Вобаста ба ҳалокати се нафар ҷавони тоҷик дар вилояти Самара Избранное

29 Авг 2022
117 раз

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ба фавти се нафар ҷавони тоҷик, ки субҳи 29 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сизрани вилояти Самараи Федератсияи Россия бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, дар ҷараён буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд.

Қобили қайд аст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш ду нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ва осебдидагон изҳори омодагӣ кард.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон