28 сентябри соли равон, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, вохӯрии мушовири Сафорат Суҳроб Раҷабов бо ҳамтои финии ӯ аз Сафорати Ҷумҳурии Финляндия дар Россия Хели Ниеми доир гардид.
Бо дарназардошти он ки қароргоҳи Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юрёла ҳоли ҳозир дар шаҳри Хелсинки воқеъ аст, бахши кори Сафорати Финляндия дар ш. Москва бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба души Хели Ниеми вогузор гардидааст.
Дар мулоқот, зимни баррасии паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба, аз тамосу гуфтушунидҳои самарабахши роҳбарияти ду кишвар, машваратҳои дуҷонибаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сафари ахири хонум Туула Юрёла - Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш. Хелсинкӣ) ба Душанбе дар рӯзҳои 28 май – 1 июни соли равон ва мулоқоти ахири ӯ бо Абдулмаҷид Достиев - Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки чанде қабл аз он ба вуқӯъ пайваста буд, ёдоварӣ шуд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо перомуни авзои кунунии ҷаҳону минтақа, ба вежа, вазъи Афғонистон табодули назар карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |