Ҳамватанони муҳтарам Избранное

02 Июл 2020
526 раз

Чуноне, ки огоҳ ҳастед, дар партави иҷрои дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан, аз 25 июни соли ҷорӣ марҳилаи навбатии таҳвили шаҳрвандон ба Тоҷикистон тавассути рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳои ватанӣ шурӯъ гардид.

Дар ин робита бо супориши Вазорати корҳои хориҷӣ, дар Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия аз 19 июни соли 2020 баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашти минбаъда оғоз шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат теъдоди муроҷиаткунандагони номнависшуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург ҳазорҳо нафарро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб пеш аз ҳама беморону маъюбон, занон бо кӯдакон, пиронсолон ва донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар қаламрави Россия дармондаанд, пас аз санҷиши Комиссияи махсус барои бозгашт ба Тоҷикистон ба руйхат гирифта мешаванд.

Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Россия ба шахсоне, ки тибқи руйхат ба Тоҷикистон бармегарданд, ҷиҳати харидории билетҳо аз кассаҳои намояндагии ширкатҳои «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр», телефонӣ хабар медиҳанд.
Зимнан, бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Росссия муваққатан қатъ карда мешавад.

Ҳамзамон, қабули аризаҳо барои бозгашт ба Ватан тавассути адреси электронии
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бо назардошти эҳтимоли ташкили парвозҳои чартерии минбаъда

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон