21 феврали соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯнамоии китоби муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти этнология ва антропологияи Академияи илмҳои Россия «Тоҷикон» дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону коршиносони Тоҷикистону Россия, аз ҷумла ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ А.Муҳаммад, академик-котиби шӯъбаи илмҳои таъриху филологияи Академияи илмҳои Россия академик В. Тишков, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Точикистон доктори илмҳои таърих, профессор Н.Убайдулло, директори Институти этнология ва антропологияи Академияи илмҳои Россия доктори илмҳои таърих, профессор Д.А.Функ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҳабиб Исмоилиён оғоз гардид. Ҳ.Исмоилиён дар суханронии худ аҳаммияти баргузории таҳқиқоти этнологӣ ва омӯзиши амиқи урфу одат ва анъанаҳои таърихии халқҳоро таъкид намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки бе донистани таърихи ҳаёти халқҳои кишварҳоямон, равандҳои муосири фаъолияти хоҷагӣ, маданияти моддию маънавӣ, ҳаёти иҷтимоиро тавсиф кардан ғайриимкон аст.
Дар ин замина Ҳ.Исмоилиён қайд намуд, ки монографияи дастаҷамъии «Тоҷикон» заҳмати бузургест, ки дар он маҷмӯи маводҳои таърихию этнографӣ ва демографӣ оид ба ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик матраҳ гардидаанд.
Дар рафти табодули афкор, иштирокдорони чорабинӣ аҳаммияти идомаи таҳкими ҳамкориҳо миёни намояндагони ҷомеаи илмии ду кишварро таъкид карданд.
Бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои имрӯза, пешниҳод гардид, ки муносибатҳои минтақавӣ миёни муассисаҳои илмӣ боз ҳам тавсеа дода шаванд, зеро ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашудае ҳастанд, ки татбиқи онҳо метавонад дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва табодули маълумот ба манфиати ҷонибҳо хидмат намояд.