Сафорати Тоҷикистон дар Россия вобаста ба марги се нафар ҷавони тоҷик, ки 28 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бар асари бархӯрдани мошини сабукрав ба мошини боркаш ба ҳалокат расиданд, хабардор буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд.
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қарор дорад.