18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Москва музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Россия роҷеъ ба масоили обу энергетика бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири энергетикаи Федератсияи Россия Николай Шулгинов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи тавлидоти нерӯи барқ баррасӣ карданд, аз ҷумла роҷеъ ба фаъолияти НБО Сангтуда-1 табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Россия масъалаҳои таъмини шароити мусоид барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ва интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ аз Федератсияи Россия ба қаламраи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои доду гирифти маводи сӯзишворӣ ва энергетика изҳор карданд.