Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 21 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
08 Сентября 2012

 

Ҳамватанони азиз!

Бисту як сол муқаддам дар диёри бостонии мо рӯйдоди таърихие ба вуқӯъ омад, ки он дар тақдири мардуми сарзамини куҳанбунёди мо таҳаввулоти куллӣ ва бунёдӣ ба вуҷуд овард.

Яъне нӯҳуми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати ҷавон – Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр арзи вуҷуд кард ва ин рӯйдоди таърихӣ башорати оғози марҳалаи наву тоза дар ҳаёти миллати тоҷик гардид.

Ва имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили ин ҷашни муқаддасу мӯътабар ва ҳамзамон бо ин, падидаи нодири таърихи давлатдории навинамон - бистуяксолагии эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем.

Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона ва сидқан табрик мегӯям.

Истиқлолият арзишмандтарин дастоварди мардуми фарҳангиву сулҳхоҳи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ҳамаи мо шоҳидем, ки аз баракати ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо дар масири ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯи марҳалаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақили худ ва торафт беҳтар намудани зиндагии сокинони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.

Ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.

Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали истиқлолият ва ҳодисаву рӯйдодҳои фоҷиабори он давра мо тавонистем бо такя ба таъриху суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу анъанаҳои пурғановати миллиамон асосҳои давлати муосирро фароҳам созем.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф кардааст, ба мақоми он арҷ мегузорад ва ташаббусҳои созандаашро ба хотири ҳаллу фасли масоилу мушкилоти гуногуни сайёра дастгирӣ менамояд.

Вақте мо доир ба нақши сарнавиштсози истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат сухан мегӯем, бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъмати ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем.

Аз ин лиҳоз, баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат ва ободии имрӯзу фардои кишвар сафарбар намоем.

Ҳамзамон бо ин, нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тундравӣ ва таассубу тахрибкорӣ ба тафаккури мардуми мо ва бахусус наврасону ҷавонон нуфуз пайдо кунанд.

Зеро сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи мӯҳташами истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.

Бақои миллат ва иқтидори давлат аз пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ вобаста аст ва дарки ҳамин арзиши ҳаётӣ миллати бостонии моро дар раванди рӯйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт.

Соли равон мо бистумин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар радифи ҷашни истиқлолияти давлатиамон барои мо мақому манзалати шоиста дорад, таҷлил менамоем.

Маҳз қарорҳои тақдирсози иҷлосияи мазкур барои миллати азияткашидаи мо фазои расидан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу суботро фароҳам оварданд.

Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандони мамлакат вазифаҳои асосии ин давраи рушд мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Зеро ҷиҳати соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ ба ҳар яки мо зарур аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, ҳамаи имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли созандаву бофарҳанг ва ватандӯсту ободгар, яъне соҳибони ояндаи марзу буми аҷдодӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос равона созем. Имрӯз ба таърихи бистуяксолаи давлати навини хеш назар андохта, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав - давлати орзу ва ормонҳои миллӣ ва ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хеле дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни дунё торафт вусъат пайдо карда истодаанд. Вале бояд гуфт, ки кишвари мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои олами муосир берун буда наметавонад.

Дар чунин шароит амиқ дарк кардани ҳадафҳои пешрафти кишварамон, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамон дар арсаи байналмилалӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо мебошад.

Дар баробари ин, мо ҳамеша хоҳони онем, ки кишвари мо ва минтақае, ки мо дар он зиндагӣ дорем, ободу пешрафта бошад, сатҳи зиндагии мардумонаш торафт беҳтар гардад, инчунин сарватҳои табиии минтақа ба манфиат ва пешрафти ҳамаи сокинони он самарабахшу оқилона истифода шаванд.

Зеро асоси густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо ва тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи манфиатҳои муштарак ба вуҷуд оварда мешавад.

Дар баробари ин, авзои зудтағйирёбандаву бесуботи ҷаҳони муосир, бӯҳронҳои фарогири молиявию иқтисодӣ ва дигар проблемаҳои глобалӣ, аз ҷумла гармшавии иқлими сайёра ва мушкилоту проблемаҳои бо он вобаста моро водор месозанд, ки ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон оқилонаву самаранок истифода намоем, сарфаю сариштакор бошем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани илму дониш, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кунем.

Итминони комил дорам, ки ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасад, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳари бебаҳо ва неъмати азизу муқаддас эҳтиёт мекунад.

Дар шароити имрӯза ба ҳар шахси соҳибватан зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, ба доми фиреби бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гирифтор нагардад ва ҳамеша барои ҳифзу пойдории манфиатҳои олии миллат ва давлат ҳушёру омода бошад.

Бовар дорам, ки ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ҳисси муҳаббат ва садоқати мардуми меҳанпарвару заҳматқарини тоҷик ба Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон рӯз ба рӯз бештару самимитар мегардад ва мардуми бонангу номуси мамлакат барои пешрафти Ватани азизу маҳбубамон ва сарзамини муқаддаси аҷдодиамон минбаъд низ азму талоши худро дареғ намедоранд.

Бигзор, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии шоистаи мардуми мо бошанд!

Бигзор, нури истиқлол барои мо – тоҷикон чароғи раҳнамо ба сӯи фатҳу нусратҳои оянда гардад!

Бори дигар кулли шаҳрвандони азизи кишвар ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуякумин солгарди бузургтарин ҷашни миллӣ - истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, рӯзгори осуда, хушбахтиву иқбол ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх