Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон Избранное

23 Июн 2021
207 раз

22 июни соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар чорабинӣ перомуни иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Россия, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, ширкатҳои фаъоли сайёҳии Россия ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, аз ҷумла изҳор дошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат сайёҳӣ ҳамчун як соҳаи муҳими иқтисод тадриҷан рушд карда истодааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳим ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, дар арсаи байналмилалӣ обрӯи хос пайдо кардааст.
“Бахри таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ, Ҳукумати кишвар дар марҳилаи аввал як қатор имтиёзҳоро муқаррар намуд, заминаи иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард, инчунин инфрасохтори зарурии сайёҳӣ барои рушди минтақаҳои сайёҳӣ омода намуд”, -таъкид кард Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба иштирокчиён презентатсияҳо оид ба рушди навъҳои гуногуни сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ пешкаш гардиданд.
Тавассути чорабинии баргузоршуда меҳмонон имкони хуби шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла мавзеъҳои муосири сайёҳӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассалро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ, ба меҳмонон оид ба иқтидори сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Дар идомаи чорабинӣ, бо мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот, миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар хотима қайд гардид, ки пешрафт кардани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон дар радифи тамошобоб гардонидани мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, арзишҳои миллӣ ва расму оинҳои мардумӣ инчунин шароити хубу мусоидро барои ташрифоварандагон таъмин месозад, ки ин обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон