Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки
11 октябри соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва,
воқеъ дар кӯчаи Гранатний 13, интихоботи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин робита, шумо ва аъзоёни оилаатонро, ки ба синни 18 расидаанд, барои иштирок дар интихоботи
Президенти Тоҷикистон даъват менамоем.
Лутфан, бо худ гирифтани шиносномаро фаромӯш насозед.
Иштироки Шумо дар интихобот – иштирок дар ҳаёти сиёсии Ватани азизамон ва саҳми Шумо дар таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад!
Бо эҳтиром,
Сафорати Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия
Суроға:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия, шаҳри Москва,
Гранатний 13 (метро Баррикадная),
тел: +7 (495) 690-41-86