Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия бо ректорони донишгоҳҳои шаҳри Екатеринбург Избранное

27 Авг 2022
79 раз

26 августи соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни сафари кориаш ба шаҳри Екатеринбург бо Ректори “Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал” Яков Силин мулоқот кард.
Мусоҳибон зимни табодули афкор дар мавриди омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод дар бахши саноат, ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф миёни мактабҳои олии Тоҷикистон ва “Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Урал” таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Худи ҳамон рӯз ҳамчунин Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Ректори “Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти нахустини Россия Б.Н. Ельцин” Виктор Кокшаров мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо, ҳамчунин роҳандозии ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон