ТАЪЗИЯНОМА
03 Сентября 2012

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо андӯҳи зиёд хабар медиҳад, ки субҳи имрӯз, 3 сентябри соли 2012, Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зокир Вазиров, дар шаҳри Боку, бар асари беморӣ, аз олам даргузашт.

Зокир Вазиров 5 майи соли 1948 дар ноҳияи Тавилдараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, пас аз хатми факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (бо дипломи сурх), дар давоми солҳои 1970 - 1987 ба сифати омӯзгори мактаби миёнаи ш. Қурғонтеппа, корманд ва аспиранти бахши фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе фаъолият дошт ва аз соли 1987 то 1990 докторанти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва  буд.

Солҳои 1991-1993 фаъолияти ӯ ба ҳайси Сардори Раёсати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993 ба симмати Раиси Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон идома ёфтааст.

Ӯ тайи солҳои 1998 – 2005 вазифаи Муовини нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2005 то 2007 вазифаи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Шодравон 27 феврали соли 2008 Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъйин гардида, то вопасин дами ҳаёташ дар таҳкиму густариши равобити дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон саҳмгузор буд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Зокир Вазиров коршиноси маъруф дар бахши фалсафаи иҷтимоии ислом ва иқтисод шинохта шуда, аз худ беш аз 200 кори илмиро ба ёдгор гузоштааст…

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бино ба даргузашти олими шинохта ва инсони комилу накӯном Зокир Вазиров ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва ҳамкорону шогирдони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳон аст.

 

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх