Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Избранное

16 Нояб 2021
233 раз

16 ноябри соли 2021 дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия чорабинии сиёсӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикӣ нақши таърихию тақдирсоз ва саҳми муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ таъкид кард.
Дар зимн роҷеъ ба сиёсати хирадмандона ва ҳусни ҳамҷаворӣ, инчунин муваффақиятҳои Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ва башардӯстона дар арсаи байналмилалӣ, ки аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат маҳсуб меёбанд, сӯҳбат ороста шуд.

Другие материалы в этой категории: « Ҳамватанони муҳтарам! Ҳамватанони муҳтарам! »

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон