Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Избранное

22 Нояб 2021
89 раз

22 ноябри 2021 дар Душанбе 17-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷонибҳо идомаи ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро бо дарназардошти паёмадҳои COVID-19 ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, миҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ батафсил матраҳ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Талошҳои судманди муштараки тарафҳо дар ин арса, бахусус дар амри ҳифзи сарҳади кишварҳои минтақа бо Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Гуфтугӯи созанда инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон