 раз

3 сентябри соли 2022 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор шуд. Дар он нишаст роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби ҳамватанони муқим, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия иштирок карданд.
Дар суханронии Сафири Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳли нишаст дар бораи ҷанбаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии давлат бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар зимн, роҷеъ ба аҳаммияти сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон дар таърихи навини точикон сухан рафт. Қайд гардид, ки маҳз ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз кишвари моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Иҷлосияи мазкур барои рушду таҳкими давлатдории навин ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, татбиқи ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузошт. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият маҳз бо ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.
Илова бар ин, дар рафти ҷаласа масъалаҳои таъсиси котибот ва гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятии тоҷикон дар Россия матраҳ гардид.
Ҳамчунин ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда ва таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуд.
Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳамкории фаъолона ба роҳ монанд.


Дар фарҷоми ҷаласа Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи Шӯро ба истиқболи ин санаи муҳим, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов Б. Қ., намояндаи Палатаи савдову саноати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ахмедов Б.Б., табиби тоҷики муқими Федератсияи Россия бо ордени “Дустӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон